​Ҳамоиш: “Амнияти ҷомеа: Мақоми зиёиён ва ҷавонон дар муқовимат бо ифротгароӣ”

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Амнияти ҷомеа: Мақоми зиёиён ва ҷавонон дар муқовимат бо ифротгароӣ” ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид. Мақсад аз ташкили ин ҳамоиш бо ҷалби васеи олимону донишмандон, ҷомеашиносон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баррасии вазъи сиёсии ҷомеа, роҳу усулҳои муқовимат бо ифротгароӣ, вусъати корҳои идеологӣ, ташаккули мафкураи солим ва пешгирии падидаҳои манфӣ ба шумор меравад.

Дар кори ҳамоиш Султонзода Тоҷибой – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону зиёиён ва устодону донишҷӯён иштирок карданд.

Аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Султонзода Тоҷибой дар мавзӯи “Нақши корҳои идеологӣ - мафкуравӣ дар ташаккули афкори солим” маърӯза ироа шуд.

Номбурда дар бораи роҳҳои ташаккули афкори солим ибрози назар намуда, нақши корҳои идеологиро дар ин замина шарҳ дод.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло перомуни “Таҳкими андешаи миллӣ ва рисолати зиёиён” сухан намуда, доир ба вазъи муосир, мақоми зиёиён ва ҷавонон дар мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, омилҳои муҳими таъмини амнияти ҷомеа, усулҳои ташаккули мафкураи солим ва тадбирҳои раёсати донишгоҳ дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва зиракии сиёсӣ ибрози назар намуд.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо таъкид ба хатарҳои ҷомеаи кунунӣ ва раванди бадалшавии идеологияҳо афзуд, ки замони имрӯз пур аз тазод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳо буда, рақобати шадиди абарқудратҳо ва бархӯрди манфиатҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, мубориза барои афзудани таъсиру нуфуз, ба даст овардани сарватҳои табиӣ, нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва ғайра сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи зиёди гурезагони иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигӣ ва оқибат пайвастани баъзе гурӯҳҳои ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷиноят мегардад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид менамоянд: “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад” – таъкид намуд ректори донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ башарият моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияту оромии кишварамон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем. Зеро созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб намудани онҳо аз тамоми василаҳо ва имкониятҳоистифода мебаранд.

Иттилоъ дода шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ ба масъалаи муқовимат бо зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, ки вабои аср унвон мешавад, пайваста талош дорад, то ки усул ва воситаҳои муосиру таъсирбахшро роҳандозӣ намояд.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ бо назардошти нақши таъсирбахши зиёиёну ҷавонон дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва мубориза бо таҳдидҳои муосир як қатор вазифаҳои мушаххасро пешорӯи олимону донишмандон, ҷомеашиносон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ вогузор намуд.

Роҳбари донишгоҳ изҳори бовар намуд, ки зиёиёну ҷавонони ватандӯст бо истифода аз нерӯи зеҳнӣ ба хотири таъмини амнияти ҷомеа, пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муваффақ шудан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумат тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Кори ҳамоиш бо музокира анҷом пазируфта, дар ин қисмат як қатор устодону донишҷӯёни донишгоҳ андешаву пешниҳодоти худро манзур карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ