Ваҳдатат бегазанд бод кишвари маҳбуби ман!

Тоҷикистон - кишвари маҳбуби ман ҷашни 23-юмин солгарди Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса, зери осмони беғубору осуда, бо дилҳои аз кинаву адоват тоза таҷлил дорад. Тоҷикстон ва Ваҳдат аз зумраи мафҳумоти пайванду толиби садоқат, гаронқадру қалбнишин, таҳаммулгарову созишпазир, сарчашмаи муҳаббат, ифтихору шуҳрат ҳастанд, ки дар радифи Модар, Ватан дар арши замир маъво доранд.

Ваҳдату ҳамдилӣ, муттаҳидиву сарҷамъӣ, ягонагиву ҳамфикрӣ асоси дастёбӣ ба куллаҳои баланди илмиву инқилобӣ, созандагиву бунёдкорӣ, иқтисодиву некӯаҳволӣ мебошад. Маҳз самараи ваҳдат аст, ки кишвари ҷавонистиқлоли мо - Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун узви ташаббускори ҷомеаи кунунӣ, зеботабиату беҳамтои ризвонӣ, заҳматқарину ҳунарманди азалӣ, меҳмоннавозу дилнишини самимӣ, тамаддунофару соҳибфарҳанги бостонӣ шинохта шуд. Ифтихор аз он дорам, ки тоҷикам, тоҷикистониям дар меҳани биҳиштосову ваҳдатпеша, демокративу ягона, дунявиву осоишта, ҳуқуқбунёду амниятгӯша зиндагӣ дорам.

Моро месазад, ки мустиқилияти зодмарзбуми дар оғуши табиати хушманзаруҷаннатулмаъвои дар батну паҳно ва кӯҳу дараҳо арзи ҳастӣ кардаи хешро модарвор парвариш созем, чун чавҳараки чашм ҳифз намоем, сазовор хизмат кунем, шоиста обод гардонем, ваҳдаташро падарвор бегазанду устувор нигоҳ дорем. Ҳаргиз нагузорем, ки нохалафон, разилон, мансабталошон, иғвоангезон, душманони сулҳу зархаридони хориҷиён воқеаҳои нангини таърихро бар сари мардуми Тоҷикистон дубора таҳмил созанд.

Вақти он фаро расидааст, ки бо арақи ҷабину меҳнати қарин, қалби саршор аз муҳаббату лабрез аз садоқат дасти ҳам бигирем ва бо матонату иродаи қавӣ, устувории умеди дил бар ояндаи рахшандаи баландпарвоз дар пайи шукуфоии Ватанамон камари ҳиммат бибандем. Зеро вазъияти пурташанниҷи ҷаҳони муосир бароямон дарси ибрату бедорӣ аз ғафтал аст.

Муборизаи беамони абарқудратҳо масъалаи ҷустуҷӯи шадиди майдонҳои ҷадиди қувваозмоиро ба миён мегузоранд. Дар ин вазъият аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳифзи якпорчагии давлат вазифаи аввалиндараҷаву қарзи шаҳрвандии таъхирнопазири якояки мост. Зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, Истиқлолияту худшиносӣ, Ваҳдату ягонагӣ дар умқи қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад, хотири қаҳрамониву ҷоннисориҳову фидокориҳои абармардони барӯманди Ватани азизамон дар роҳи пойдории мустақилияту ваҳдати Тоҷикистонсазовор посдор, шоиста такрор гардад, то ин ки кохи боҳашамати Ваҳдати миллӣ бегазанд бимонад.

Тоҷикистон ваҳдатат поянда бод!

Комилова Зилола,

омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ