Конференсияи илмии байналмилалӣ дар Хуҷанд

Мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар муассисаҳои таълимиву илмии кишвар аз ҷумла, МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" шароити хуби техникӣ барои гузаронидани конференсия ва ҷаласаҳои онлайнӣ фароҳам омадааст.

Ин аст, кидар толори хурди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷик, дастгирии раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бораёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сариддин Айнӣ, конференсияи илмии байналмилалии онлайнӣдар мавзӯи “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тоҷику форс” баргузор шуд.

Конфронс бо суханронии муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогика, Хайрулло Сабурӣ оғоз ёфт. Номбурда аз баргузории ҷашни 700 солагии Камоли Хуҷандӣ, ки бо қарори Юнеско чанде пеш дар зодгоҳи шоир доир гардид, изҳори назар намуда, аз муҳимтарин дастовардҳои олимони донишгоҳ дар ин самт зикр кард.

Барандаи конфронс номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос намуда, иттилоъ дод, ки ба конфронси имрӯзаи онлайнӣ донишмандон аз донишгоҳҳоишаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳанд пайваст.

Маърӯзаи нахустин “Аҳамияти дастхатҳои нав дар матншиносии ашъори Камоли Хуҷандӣ” унвон дошта, он аз ҷониби доктори илми филология, профессор Фахриддин Насриддинов ироа гардид. Ин донишманд аз муҳимтарин вазифаҳои минбаъдаимуҳаққиқон дар мавриди ҳаллу фасли масоили матншиносии ашъори Камоли Хуҷандӣ ҳарф зад. Доктори илми филология, узви вобастаи АИ ҶТ,Мирзо Муллоаҳмадов дар мавзӯи “Камол –сарояндаи ишқу зебоӣ – гузориши муфассале ироа намуда, аз арзиши баланди ашъори шоир дар мавридитасвири воқеияти ҳаёт бо мисолҳои мушаххас фикрҳои ҷолиб баён намуд.Ӯ гуфт,ки шеъри Камолро аз назари арзишҳои моддӣ ва заминӣ баррасӣ намудан ба воқеият наздик хоҳад буд. Дар маърӯзаи “Шинохти Камол дар Руссия “,-и доктори илми филология, профессор Матлуба Мирзоюнус аз шӯҳрати шоири тоҷик дар Русия ва сатҳи баррасии ашъори ӯ сухан рафт. Ҳамчунин ин донишманд оид ба сатҳи тарҷумаҳои ғазалҳои Камол ба забони русӣ хулосаҳои худро баён намуд. “Камоли Хуҷандӣ ва адабиёти ӯзбек –гузориши номзадиилмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ваҳҳоб Раҳмон аз шӯҳрати Камол дар адабиёти ӯзбек ёдрас кард. Махсусан аз таваҷҷӯҳ ва муҳаббати Алишер Навоӣ ба ашъори Камол бо мисолҳои мушаххас фикрҳои ҷолиби илмиро зикр намуд.

Маърӯзаҳои “Маърифати назар дар ғазалиёти Камол”- и доктори илми филология, профессориДДОТ ба номи Садриддин АйнӣШарифмурод Исрофилниё, “Фарҳанги ашъориКамол” ва маърифати шеъри шоир - устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷаббор Шоҳаҳмад, “Ҷилваи қиссаҳои ғиноӣ даршеъри Камоли Хуҷандӣ”-и номзади илми филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Фарғона Исомаддинов Фарҳод андешаҳои тоза ва ҷолиберо дар худ таҷассум менамуд,ки дар таҳқиқи минбаъдаи осори шоир судманд хоҳад буд.

Дар бахши дуввуми конфронс маърӯзаҳои муҳаққиқон Абдуҷамл Ҳасанзода "Як роҳи ифодаи матлаб дар ашъори Камол", Шарифҷон Тоҷибоев “Корбурди шуморагон дар мазмунсозӣ маъниофариҳои ашъори Камоли Хуҷандӣ”, Саидумрон Саидов “Ашъори Камоли Хуҷандӣ дар фарҳангҳои Шибҳиқораи Ҳинд”, Муҳаббат Тиллохӯҷаева “Маъниофарӣдар ашъори Камол”, Мавҷуда Ӯрунова “Шеъри Камол дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, Нуралӣ Нурзод “Мавлоно ва Камол”, Субҳони Аъзамзод “Назаре ба камолшиносии муосир”ироа ёфт, ки муҳимтарин масъалаҳои шинохти рӯзгор ва осори Камолро фаро гирифтааст. Интизорӣ меравад, ки раёсати донишгоҳ баргузории ин гуна конфронсҳои илмии онлайниро мутобиқи барномаҳои илмӣ минбаъд низ бештар ба роҳ мемонад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ