Изҳорот: Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад.... Майдони муҳориба...

Муҳорибае, ки ғолибу мағлубаш маълум нест.
Сарбозони асосии ин муҳориба табибон ва ҳамширагони шафқатанд, ки бар зидди душмани маккор ва ноошное, ки “коронавирус” ном дорад, ҳар лаҳза дар набарданд.
Бале, онҳо ба қасами додаи худ вафо карда, дар ин набард садоқатмандона дар кишвар бо адӯ мубориза мебаранд.
Ҳатто, берун аз марзи кишвар, ки фаъолият мебаранду касби пуршарафи табибиро интихоб намудаанд, пайгирона барои сиҳатии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин боз як бор нишонаи “тоҷик” будану “хуни тоҷикӣ” дар тан доштанро нишон медиҳад.
Дар як хабари сомонаи иҷтимоӣ худ шоҳиди он гаштам, ки зани тоҷик-табиб, дар яке аз гармтарин, доғтарин майдони муҳориба - Ню-Йорк асту шабу рӯз дар ин набард бо ин “вабо” даст ба гиребон аст. Чун қаҳрамониҳои ӯро аз дафтари хотироташ тавассути сомона ошно гаштам, беихтиёр даст ба дуо бардоштаму аз даргоҳи Холиқи пок барояш тансиҳатӣ, умри бардавомро талаб кардам. Дар ҳақиқат, ин мардонагист, аз ҷониби як зани Тоҷикистонӣ!.. Сано, ба чунин ашхосе ,ки чунин фазилатҳои инсондӯстию одампарастӣ дорад. Ногуфта намонад, ки некиву накӯкорӣ дар фарҳанги ниёгони мо ҷойи асосиро ишғол намуда, дар амал онро татбиқ намудан, дасти ёрӣ дароз намудан ба муҳтоҷон, сари ятимонро сила намудан, ба роҳи рост ҳидоят намудан, ватандору ватанпарвар будан яке аз рукнҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Вале ҳайҳот, гурӯҳи ашхосеро вомехӯрем, ки дар зоҳир одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди вожаи “одам” нисбаташон ҳайф аст.

Онҳоро одам, шахс гуфтан ҳам нашояд, зеро ки онон гурӯҳи тарбиятнадидае ҳастанд, ки ватандору ватанпарвар будани онҳо муаммост. Ва шояд, худ ҳамин ашхос вируси сироятианд, ки ин беморӣ дар онҳо авлодӣ буда, боиси эҳтимолияти шикасти бебозгашти давлатдории миллии мо гардидаанд?.. Эй мардум, куҷо шуд ғурури тоҷикӣ? Магар фаромӯш кардаед, ки хуни нофи шумо дар ин ҷо рехтааст?, падару модаратон тоҷиканд, худ Шумо аз Тоҷикистон ҳастед! Оё хабар надоред, ки барои ин беномусӣ, бенангӣ, шарафи миллати тоҷикро поймол кардан, албатта ҷавоб медиҳед. Мардуми тоҷик, бо ору номуси тоҷикӣ миёни миллатҳо обрӯ дошт, дорад ва то охир онро мебарад.Ба гуфти Рӯдакии бузургвор ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши бемамониат, бефиреб, бо паси сар кардани мушкилиҳо мардона гузаштан дошта бошад, бояд аз накӯкорӣ киштие созад, яъне дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд овард , на иғвогарона сангпартоӣ намудан.
Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Эй хоҷагони амалдор (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол), Шумо дар тан хуни тоҷикӣ доред? Пас, чаро ба молу зар дода шудаед? Магар, бо зар ору номус, нанг, виҷдонро ҳангоми набард харидан мумкин аст? Ақли солими худро кор баред ва ба ибораҳои “чеҳраи шинохтаи тоҷик”, “журналисти шинохтаи тоҷик” сазовор шавед....
Аз фоҷиаи миллати худ сиёсат насозед, дуруст таҳлил намоед ва мардуми тоҷикро аз чунин ҳамватанони беномуси худ дар хиҷолат намонед.

Тоҳирова М.-сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ