Магар сардабири сиёҳнигор интизори воридшавии коронавирус ба Тоҷикистон аст?

Иғвои навбатии “Ахбор.ком” зери сарлавҳаи “Бало ба паси коронавирус, фақат Пешво хафа нашавад? Ҷаҳон – дар фикри мубориза бо вабои аср, Тоҷикистон – дар пайи “маршировка” нашру паҳн гардид, ки ин аз бадбинӣ ва дасисакориҳои сардабири он Мирзои Салимпур гувоҳии амиқ медиҳад.

Дар ин мавод баръало муайян мешавад, ки Мирзои Салимп интизори сираётёбии мардуми кишвар ба коронавирус аст, то яке паси дигар матолиби воҳимаангез ва ҳангомаҷӯёнаро омода намояд ва дар дили мардум тухим тарс ва нобоварӣ ба ояндаи неку дурахшонро кошта бошад. Ба ивази ин, ин сардабири сиёҳнигор бояд шукрона мегуфт, ки ба Тоҷикистон ин вирус наомаддаст ва шаҳрвандон орому осуда, аз ҷашни ниёгони хеш пазироӣ доранд...

Мақомоти тоҷик хуб медонад, ки дар каадом ҳолат чӣ гуна мавқеъро гирифта бошад. Магар сардабири “Ахбор.ком” ба ботлоқи фитнаву дасиса то сар фурӯ рафта, ки фаъолияти ниҳодҳои қудратии кишварро нодида ва ночиз меангорад, ва кафки даҳон ба чор тараф паронида, мегӯяд, ки “бархӯрди дугона” доранд. Ин нотавонбинӣ ва муғризонаамалнамоӣ ба ин сомонаву дастандаркорони он ба одат табдил ёфтааст...

Ин “фаъоли тоҷик”, ки Омар Амониён ном доштааст ва Салимпур ба ӯ такя намуда, ин маводи бардурӯғро омода кардааст, ҳеҷ гуна таъсираке ба ҳаёти осоиштаи мардм нахоҳад гузошт.

Мардуми Тоҷикистон бояд ба ин сафсатаҳо эътибор надода, аз ҷашин миллии худ – Наврӯзи оламафрӯз ба таврӣ лозимӣ истиқбол намуда, онро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намоянд.

Умед Негматов, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ