Амнияти иттилоотӣ ва саводнокии рақамии ҷавонон- яке аз роҳҳои таъмини амнияти миллӣ

Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз дар рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа, аз маорифу тандурустӣ то идораи давлатӣ ва тиҷорат нақши калидӣ доранд. Ҷомеаи муосир дар соҳаи технологияҳои рақамӣ тағйироти босуръатро аз сар мегузаронад, ки барои рушд имкониятҳои нав мекушояд, аммо дар айни замон таҳдидҳо, бахусус дар соҳаи амнияти иттилоотӣ низ зиёд ба миён омдаанд.

Дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо, технологияи иттилоотӣ ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарра табдил меёбад, бахусус байни ҷавонон, ки фаъолтарин гурӯҳи истифодабарандагони дастгоҳҳои рақамӣ ва Интернет мебошанд. Аммо, ин ҳамчунин ҷавононро дар мавриди таҳдидҳои иттилоотӣ ба яке аз гурӯҳҳои осебпазир табдил медиҳад.

Дар ҷаҳони муосир ин таҳдидҳо низ рӯз то рӯз зиёдтар ба назар мерасанд. Ин вазъият аз давлат ва ҷомеа тақозо менамояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии ҷавонон ва таҳияи чораҳои ҳифзи фазои иттилоотии онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

Ҳадафи асосии ин мақола баррасии нақши амнияти иттилоотӣ дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳамчунин таҳлили таҳдидҳои кунунӣ ба ҷавонон дар фазои рақамӣ мебошад. Дар мақола роҳҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии ҷавонон барои пешгирӣ ва кам кардани таҳдидҳои иттилоотӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.

Чунин вазифаҳо муайян карда шудаанд:

1. Омӯзиши мафҳуми амнияти иттилоотӣ ва унсурҳои асосии он аз нуќтаи назари ҳифзи давлат ва шаҳрвандони он.

2. Таҳлили намудҳои таҳдидҳои иттилоотӣ ба ҷавонони имрӯза

3. Омӯзиши нақши маориф ва барномаҳои давлатӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ миёни ҷавонон.

Амнияти иттилоотӣ – ин ҳолати амнияти системаҳои иттилоотӣ ва маълумот аз дастрасии беиҷозат, истифода, ифшо, тағйир ё нобудшавӣ мебошад. Муҳимтарин ҷузъҳои амнияти иттилоотӣ махфият, пуррагӣ ва дастрасии иттилоот мебошанд.

Махфият онро дар назар дорад, ки танҳо як доираи муайяни одамон ба иттилоот дастрасӣ доранд. Пуррагии иттилоот кафолат медиҳад, ки маълумот аз тағйироти беиҷозат муҳофизат карда мешавад, дастрасӣ кафолат медиҳад, ки иттилоот ҳангоми зарурат барои истифода дастрас аст.

Амнияти иттилоотӣ бо амнияти миллӣ робитаи зич дорад, зеро ихроҷи маълумот, ҳамлаҳои киберӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ метавонанд суботи давлат, иқтисодиёт ва сохтори иҷтимоии онро ба таври назаррас халалдор созанд.

Таҳдидҳои муосири иттилоотӣ ҳамлаҳои гуногунро ба системаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ ва корбарони инфиродӣ дар бар мегиранд. Дар байни таҳдидҳои маъмултарин инҳоро номбар кардан мумкин аст:

• DDoS ҳамлаҳо (ҳамлаҳое, ки барои аз ҳад зиёд боркунии серверҳо бо мақсади халалдор кардани кори онҳо нигаронида шудаанд);

• фишинг (кӯшиши дуздидани маълумоти шахсӣ тавассути вебсомонаҳои қалбакӣ ва почтаи электронӣ);

• барномаҳои зараровар (вирусҳо, нармафзори ҷосусӣ ва монанди инҳо);

• Таблиғ ва паҳн кардани ахбороти беасос ва барурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Аксари корбарони Интернетро ҷавонони аз 15 то 30-сола ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ҳиссаи истифодаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 70% аст, ки аз афзоиши таваҷҷӯҳи на танҳо ҷавонон ба технологияҳои рақамӣ шаҳодат медиҳад.

Амнияти иттилоотӣ бевосита ба ҳифзи маълумот, технологияҳо ва системаҳо аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ алоқаманд аст. Амнияти нокифоя метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла ифшои маълумоти махфӣ, халалдор шудани инфрасохторҳо ва таъсири манфӣ афкори ҷамъиятӣ оварда расонад. Бо афзоиши фаъоли шумори истифодабарандагони Интернет дар миёни ҷавонони кишвар, тадқиқ ва пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд.

Киберҷинояткорон аксар вақт ҷавононро ҳадаф қарор дода, аз камтаҷрибагӣ ва надонистани онҳо дар бораи чораҳои амниятӣ истифода мекунанд.

Нақши ҷавононро дар фазои виртуалӣ духела баҳо додан мумкин аст: аз як тараф онҳо ҳамчун истифодабаранда ва иштирокчиёни фаъол дар равандҳои иттилоотии ҷаҳонӣ баромад кунанд, аз тарафи дигар ҳадафи аслии ҳамлаҳои киберӣ ва манипулятсияҳои иттилоотӣ мегарданд. Баланд бардоштани саводнокии рақамии ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои истифодабарии бехатари онҳо аз Интернет аз вазифаҳои асосии давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.

Теъдоди корбарони Интернет дар Тоҷикистон ҳамасола афзоиш ёфта, қисми асосии ин афзоишро ҷавонон ташкил медиҳанд. То соли 2023, тақрибан 65% ҷавонони 18-24-сола аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram ва TikTok фаъолона истифода мебаранд. Ин ба суръати баланди рақамигардонӣ ва дастрасии таҷҳизотҳои мобилӣ вобаста аст.

Бояд қайд кард, ки бо зиёд шудани шумораи истифодабарандагон шумораи таҳдидҳое, ки ба онҳо дучор мешаванд, зиёд мешавад. Тибқи маълумот зиёда аз 50% ҷавонон дар бораи амнияти рақамӣ дониши кофӣ надоранд ва тамоми хатарҳои марбут ба рафтори муҳофизатнашаванда дар Интернетро дарк намекунанд.

Барои ҷавононе, ки пайваста бо фазои рақамӣ алоқаманданд, инкишоф додани малакаҳои саводнокии рақамӣ барои ҳифзи худ аз чунин таҳдидҳо муҳим аст.

Ҷаҳони муосири киберӣ ба майдони таҳдидҳои зиёд табдил ёфтааст, ки метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: аз вирусҳо ва фишинг то ҳамлаҳои мураккаб ва мақсаднок ба инфрасохторҳои гуногун. Тибқи маълумоти як ширкати тадқиқотии Cybersecurity Ventures, интизор меравад, ки арзиши талафоти ҷаҳонии киберҷиноятҳо то соли 2025 ба 10,5 триллион доллар мерасад, ки аҳамияти ҳифзи фазои иттилоотиро таъкид мекунад.

Барои ҷавононе, ки бо фазои рақамӣ алоқаманданд, ин хатари хоса дорад, зеро онҳо аксар вақт объекти ҳамлаҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аккаунтҳо ва дастгоҳҳои мобилӣ мешаванд. Тибқи гузориши СММ, 70% таҳдидҳои киберӣ ба истифодабарандагони ҷавон нигаронида шудаанд, ки барои таъмини амнияти онҳо андешидани чораҳои комплексӣ зарур аст.

Баланд бардоштани саводнокии рақамии ҷавонон як воситаи калидии муҳофизат аз ин таҳдидҳо мебошад. Истифодабарандаи салоҳиятдор метавонад кӯшишҳои фишингиро муайян кунад, ҳамлаҳои кибериро ба аккаунтҳои худ пешгирӣ намояд ва иттилооти дар Интернет пешниҳодшавандаро дуруст баҳо диҳад ва таҳлил намояд.

Дар ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти иттилоотӣяк қатор тадбирҳоро андешида шуда истодаанд. Барномаҳои давлатӣ ба ҳифзи инфрасохтори муҳим, таҳияи заминаи меъёрӣ ва ташаккули ташаббусҳои таълимӣ оид ба амнияти иттилоотӣ нигаронида шудаанд.

Яке аз вазифаҳои асосӣ таҳияи стратегияест, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи хатарҳо ва усулҳои муҳофизат дар фазои рақамӣ нигаронида шудааст. Намунаи таҷрибаи бомуваффақият ворид намудани курсҳои таълимӣ оид ба амнияти иттлоотӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо мебошад.

Барои коҳиш додани хатарҳои таҳдидҳои киберӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ як қадами муҳим аст.ю ки онро тавассути чунин роҳҳо амалӣ гардонидан мумкин аст:

• Ҷорӣ намудани курсҳои таълимӣ оид ба амнияти иттилоотӣ: Барномаҳои таълимӣ бояд омӯзиши асосҳои ҳифзи маълумот, муайян кардани таҳдидҳои киберӣ ва рафтори дурустро дар Интернет дар бар гиранд.

• Баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хатарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Ҷавонон бояд дар бораи таҳдидҳои эҳтимолӣ огоҳ бошанд, хабарҳо ва маълумоти қалбакӣ ва бардурӯғро ҷудо карда тавонанд.

Нақши созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои ҷавонон дар пешбурди амнияти рақамӣ низ басо муҳим аст. Онҳо метавонанд чорабиниҳо ва аксияҳои иттилоотӣ ташкил кунанд, тренингҳо ва семинарҳо оид ба амнияти иттилоотӣ гузаронанд. Барномаҳои волонтёрӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ нигаронида шудаанд, метавонанд унсури асосии ҳифзи ҷавонон дар фазои иттилоотӣ бошанд.

Хулоса, амнияти иттилоотӣ дар таъмини амнияти миллӣ, бахусус дар шароити босуръати рақамигардонӣ, нақши муҳим дорад. Ҷавонон яке аз осебпазиртарин табақаҳои фазои рақамӣ мебошанд, ки ба рушди саводнокии рақамии онҳо таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад.

Барномаҳои муосири таълимӣ, сиёсати давлатӣ ва иштироки фаъолонаи созмонҳои ҷамъиятӣ метавонанд заминаи ҳифзи ҷавонон аз таҳдидҳои иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ таъмини амнияти миллӣ гарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ