Изҳорот: ​Тоҷикон ҷонибдори тинҷиву ороми ҳастанд

Тоҷикони ҳаммарз бо давлати Қирғизистон солҳост, ки наметавонад орому осоишта пайи рӯзгори хеш бошанд. Зеро шурӯъ аз солҳои 70-ум ва 80-ум қарни пешин, ҳанӯз замони ҳукмронии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамсоякишвари мо – Қирғизистон бо ҳаргуна баҳона ҳаёти осоиштаи мардуми ҳаммарзро халалдор месозад. Дастандаркорони низоъҳои сарҳадӣ аз ҷониба халқи қирғиз ба он оварда расонидааст, ки даҳҳо нафар сокинони осоиштаи кишвари мо ҷон бохтаву захмӣ шаванд.

Тоҷикон аз қадимулайём мардумони сулҳпарвару ҷонибдори тиҷиву оромӣ ҳастанд. Мехоҳад, ки ин ду миллати ҳаммарзтинҷу осоишта зиндагӣ намоянд ва бо ҳам чун пештара дӯстонаву бародарона равуо дошта бошанд.

Солҳост, ки ин ду ҳамсоякишвар наметавонад ба муноқишаҳои марзӣ хотима бахшанд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои марзӣ барои обу замин ва чарогоҳ ба вуқӯъ мепайвандад ва баъзан ба хунрезӣ мубаддал мегардад.

Миёни ин ду ҳамсоякишвару ҳаммарз дасти сеюм ҷой дорад ва бо ҳар васила мехоҳад муносибатҳои ин ду миллатро носозгор созад.

Дар марҳилаи кунунӣ пайдо намудани роҳи ҳал аз нигоҳи манфиати дарозмуддати кишварҳо бисёр муҳим аст, зеро ба ояндаи ҳамкориҳои давлатҳои минтақа таъсири амиқу бевосита дорад ва ҳатто метавонад ба муҳтавои муносибатҳои дохилиминтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсири мустақим расонад.

Ҳифзи суботу амнияти минтақа дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос нуктаи меҳварӣ буда, пешгирии ҳама гуна низоъ аз аҳамияти холӣ нест, то дар пешомади буҳрони эҳтимолии иқтисодӣ ҳамкорию ҳамёрии кишварҳо ҷиҳати паси сар намудани он мусоидат кунад.

Шамсидинов М.И.-декани факултети Физикаю техника

Шамсидинов Х.М.-дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии

информатика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ