​Изҳорот: Табибони ҳозиқ, рӯҳафтода набошед, Ҷаноби олӣ бо моянд

Бемории сироятии коронавирус наздик тамоми мамлакатҳои дунёроба таҳлука андохтааст ва мо ба ҳама шаҳрвандон расондаем, ки ин бемории сироятӣ муолиҷашаванда буда фақат аз шаҳрвандон риояи талаботҳои гуфтаҳои табибонро зарур медонем. Мардуми тоҷик солҳои навадум, аз ин вазнинтар рўзҳоро паси сар кард ва ташаббусу ибтикорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рўзҳои нек расидем, чунонеки дар урфият мегӯянд, ки «Поёни шаби сиёх, сафед аст».

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар қатори дигар мамлакатҳои дунё кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки то ҳадди имкон бар зидди ин беморӣ мубориза барад. Мо шаҳрвандон ба тамоми кормандони соҳаи тиб – табибон, ки шабу рўз барои саломатии шаҳрвандон оид ба бартараф кардани ин касалии сирояти коронавирус мубориза бурда истодаанд, миннатдории хешро иброз менамоем. Мо ҳама шаҳрвандон фақат дар ҳамон вақт, ин бемориро ғалаба менамоем, ки агар ба талаботҳои санитарию гигиенӣ риоя намуда муттаҳид бошем.

Бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шабу рўз ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳури соҳибистиқлоламон кӯмаки башардўстона ба шаҳрвандон, кормандони тиб, аз ҷумла хўрокворӣ, дорувории зиддӣ бемории сироятии коронавирусдастрас карда шуда истодааст, ки ин дастгирии табибону гирифторони бемории сироятии коронавирус буда хело саривақтӣ мебошад.Инро мардуми кишвар ғамхории падаронаи сарвари кишвар медонанд. Санаи 16 майи соли равон дар 140 мошини боркаш ба миқдори 900 тонна дар ҳаҷми 6,5 млн сомонӣ аз пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ба шаҳрвандони вилояти Суғд раҳсипор карда шуд. Дар урфият мегўянд, ки «Дўст он бошад, ки гирад, дасти дўст дар парешонҳолию дармондагӣ», мо шаҳрвандон дар давоми наздик 30 соли истиқлолият ғамҳории сарвари кишварро эҳсос мекардем ва бори дигар шоҳиди он гашта истодаем, ки Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт ба мардуми худ дасти ёрӣ дароз мекунанд. Дар ин муддат, ҳазорҳо оилаҳои камбизоат, ятимони кулл ёрииғамхорона ва падаронаи Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос карда буданд ва минбаъд низ эҳсос хоҳанд кард.Ин иқдом дар давраи солҳои90 –ум, ки барои аз гуруснагӣ эмин доштани мардуми худ буд ва ба шаҳрвандон тақсим кардани 75 ҳазор замини кишт ҷудо карда буданд, ки то ҳол онро «Замини Президентӣ» мегўянд, низ халқро аз гуруснагӣ эмин дошта буд. Ба ин бемории сирояткунандаи коронавирус нигоҳ накарда бозорҳои истеъмолии тамоми шаҳру ноҳияҳо пур аз меваю сабзавот буда халқ аз он самаранок истифода бурда истодаанд. Мардуми сарбаланди Ҷумҳуриамонбоварии том дорад, ки мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба пеш меравем ва дар муддати кўтоҳ ғолиби ин бемории сироятии коронавирус мегардем. Мо кормандони факултети математикаи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» аз ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ хело хушнуд ҳастем.

Кулли устодони факултети математикаи МДТ «ДДХ ба

номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ