​Хониши дарси сиёсӣ

Дар факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонов, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Замира Мансурова, муовини декан оид ба тарбия Заррина Ахмедова, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Муталиб Маҳмудов ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Нахуст муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонов доир ба дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон ва нуктаҳои Паёми навбатии, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Номбурда зикр дошт, ки ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат қарор дошта,ин қишри ҷомеа нерӯи бузургу созанда ва пешбаранда эътироф гардидаанд.

Дар Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣзикр карда шуд, ки «Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст». Тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати кишвар дар самти илму маориф ва дастгирии ҷавонон моро бори дигар моро водор месозад, баҳри таълиму тарбияи насли ҷавон даҳчанд заҳмат кашем.

Сипас, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Замира Мансурова суханронӣ карда, зикр дошт, зуҳури шахсияти бузурги таърихӣ, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти миллати мо ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва устувории рукнҳои мамлакат боис шуд, ки бегумон роҳи имрўзаи тайкардаи Тоҷикистонро равшану мунаввар гардонид.

Воқеан, азму иродаи матин, шуҷоату ҷавонмардӣ, ватандории бемислу монанди Пешвои муаззами миллат ва сазовор гардиданашон ба боварии халқ буд, ки давлату миллатро аз гирдоби ин фоҷиаи таърихӣ раҳониданд, зеро агар ин шахсияти беназир намебуданд хатари порча шудани давлат ва аз байн рафтани миллат амри воқеӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи имсол дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба мардуми кишвар, махсусан ба ҷавонон ҳушдор доданд, ки “хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғарзноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд».

Аз ин рӯ, ҳар як фард бедордил, хусусан ҷавононро зарур аст, боз ҳам мутаҳҳид гардида, беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем ва бори дигар собит созем, ки мо соҳибватан ва пайравони асили Пешвои миллат мебошем. Фаромӯш насозем, ки ин Ватанро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад». – зикр дошт Мансурова Замира – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят.

Дар охир таъкид карда шуд, ки ҷавонон минбаъд низ дастуру ҳидоятҳо ва рӯзгори ибратпазири Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолият қарор дода, мутолиаи осори илмиву таърихӣ, бахусус, асарҳои арзишманди Президенти кишварро ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти ватандӯстиашон ба роҳ монда, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар ҳамқадам будан бо набзи ҳаёт, ҳифзу гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ