​Ифтитоҳи ҳафтаи забони русӣ бахшида ба 110-солагии Мирзо Турсунзода

Дар доираи чорабиниҳои илмии факултети филологияи рус қисми кушодашавии олимпиадаи забони русӣ бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Дружба и патриотизм в произведениях Мирзо Турсунзаде” баргузор гардид.

Олимпиада бо забони русӣ ҷараён гирифта, дар он баён гашт, ки беҳтарин саҳифҳои эҷодиёти Мирзо Турсунзода фарогири ашърори ватандӯстона буда, ӯ ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хидматҳои беназир кардааст.

Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 шурӯъ шуда, аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» аз чоп мебарояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам», «Манзараҳои Хӯҷанд», «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор», «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тилоӣ», «Халқи далер», «Мо аз Хоруғ омадем» Писари Ватан", "Арус аз Москва", «Қиссаи Ҳиндустон», «Ман аз Шарқи озод», «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», "Аз Ганг то Кремл" ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд.

Ҳамчунин дар доираи олимпиада озмуни иншои беҳтарин доир ба ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода дар байни донишҷӯён гузаронида шуд.

Хотирнишон менамоем, ки ҳафтаи забони русӣ бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 5-уми апрел оғоз гашт, ки бо фарогирии 7 чорабинии гуногунанвоъ то 9-уми апрел ҷараён мегирад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ