​Геоэкология дар масири рушд

Ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоиду арзанда барои таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи ташаббусҳои судманд амалӣ мешавад. Аз ҷумла, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дониши назариявии донишҷӯён дар факултети геоэкология ду озмоишгохи илмӣ-ташхисӣ амал менамояд.

Лабораторияи якум дар назди кафедраи Экология ва хифзи табиат амал намуда, дар он фанҳои тахассусӣ, аз қабили физиологияхои растанихо, экологияи хок ва ботаника бо асосҳои экология гузаронида мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки озмоишгоҳи мазкур бо 15 номгӯи таҷҳизотҳои ташхисӣ, зиёда аз 300 адад реактивҳои химиявй ва дигар зарфҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, баҳри татбиқи дониши донишҷӯён мусоид мебошад.

Озмоишгоҳ имконият дорад, ки сатҳҳои садо, рушноӣ, газнокии ҳаво ва таркиби он, дараҷаи радиатсияи муҳити зист, ташхиси морфологӣ ва таркиби химиявии обу партовҳоро ташхис ва муайян намояд.

Озмоишгоҳи мазкур дар масоҳати 28-30 м2 таркиб ёфта, бо хати об, нуқтаи ҳавокашӣ, таҷҳизоти таъминкунондаи оби дистилӣ, ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ ва ғайраро муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмоишгоҳ 18 адад курсиҳои махсус ва ҷои гузаронидани ташхисҳо мавҷуд мебошад. Бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло давоми соли 2021 ба озмоишгоҳи мазкур харидории 7 номгӯи таҷҳизоти ташхисӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои фаъолияти пурмаҳсули озмоишгоҳ дар давраҳои минбаъда мусоидат менамояд.

Озмоишгоҳи "Омӯзиши офатҳои табиӣ ва ҷараёнҳои геодинамикӣ" дар назди кафедраи географияи табиӣ охири соли 2020 таъсис ёфта, феълан ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳ иқдоми зарурӣ идома дорад.

Роҳбарии озмоишгоҳи мазкур ба уҳдаи доктори илмхои геология ва минералогия, профессор Абдураҳимов Садриддин вогузор шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар факултети геоэкология дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва дастгириҳои ректори донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини шароити арзанда барои донишҷӯён ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд тамоми имкониятҳо истифода шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Маҳина Раҳмонова,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ