​Ҷаласаи Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ

Дар раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ баргузор гашт. Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов, сардори раёсати таълим, дотсент Муҳиддин Сабуров, мудири ШИСТ, дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев, мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, дотсент Илҳом Каримов, сардори маркази тестӣ, дотсент Раҳимҷон Назаров ва муовини декан оид ба таълими факултетҳо иштирок намуданд.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов сухан карда, ҳозиринро бо ҷараёни ҷаласаи Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ шинос кард ва гуфт, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олӣ -баланд бардоштани сатҳу сифати донишазхудкунии муҳассилин ва беҳдошти тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат тадбирҳои муҳими амалиро роҳандозӣ кардааст.

Пас аз он, тибқи рӯзномаи ҷаласа доир ба “Вазъи қайди журналҳои гурӯҳӣ, варақаҳо ва дафтарчаҳои имтиҳонии донишҷӯён дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ” Илҳом Каримов - мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ гузориш дода, аз ҷумла баён намуд, ки назорати раванди таълим дар шуъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ аз муҳимтарин корҳо маҳсуб мешавад, ки дар перафти ҳамаҷонибаи таълиму тадрис заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар ин замина, доир ба вазъи журналҳои академӣ, варақаҳо ва дафтарчаҳои имтиҳонии донишҷӯён ибрози назар карда, баҳри беҳтар намудани фаъолият дар ин самт тавсияҳои судманд ироа намуд.

Дар идома, дотсент Раҳимҷон Назаров - сардори маркази тестии донишгоҳ дар мавзӯи “Таҳияи дурусти саволи тестҳо ва вариантҳои имтиҳоноти хаттӣ, эҷодӣ, шифоҳӣ ва омехта барои сессияи тобистонаи соли таҳсили 2020-2021” баромад кард. Номбурда зикр дошт, ки тибқи низомнома ҳамасола қисми бештари имтиҳоноти ниҳоӣ тариқи тестӣ гузаронида мешаванд. Дар сессияи зимистонаи с/т-и равон миқдори умумии имтиҳоноти тестӣ 4180, хаттӣ - 158; эљодӣ - 139; шифоҳӣ – 158 дар умум 4635 имтиҳон/гурӯҳро ташкил медиҳанд, ки мутобиқ бо меъёрҳои амалкунанда мебошанд.

Баъдан, номбурда бевосита ба масъалаи таҳияи саволҳои тестӣ ва вариантҳои имтиҳоноти хаттӣ, эҷодӣ, шифоҳӣ ва омехта дахл намуда, дар ин росто, иброз кард, ки хусусияти фарқкунандаи сессияи тобистонаи соли таҳсили равон дар он зуҳур меёбад, ки дар донишгоҳ низоми нимсиклӣ - барои фанҳои ҷамъиятӣ низоми сиклӣ, барои фанҳои тахассусӣ – муқаррарӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз, аз устодон ва масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри сифатан беҳтар намудани раванди имтиҳонот таваҷҷуҳи бештар равона карда бошанд.

Дар идомаи ҷаласаи Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ иштирокдорон доир ба масоли фавқуззикр табодули андеша намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ