Изҳорот: ​Муттаҳидӣ - дар мубориза бо пандемия

Дар шароите, ки вабои аср яъне пандемияи COVID-19 ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст, душманони миллати тоҷик, аз ҷумла мухолифни наҳзатӣ аз хориҷи кишвар истода, бо далелҳои беасос ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши тандурустӣ тӯҳмату буҳтонҳо зада истодаанд.

Бо ин суханон мехоҳем таъкид намоем, ки вазифаи аслии мо дар шароити таҳдидомези паҳншавии пандемияи коронавирус бовар накардан ба ҳангомаву буҳтонҳои душманони миллат мебошад. Ҳар фарди дорои ақли солим бояд дар фикри беҳбуди кор ва ислоҳи вазъияти беҳдоштӣ бошад, на машғули бадгӯиву эҷоди нороҳатиҳо дар ҷомеа.

Вазъи муташаниҷи ҷаҳони имрӯза бори дигар собит кард, ки маълумоти дақиқ барои ба самти дуруст равона кардани тафаккури мардум чӣ қадар аҳамият дорад. Ин амр дар оғози паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон собит шуд ва таъсиргузории иттилоот ба равони мардумро бармало кард. Хабарҳои носаҳеҳу матолиби ҳангомасоз то ҷое вазъи ҷомеаро ба чолиш кашида, мардумро ба тарс андохтанд.

Таҳлукаандозу воҳимагар қариб, ки дар ҳар халқу миллат ва маҳал дида мешавад. Синои бузургвор таҳлукаандозро аз гурӯҳи мардумони мариз ном мебарад.

Бо элони ҳузури коронавирус дар кишварамон ин тоифа ҷон гирифта, бо ҳар гуна роҳ воҳима андохта, мардуми содаю зудбоварро ба таҳлука меандохтанд. Асос пеш оварданд, ки бо элон шудани карантин дар кишвар камбуди ғизо рӯйи кор меояд. Кор ба дараҷае расид, ки мардум миқдори зиёди орду дигар маводи ғизоро аз мағозаҳо харидорӣ карда, захира намуданд.

Имрӯз ҳам нафарони зиёде аъзоёни собиқ ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳамақидаҳоаш аз ҳар гӯшаю канори дунё, бо суханони беасосу пучашон мехоҳад Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди ин вабо оҷизу нотавон муаррифӣ кунанд.

Дар чунин шароит мо бояд пеш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем.

Ҳаминро бояд гуфт, ҳеҷ гоҳ дар ин марҳилаи ҳассос ба изтиробу эҳсосот дода нашавем. Ба ҳар гапу калоча диққат дода нашавад. То замони пайдо шудани дору барои ин вабо риояи қатъии тавсиявии табибон ва худмуҳофизатии худу дигаронро ҷиддӣ ба роҳ гузорем.

Мо ба мардуми шарифи Тоҷикистон, хосатан ба ҷавонони кишваргуфтанием, ки фирефтаи ин гуна ашхоси аҳмақу ҳарзагӯй нашавед. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кунед ва ояндабину созанда бошед, зеро, воқеан, имрӯз мо бояд сабур бошем, дар паи ислоҳи худу ҷомеа кӯшем ва манфиатҳои милливу давлатиро дар ҷойи аввал гузорем. Воқеан, имрӯз вақте расидааст, ки ба фитна ва васвасаи душманони миллат дода нашавемму барои ободию осудагӣ ва оромию амнияти ватану милллат кӯшиш намоем.

Шамсидинов М.И.-декани факултети Физикаю техника

Шамсидинов Х.М.-дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии

информатика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ