Таҳдидҳои муосири иттилоотӣ, яъне чӣ?

...Фарҳанги кор бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз муҳимтарин масъала маҳсуб меёбад. Дар ин замина, дар самти ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои ҷадид, ба мисли саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ тадбирҳои амалиро бояд анҷом дод. Ин корро метавон дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ роҳандозӣ кард, то ки саводнокии расонаӣ ва рақамии онҳо баланд гардида, ба истифодабарандагони огоҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шаванд ва худро аз ҳама гуна дасткорӣ (манипуляция)-и фазои маҷозӣ муҳофизат намоянд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ин нуктаро ёдовар шуда, таъкид мекунанд: “Барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ва мо бояд ин раванди носолимро бо роҳи истифодаи мақсадноки технологияҳои инноватсионӣ ва шабакаҳои иттилоотии иҷтимоӣ пешгирӣ намоем”.

Масъалаи ҷорӣ кардани назорати волидайн ба дастрасӣ ба интернет барои кӯдакон ва наврасони то 16 - сола масъалаи хеле муҳим аст. Бояд дар ин самт, қабл аз ҳама, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиширо барои падарону модарон роҳандозӣ кард, то ки онҳо аз шеваи корбарӣ, истифодаи дурусти барномаҳо огоҳ бошанд. Ин кор осон нест, аммо онро сарфи назар кардан низ хавф ва таҳдидҳои муайянро ба бор меорад...

https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=44399

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ