​ДДХ: 3 мақоми ифтихорӣ дар даври шаҳрии Фестивал-озмун “Сад ранги чакан”

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ даври шаҳрии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Ҳамин тавр, дар Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” Мавлудахон Тоирова, устоди факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми аввалро касб намуд. Ҳамчунин дар номинаи “Намоиши либоси рўзмарра” Фирўза Ахмедова, устоди донишгоҳ мақоми дуюм ва Сайёра Шарофиддинова, донишҷӯи соли якуми факултети санъати тасвирӣ ва технология зинаи сеюмро ба даст оварданд.

Дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Сад ранги чакан» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода сухан намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар довталабон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи номинаҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ” бо ҳам дар рақобат шуданд.

Ба ғолибон дипломи озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ