КОРОНАВИРУС: Хабарнигори бехабари Радиои Озодӣ бояд тарки вазифа намояд!

Дар ҷомеаи ҷаҳони муосир, хоса Ҷумҳурии Тоҷикистон низ расонаҳои хабарие арзи вуҷуд доранд, ки ба мардум аз аҳодиси мубрами рӯз иттилоъ мерасонанд, ки ҳар як шаҳрвандро аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва доғи рӯз огоҳ менамояд.

Аммо баъзан шабакаҳои иттилоърасон чун Радиои Озодӣ маводеро пешкаши хонандагон месозад, ки дар тафовут бо хабарҳои расмӣ аз замин то осмон фарқи куллӣ дорад. Рӯзи гузашта дар сомонаи Радиои Озодӣ хабаре зери сарлавҳаи “Пас аз марги марди 60-сола беморхонае дар Суғд зери карантини шадид гирифта шуд” нашр гардид, ки сокинони кишварро ба таҳлука андохт. Зеро дар он зикр мешавад: “Ба гуфтаи хабарнигори мардумии Радиои Озодӣ, ки шоми 5-уми апрел аз ин бемористон дидан кард, даромадгоҳи он таҳти дидбонии пулис ва афроди мулкипӯш буда, дар ҳавлии бемористон табибон бо либоси махсуси зидди коронавирус ба чашм мерасиданд. На танҳо онҳо, посбонон, балки ҳамаи раҳгузарон ниқоби тиббӣ доштанд... Марди 60-сола аз деҳаи Қӯрғончаи ҷамоати “Ҳаёти нав” (дар назди марзи Қирғизистон) рӯзи 31-уми март фавтидааст, нишонаҳои беморӣ дар кормандони бемористон акнун ошкор шудаанд. Хешовандони ин мард, ки қаблан ба маротиб изҳор доштаанд, ки ӯ ба хориҷ аз Тоҷикистон сафаре надоштааст, ҳоло иқрор мекунанд, ин мард бо писараш барои ширкат дар як тӯй ба Қирғизистон сафар карда буд...”.

Ин маълумот на танҳо ба хабарнигор балки ба ҷомеаи ҷаҳони имрӯза, хосатан, мардуми Тоҷикистон аён аст, ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятшаванда корҳои санитарию эпидемологӣ пеш гирифта шудааст ва баъзеи шаҳрвандон ба карантин фаро гирифта шудаанд. Истифодаи маскаҳо, маҳлулҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқ ба воситаи воситаҳои ахбори умум ва риояву назорати ҳатмии ҳолати санитарию эпидемологӣ дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, таълимӣ, кӯчаю хиёбонҳо, роҳравҳо ва дигар иншооти ҷамъиятӣ ба пешгирии бемории сирояткунандаи каронавирус мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар пешгирӣ аз табобат беҳтар аст!

Аммо баъзан хабарнигорон барои “пиари” худ маводеро пешкаши хонандагон месозанд, ки ҳар сухани онҳо чун захм бар тани ҳар як сокини он мезанад. Давлату ҳукумат ва сокинони мамлакат аз пайи ҳифзу таъмини ҳаёти солиманд, аммо як овозаи беасоси хабарнигори бехабари Радиои Озодӣ дили даҳҳо ва садҳо нафарро ба шубҳа бурд ва зарбае ба пешрафти зиндагӣ ва кору фаъолияти онҳо зад.

Ҷойиз ба таъкид аст, ки дар ин шабу рӯзҳои хеле ҳам ҳассос ва барои аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дарднок метавон маводи шубҳанок ва асоси воқеӣ надоштаро ба саҳифа ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ ҷой надод. Зеро хабар ин иттилои ҳазлу шӯхӣ нест. Агарчи хабарнигори Радиои Озодӣ сабки навишти маводи таҳлилиро ё дарки мазмуни онро надорад, пас беҳтар он аст, ки тарки ин касб намояд.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ