​ФИЛМИ ХИЁНАТ 3: Рӯсиёҳу иғвогаронро низ бояд шинохт!

Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад, ки онро бояд дар ҷомеаи муосир мақсаднок истифода намуд. Суръати баланди иттилоот ва технологияи интернетӣ дар муошират, дастрасӣ, қабул ва ирсоли иттилоот дар фурсати кӯтоҳ ба афзоиши суръати кору фаъолият кӯмак расонида, ба шаҳрвандони чи дохилӣ ва хориҷи кишвар хизмат мерасонад. Аммо, баробари осон намудани кору фаъолият ва нишондодҳои мусбат таъсири манфӣ ҳам расонида метавонад. Чунончи, ворид шудан ба сомонаҳои ғайрирасмӣ ба маълумотҳои бардурӯғу бидуни асоси воқеӣ, даъват ба таҳсилҳои ғайриқонунӣ, ваъдаи ҷойи кор бо музди маоши баланд, кори муздноки интернет ва дигар хабару маълумоти бардурӯғу шубҳанок зиёд рӯ ба рӯ шудан мумкин аст.

Филми ҳуҷҷатии Хиёнат 3, ки тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва ба маърази тамошобинон пешкаш гардид, аз ҳамин қабил гуруҳҳои фиребгару иғвоангезона ва ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломӣ муаррифӣ шуд.

Натиҷаи роҳ ёфтани бештари ҷавонон ба ин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки баъзан ҷавонон ҳанӯз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурӯғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд. Ин боиси пайваст ба гурӯҳҳо гардидааст. Чунончи аз филми хиёнат-3 бармеояд дастрас намудани иттилоои бардурӯғ ва гирифтани маблағҳои калон аз хориҷӣ нишонгари он аст, ки дар қафои он таблиғгарони ТЭТ ҲНИ истодаанд. Имрӯз чеҳраҳои сиёҳу доғдори ҳар кадоми онҳо, зиндагинома ва таърихи паноҳандагӣ ҷустани онҳо чун Кабирию Сайидюнус, Муҳаммадиқболи Садриддину Абдусаттор Бобоев, Мирзо Салимпур бо фарзандонаш дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ маълум гардид.

Онҳо бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ва ҷалби шахсони ноогоҳ боз саҳифаи сиёҳи солҳои навадумро идома ва ё оғоз карданианд. Падарро аз модар, фарзандро аз волидайн, мусулмонро аз мусулмони дигар ҷудо сохта, ба шиками ҳаммиллати худ ва кишвари рӯ ба тараққӣ ниҳодаи худро боз тирборон карданианд.

Пас аз тамошои навори филми ҳуҷҷатӣ ба ҳамин саҳифаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мамнӯъ akhbor.com, kimiyoisaodat, Isloh.net, zindoniyon.com, payom.net, ozodandishon назар андохтам, ин шахсиятҳои дарбадари хориҷиёнро аз наздик шинохтам ва бо қалами сангину мардумфиребонаи онҳо ошно гаштам.

Бо хитоб ба мардум ва ҷавонони тоҷик мегӯям, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, бори дигар ин филмҳоро тамошо кунанд ва аз ин гурӯҳу инсонҳои хабаркаш ва зархариди хориҷиён дурӣ ҷӯянд. Ба маълумоту хабарҳои беасоси онҳо гӯш надиҳанд ва баръакс, ба ҳар сухан ва ҳар қадами онҳо муборизаи шадид нишон диҳем. Зеро мо кишвари худро бо муттаҳидӣ ободу зебо гардонида метавонем ва ҳеҷ гоҳ барои хира гардидани фазои сулҳу оромии он намегузорем ва нахоҳем гузошт. Ҳадафи мо ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими ваҳдат ва ҳаёти осоишта аст.

Ҷӯраева Гулафзо – муаллимаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ