​Ҷамъбасти конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар факултети физикаю техника

Дар факултети физикаю техника конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯён бо ироаи наздики 100 маърӯзаи илмӣ ҷамбаст гардид.

Дар факултети мавриди назар конференсия дар 8 бахш ба роҳ монда шуда, 36 маърӯзаи устодон, 17 маърӯзаи магистрантону докторантон ва 33 маърӯзаи донишҷӯён шунида шуд.

Дар маърӯзаҳои ироагашта устодон доир ба мавзӯҳои мубрами рӯз, аз қабили инкишофи илмҳои физика ва математика дар замони муосир, вобастагии мустаҳкамии вайроншавии санги семент ва керамзит дар шароити фишурдашавӣ, асосҳои физикии вайроншавии ҷинсҳои кӯҳӣ, ченкунии бузургии ғунҷоиши электрикӣ дар муҳити барномаи Electronics Workbech, муаммоҳои энергетикии замони муосир ва роҳи ҳалли онҳо, озмоишҳои физикӣ ва моҳияти онҳо дар раванди таълими физика, истифодаи мавҷҳои электромагнитӣ дар тиб, таъсири равандҳои атмосферӣ барои фаъолнокии сейсмикӣ, таъсири металлҳои ишқорзаминӣ ва гармиғунҷоиш ва тағйирёбии функсияҳои термодинамикии хӯлаи АК1М2 дар асоси элементи холис, принсипҳои физикии спектрофотометрия, дастгоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ дар асоси поликристалли кремний, тадқиқи металлҳои вазнин дар таркиби аэрозоли атмосфераи вилояти Суғд ва ғайра баромадҳои пурмазмуни илмӣ намуданд.

Докторантону магистрантон низ дар мавзӯҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, таъсири ҳаҷми умумии полестирол ба мустаҳкамӣ ва вайроншавии санги семент ҳангоми фишурдашавӣ, муқоисаи параметрҳои метеорологӣ ва консентратсияҳои газҳои парникӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, саҳми олимони тоҷик дар омӯзиши олами кайҳонӣ, таъсироти рутубати атмосферӣ ба коркарди энергияи системаи офтобӣ,энергетикаи офтобӣ ва геотерминалӣ, генераторҳои термоэлектрикӣ ва ғайра маърӯза карданд.

Донишҷӯён низ дар доираи масоили мероси илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, физикаи калони коллайдерӣ андронӣ, ҳодисаҳои равшанӣ дар атмосфера, энергияи офтобӣ ва геотерминалӣ, захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамои рушд, лазерҳои пуриқтидор ва технологияи истифодаи онҳо, таъсири радиолакатсияи кайҳонӣ ба батареяҳои ҳамсафаи сунъии Замин, майдони магнитӣ, интерфометрҳо ва татбиқи онҳо, лазерҳо ва истифодаи он дар соҳаҳои гуногун, методҳои актив ва пассиви ҷамъкунии (аккумулирование)-и энергияи офтобӣ, истифодаи энергияи офтоб дар системаи таъминоти гармӣ, мониторинги газҳои парники дар атмосфераи вилояти Суғд, тадқиқи ИК-спектороскопия ба таъсири байнимолекулавии пайвастагиҳои гетеросиклӣ ва дигар ҷанбаҳои илми физикаю техника гузориш доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ