​Гурӯҳи экспедитсионӣ ба Қарокӯл расид

Гурӯҳи экспедитсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба Қарокӯл расид. Ин гурӯҳ, ки аз 16 нафар донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ иборатанд, санаи 8-уми июни соли равон ҷиҳати гузаронидани экспедитсия ба сафар баромада буданд.

Ҳини гусели тадқиқотчиёни ҷавон ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода таъкид карда буд, иқдоми мазкур дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040 "Бист солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф", "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амалӣ карда мешавад.

Бо гузашти як ҳафта, имрӯз 15-уми июн хатсайри экспедитсионӣ ба Қарокӯл расид. Тавре роҳбари гурӯҳ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Садриддин Абдураҳимов таъкид кард, дастаи мазкур давоми ин рӯзҳо ба омӯзиши табиати манотиқи зикршуда машғул гардида, ба натиҷаҳои хуби тадқиқотиву илмӣ ноил гардидаанд ва аз рафти ин сафари хотирмону пурнатиҷа ҳангоми бозгашт ба таври муфассал ба хонандагон маълумот хоҳанд дод.

-Омӯзиши табиати Помири Шарқӣ, Қарокӯл ва Мурғоб даҳ рӯз давом мекунад ва аҳамияти амалии тадқиқоти экспедитсионӣ барои омўзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди устувори сайёҳии кӯҳӣ, геоэкологӣ дар ноҳияҳои кӯҳииТоҷикистон заминаи воқеӣ мегузорад, – мегӯяд Садриддин Абдураҳимов, роҳбари гурӯҳи экспедитсионӣ. Ба андешаи профессор натиҷаи тадқиқот дар таълими фанҳои география, геоэкология, географияи сайёҳӣ ва хатарҳои геологӣ (офатшиносӣ) истифода хоҳанд шуд.

Аъзои гурӯҳи экспедитсионӣ, муҳаққиқи ҷавон Шодмон Нурматов зимни сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори нашрияи “Нури маърифат” гуфт, фаъолияти экспедитсионӣ бобарор буда, ҳадафи он бароварда гардид. Ба гуфтаи Шодмон Нурматов рушди сайёҳӣ дар замони ҳозира як самти афзалиятноки илми география ба ҳисоб меравад.

- Хусусан, ин масъала барои минтақаҳои кӯҳистон муҳим мебошад. Зеро аҳолииТоҷикистон бештар дар минтақаҳои кӯҳистон зиндагӣ карда, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши имкониятҳои рушди он ба пешрафти ҳаёти халқ мусоидат мекунад.

Донишҷӯи соли 2-юми ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат Фахриёр Хӯҷамбердиев аз аҳамияти ин экспедитсия ва бардоштҳояш нақл карда, хулоса намуд, ки Тоҷикистон дорои захираи бузурги туристӣ мебошад ва онро ба як минтақаи ҷолиби сайёҳии ҷаҳон табдил додан имконпазир аст. – Мо, донишҷӯёни риштаи география ва географияи сайёҳӣ минбаъд барои муаррифии ин имкониятҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем. Заминаҳои он дар сафари чандрӯза муҳайё гардид. Итминон дорам, ки экспедидсияи мо минбаъд дар рушди соҳа хидмат хоҳад кард.
Аъзои дигари гурӯҳ Басирҷон Нуров бо иқтибос аз файласуфи Юнони Қадим Арасту гуфт, - "Касе, ки мехонад, чизи бисёр медонад, касе, ки мушоҳида мекунад чизи бисёртарро медонад". Мақсади асосии экспидитсияи илмӣ-тадқиқотии мо ҳам ба хотири мушоҳида ва тадқиқ аст. Мехоҳем бардоштҳои хешро якҷоя бо донишҳои назариявии азхуднамудаамон дар амал татбиқ намоем.

Зимни экспедитсияи мазкур бо роҳбарии профессор Садриддин Абдураҳимов оиди сохти геологии минтақаҳои зикргардида, давраҳои тараққиёти онҳо, олами набототу ҳайвонот ва имконияти рушди соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои гуногун дар минтақаҳои мазкур маълумоти муфассал ба даст омадааст. Ба иттилои тадқиқотчиён дар рафти гузаронидани экспедитсия бо таъриху фарҳангии аҳолии ин минтақаҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, зонаҳои табиӣ, минтақаҳои биёбони баландкӯҳ ва калонтарин кӯли Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қарокӯл ошноӣ пайдо намуда, ҳамаи илмҳои дар назария омӯхташударо дар амал татбиқ намудаанд.
Гурӯҳи экспидитсияи илмӣ-тадқиқотӣ аз фурсат истифода карда, барои роҳандозии чунин тадбири муфид ба роҳбарияти донишгоҳ арзи миннатдорӣ карданд ва изҳор доштанд, ки натиҷаҳои тадқиқоти онҳо дастоварди шоистае барои донишгоҳ ва рушду пешрафти кишвар хоҳад буд.

Экспедидсия санаи 16-уми июн ба охир мерасад. Гуфта мешавад, ки таҷрибаи таълимии сайёҳӣ барои донишҷӯёни ихтисоси география ва географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат дар сохтори макотиби олӣ қисмати ҷудонашавандаи раванди таълим буда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи туризм мавқеи калон дорад. Вазифаи асосии таҷрибаи таълимии сайёҳӣ ин мустаҳкам намудани дониши назариявӣ аз фанҳои заминшиносӣ, геоморфология, метеорология, географияи хок, гидрология, геология, ландшафтшиносӣ, экология, географияи иқтисодӣ буда, назария бо амалия мутобиқ карда мешавад. Донишҷӯён дар ҷараёни таълим дар саҳро бо ҳамаи ҳодиса ва равандҳоигеографӣ ошно гардида, усулҳои тадқиқотҳои саҳроиро аз бар мекунанд, алоқамандии ҳамаи ҷузъҳои табиӣ-географиро муайян намуда, нисбати сарватҳои табиӣ ва истифодаи онҳо баҳои объективӣ медиҳанд, мавзеъҳои асосии сайёҳии диёрамон Тоҷикистонро аз худ менамоянд.

Чунончӣ дар барномаи таълимӣ ва кории таҷрибаомўзии байниминтақавии дур ва туризми кўҳӣ зикр шудааст, таҷрибаи таълимии сайёҳӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ саҳми назаррас дорад. Дар рафти он донишҷӯён маҳорат ва малакаи дар дарсҳои лексионӣ ва амалӣ гирифтаашонро дар амалия дида, таҳлил ва ҷамъбаст намуда, дар ниҳояти кор мустаҳкам менамоянд.

Ба ҷузъҳои табиат аз қабили чарогоҳҳои кӯҳҳо, парваришгоҳу мамнӯгоҳҳо, обанбору рӯду дарёҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ баҳогузорӣ менамоянд.

“Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ