Изҳорот: Аввал андеша баъд гуфтор…

Вақте ки суханони як нафар «шоҳид» - и ҳодисаҳои рўзҳои ахирро, ки дар марзи Қирғизистон (8-уми май) рух дода буду боиси паҳн шудани боз як ҳангомаи тоза гашт, мехонед ростӣ азоби виҷдон мекашеду саволҳои зиёде, аз қабили: Чаро ҷавонони имрўз содалавҳанд?, Чаро аз таърих хабар надоранд?, Чаро дар таҳлилу баррасии ҳодисаву воқеаҳо ба саросемагӣ роҳ медиҳанд?, Чаро китоб намехонанд?, Чаро ба қудрату тавонои мақомоти қудратӣ шубҳа доранд?, Чаро ғуломи шабакаҳои интернетиву хабарҳои беасосанд? ва садҳо Чаро?- ҳои дигар ба сар меоянд.

Ҷавони шоҳид менигорад, ки генералҳои мо тарсончаку пораҳўранд. Оё ў намедонад, ки барои соҳиб шудан ба рутбаи генералӣ чӣ қадар ҷонбозиву корнамоӣ, азхудгузариву бедорхобиҳо, чӣ қадар дар талу теппаву кўҳу саҳро давиданҳоро паси сар бояд кард. Пеш аз бадном кардани падарону бародарони худ ақли солимро (агар бошад) истифода намуда, аз сафсатаву тўҳмат худдорӣ намоед.

Ҷавонони арҷманд беҳтар мешуд, барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҷахонбиниву тафаккури созанда кўшиш намоед. Бештар китоб хонед, бо инсонҳое, ки таҷрибаи хуби корӣ доранд ҳамсўҳбат шавед, ба хизмати Модар – Ватан равед, баъд «генералҳои тарсончак»- ро баррасӣ намоед. Имрўзҳо ҳатто тарзи либоспўшиатон нафрати касро меорад - шими танги кўтоҳ, мўйҳои дарозу риши расида (бузриш), куртаву футболкаҳои гулдору расмдор, пайпоқҳои сафеду кафшҳои занона – макасинӣ. Шояд огаҳӣ дошта бошед, ки аввалин таассурот аз либос пайдо мешавад. (бахусус худатон зоҳирпарастед).

Бинобар ин ҳангоми навиштани ягон накл ё афсона хуб мешуд, маҳмадонигиро як сў гузошта, бо истифодаву риояи одоби шарқиёна ба иззати нафси дигарон бахусус кормандони мақомоти давлатӣ худдороӣ намоед.

Қодирова М.А.,

муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони

модарии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ