​​Ҷамшед ҶӮРАЗОДА: ПАРЧАМ – РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, баёнгари ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, мояи умед ба ояндаи нек мебошад. Парчам дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ ба ҳисоб рафта, мазмуну муҳтавояш низ ифодакунандаи хусусиятҳои хоси миллист. Он ифодагари устувории давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон таърихан ҳамқадами даврони соҳибистиқлолист ва тамоми дастоварду комёбиҳо, воқеаҳои хотирмони таърихии ин марҳила зери ҳамин ливои бахту саодат иттифоқ афтодааст.

Таърихи рӯи кор омадани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Дар иҷлосияи тақдирсоз, ки сабаби баҳамоии миллат, бартараф гардидани ҷанги хонумонсӯз ва даст ёфтан ба сулҳу суботи сартосарӣ гардид, инчунин, дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи тоза боз шуд. 24-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин иҷлосия «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Љумҳурии Тољикистон» қарор қабул шуд ва яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол тасдиқ гардид.

Шоёни зикр аст, ки дар саргаҳи бунёди арконҳои давлатдорӣ, аз ҷумла, рамзу муқаддасоти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин рамзҳо бо ғояҳои созандаи миллӣ ба ҳам омадаанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ бо ибтикору талошҳои Сарвари давлат дар мушкилтарин марҳилаҳои давлатдории тоҷикон рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, масъалаи қабули Парчами давлатӣ, ки ҳамеша дар ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ ба баҳсу мунозираҳо рӯ ба рӯ мешуд, ба дарозо мекашид, бо саъю талоши Эмомалӣ Раҳмон мақбули халқ гардид. Ва минбаъд тамоми муваффақияту комёбиҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ зери ҳамин муқаддасот ба вуқӯъ пайвастанд.

Яке аз нақшҳои муҳимму барҷастаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи нангу номус, худогоҳиву ватандӯстист, баҳамории мардум аст. Он ҳамчун нерӯи муттаҳидсоз рисолати волоеро ба сомон расонидааст. Агар ба таърихи беш аз 30-солаи даврони соҳибистиқлолӣ назар афканем, мардум зери ҳамин ливо ба ҳам омада, ба ваҳдату оромӣ, ки асоси тамоми пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист, даст ёфтанд. Ва имрӯз низ ин муқаддасоти миллӣ илҳомбахши халқи меҳанпарасту меҳнатшиор дар ҷодаи созандагӣ буда, дар фазои суботу оромӣ, рушду тараққиёти кишвар партавафшонӣ мекунад.

Арзиши волои парчам дар қонуни асосии кишвар – Конститутияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, мувофиқи моддаи сеюми он Парчами давлатӣ дар радифи Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҳифзу гиромидошти Парчам баробар ба ҳифзи номусу Ватан мебошад.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аљдодон мерос монда, пайдоиши он таърихи хеле қадима дорад. Агар ба рамзҳо ба назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд. Миёни рамзҳо парчам ба рамзи пирўзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта, то имрӯз ҳамин хусусиятро дар худ ҳифз кардааст.

Таърихи парчамдории тоҷикон ба давраи бостон рафта мерасад. Ливо ҳамчун рамзи миллӣ, қудрату давлатдорӣ маҳз аз мардуми Ориён ба вуҷуд омадааст, ки ин боиси ифтихору сарфарозии мост. Қадимтарин ливо, ки бостоншиносон пайдо карданд, ба ҳазораи сеюми пеш аз миллод тааллуқ дорад ва аз қудрату тавоноӣ ва давлатдории ниёгони сарбаланди мо дарак медиҳад. Ин ливои филизӣ акси шер ва тулӯи офтобро дошта, фалсафаи боеро дар худ ғунҷонидааст, яъне, дар рӯзгори гузаштагони мо низ парчамдорӣ бозгӯи шуҷоату мардонагӣ ва рамзи шукуфоӣ, дурахши бахту иқболи баланд будааст.

Ливои аҷдодии “Дирафши Ковиён” ё “Ахтари Ковиён” аз даврони асотир нуфузи оламшумул дошт. Чунончӣ, дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ривоят мешавад, ин ливоро Коваи оҳангар дар замони ҳукумати Фаридун асос гузоштааст. Ва ҳамин тариқ “Дирафши Ковиён” тӯли бештар аз ҳазор сол (то истилои араб) дирафши давлатдории гузаштагони мо боқӣ монд.

Мардум аз қадим ба дирафши давлатдорӣ эҳтиром ва садоқати беандоза доштанд ва ҳатто муваффақияту комгориҳои давлату давлатдориро туфайли баракати он мешумориданд. Ҳамин маънӣ дар “Таърихи табарӣ”-и Муҳаммад ибни Ҷарир ал-Табарӣ муфассал зикр ёфтааст: “...онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кўшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Ковиён» меномиданд”.

Дар даврони ҳукумати шӯравӣ Тоҷикистони советӣ бо намову намудҳои гуногун соҳиби парчами худ буд. Чунончӣ, соли 1920 бо баробари таъсиси Љумҳурии Халқии Шўравии Бухоро, соли 1924 бо гузаронидани тақсимоти миллӣ – ҳудудии Осиёи Миёна ва ташкилёбии Љумҳурии Мухтори Шўравии Тољикистон дар ҳайати Љумҳурии Шўравии Ўзбекистон, соли 1929 бо таъсис ёфтани ЉШС Тољикистон ва маротибаи дуюм 24 феврали соли 1931, 28 сентябри соли 1940 бинобар аз алифбои лотинӣ ба алифбои русӣ гузаштан ва бори охир 20 марти соли 1953 парчами Тоҷикистони советӣ бо ворид шудани дигаргуниҳо қабул карда шудааст.

Аммо, хусусиятҳои миллии парчамдорӣ ва намои ливои ниёкон дар парчамдории даврони истиқлол таҷассуми комил ёфтааст. Намои Парчами давлатӣ ливои давлатдории Ҳахоманишиҳоро мемонад, ки ороишаш азшилшилаҳои сурху сафеду сабз иборат буд. Ҳамин мазмуну моҳият дар Парчами давлатии Тоҷикистон ифода ёфтааст ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба ин мазмун таъкид карданд, Парчами миллӣ, имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши cе ранг — ранги сурх – озодии истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Куҳантарин ливои аҷдодӣ – “Дирафши Ковиён” бошад дар ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2006 рӯи кор омад, мунъакис шудааст.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рўзи муборак ҳамасола бо шукўҳу тантана таљлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандўсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар љаҳон аст, бо маљмўи биноҳои маъмурию фарҳангӣ шаҳри Душанберо ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд. Имрӯз он ҳамчун рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ҳамдилии мардуми миллат дар дили кишвари офтобиамон партавафшонӣ мекунад.

Бояд зикр намуд, ки Рамзҳои давлатӣ – шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути он давлатро тамоми љаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иљтимоиву сиёсиро бар дўш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан љой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ў эҳсоси худшиносию арљгузорӣ ба арзишҳои олии ватандориро мебахшад. Гузашта аз ин, он дар тарбияи насли наврас аҳамияти бузург дорад ва як омили муҳимми ифтихору сарбаланди аз давлату давлатдорӣ мебошад.

Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,

ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ