​Донишҷӯ аз Ӯзбекистон: Бештар аз он дидам, ки тасаввуру тавсифаш мекарданд

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 833 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ин донишҷӯён аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, кишварҳои Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошанд, ки дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ ба тадрис фаро гирифта шудаанд.

Аксари донишҷӯёни хориҷӣ ҳини суҳбат сабаби интихоби Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба обрӯву эътибори он, шароити лоиқи таҳсил, устодони соҳибному соҳибтаҷриба ва дастрасии маблағи шартномавии таҳсил дар ин муассиса алоқаманд мекунанд.

Мақсудҷон Маҳмудҷонов донишҷӯи соли аввали факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ мебошад. Вай зодаи ноҳияи Сухи вилояти Фарғона аст, ки бештар аз 200 км дуртар аз маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ гардидааст. Дӯстиву рафоқати ду кишвари бародари тоҷику ӯзбек ин масофаро барои ин ҷавон ва садҳо нафар ҳамсолони дигари ӯ наздику ҳамвор кардааст.

Мақсудҷон мегӯяд, барои донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шуданаш бародараш сабаб гардид. Вай низ дар ҳамин донишгоҳ таҳсил мекунад ва бародари худро ташвиқ кардааст, ки агар мутахассиси хуб шудан хоҳӣ дар донишгоҳи мазкур таҳсил намо.

Ин тавсияи бародар Мақсудҷонро ба андеша водор карда, маслиҳати омӯзгорони мактабиву ёру дӯстонро ҳам мегирад, ки ин таклифро дастгирӣ мекунанд: “Волидонам ҳам розӣ шуданд, вале худ дудила будам, ки мабодо ба мушкилиҳои мусофирӣ рӯ ба рӯ гардида, дар мулки бегона душворӣ накашам“.

Ба Хуҷанд омад, имтиҳонро сарбаландона супурда, инак, қариб як сол мешавад, ки дар факултаи психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳсил мекунад. Иқрор мешавад: “дар аввал каме душворӣ буд, вале зуд одат кардам”. Ин душворӣ ба таҳсилу мусофират иртибот надошт, балки вай аз рӯзи аввали омаданаш Тоҷикистонро хонаи худ дарёфт.

“Зодгоҳам Сух – минтақаи тоҷикнишин, аксарият тоҷикзабонанд. Миллати ман ҳам тоҷик аст. Аз ин рӯ, ба Хуҷанд омада, эҳсос накардам, ки ҷои бароям бегона аст”.

Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон якчанд донишгоҳҳо мавҷуданд. Ба ғайр аз сатҳи таълим яке аз афзалияти Донишгоҳи давлатии Хуҷандро Мақсудҷон дар дастрас будани маблағи шартномавии он мебинад.

Ба ғайр аз ин, донишҷӯёни ӯзбекистонӣ аз як зумра имтиёзҳо бархӯрдоранд. Онҳоро донишгоҳ бо хобгоҳ таъмин карда, дар раванди таълим низ имтиёзҳо муқаррар намудааст.

Ҳоло фақат дар факултети психология ва таҳсилоти томактабии донишгоҳ 24 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Аз онҳо 7 нафар писарон ва боқимондаро духтарон ташкил медиҳанд.

Устодони факултет мегӯянд аз натиҷаҳои тадриси донишҷӯёни хориҷӣ қаноатманданд. Донишҷӯёни ӯзбекистонӣ ҳам аз муносибати некбинонаи устодону ҳамсабақон хушнуданд. “Моро устодону шарикдарсон хеле эҳтиром мекунанд. Муносибати мардум дар кӯчаву ҷои зист низ хеле неку хайрхоҳона аст. Бародарам сифатҳои хуби инҷоро гуфта буд. Худ омада, аз ончӣ тасаввур мекардаму интизорӣ доштам, бештар дидам”.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ яке аз мушкилии асосӣ бақайдгирии муваққатии ҷои зист мебошад. Ин масъала бо мусоидати раёсати донишгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳалли худро ёфтааст. Дигар аз иқдоми оқилонаи раёсати донишгоҳ ин таъмини гурӯҳҳои донишҷӯёни хориҷӣ бо омӯзгороне мебошад, ки бо забони ӯзбекӣ муошират карда метавонанд: “Баъзе аз ҳамсабақон забони тоҷикиро хуб намедонанд, бинобар ин, ташаббуси донишгоҳ саривақтӣ буда, дар дарки дарсҳо ҳеҷ мушкилӣ вуҷуд надорад. Шароитҳои таҳсил хубанд, тамоми адабиётҳо дастрас мебошанд. Ба мо аз ҳар ҷиҳат писанд аст”.

Ба гуфтаи Мақсудҷон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои ҳамдеҳагонаш ошно аст, зеро бисёре аз онҳо солҳои гуногун ҳамин муассисаи олиро хатм карда, имрӯз ҳамчун мутахассиси ин ё он соҳа дар Ватани хеш кор мекунанд. Мақсудҷон ва ҳамсабақонаш аз насли нави сокинони ноҳияи Сухи Ӯзбекистонанд, ки унвони донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соҳибанд. “Дар зодгоҳ хурду бузург ба таҳсили мо дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд. Хусусан, хатмкунандагон аз ҳолу шароити таҳсил дар кишвари ҳамсоя пурсон шуда, ҳавасманди онанд, ки баъди хатми мактаби миёна барои таҳсил озими Тоҷикистон шаванд”.

Мақсудҷон мегӯяд, аз интихоби худ розӣ аст. Вай ҳатто нақша ҳам дорад, ки баъди хатми донишгоҳ дар ҳаминҷо ба кор машғул шавад.

Бобоҷон ҚУРБОНОВ,

“Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ