​Нишасти матбуотӣ: Натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ

Имрӯз 5-уми феврали соли 2021, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-172 ва Нақшаи тасдиқнамудаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба нитиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд.

Муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умум сухан карда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар раванди таълим - соли таҳсили 2020-2021 ба курси якуми донишгоҳ 3735 нафар донишҷӯ тариқи ММТ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад. Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Айни замон дар донишгоҳ 875 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла, 44 доктори илм, профессор, 9 номзади илм, профессор, 297 номзади илм, дотсент, 47 номзади илм, сармуаллим, 7 номзади илм, муаллим, 213 сармуаллим, 258 муаллим фаъолият мебаранд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 23130нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 10302 нафар (3752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12828 нафар (1144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ 870 нафар, аз онҳо 494 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 9 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Давоми давраи ҳисоботӣ теъдоди хатмкардагони шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ 4623 нафарро ташкил дода, аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ҳимояи корҳои дипломӣ, рисолаи хатм дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифт ва нусхаи рисолаҳои хатми хатмкунандагони дараҷаи бакалавр ба китобхонаи донишгоҳ пешниҳод карда шудааст.

Дар соли таҳсили 2019-2020 донишгоҳро 4623 донишҷӯхатмнамуданд,киазонҳо 1997 нафар ба шуъбаи рӯзона (аз он ҷумла,604нафар ихтисоси омӯзгориро тариқи буҷавӣ, 181 нафар тариқи квота) ва ихтисоси ғайриомӯзгориро 1392 нафар, ки аз онҳо 110 нафар батариқи буҷавӣ, 2492 нафар шуъбаи ғоибонаро хатм намудаанд. Ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагони соли таҳсили 2019-2020 - 96,8%-ро ташкил медиҳад. 3 нафар маблағи таҳсилро пардохт намуда, 1 нафар ба ҷойи кор ҳозир нашуд, ки дар натиҷа, аризаи даъвогӣ ба суд ирсол карда шуд.

Навгониҳои назаррас дар самти таълим таъсис ва иҷозатнома гирифтан барои фаъолияти ихтисосҳои наву замонавӣ аз ҷумла ихтисосҳои 1-230108-0201-рӯзноманигори телевизион,1-230108-0201WЕВ –рӯзноманигорӣ,1-230107-01–иттилоот ва робита (технологияҳои робита), 1-210402-0504- танқиди бадеӣ, 1-210601-01 забонҳои муосири хориҷӣ (тадрис (забонҳои арабӣ-хитойӣ), 1-230102-03- таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), 1-230102-03 таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), 1-030102- санъати мусиқӣ ва 1-010102-03- таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (забони русӣ) мебошад.

Дар раванди илм ва инноватсия барои дастовардҳои назаррас ва хизматҳои шоиста 1 нафар бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, 9 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 22 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ шаш лоиҳаи буҷавӣ мавриди таҳқиқ қарор дошта, дар соли 2020 5 лоиҳаи нав ба фаъолият оғоз кард. Ҳамчунин дар асоси озмуни ҷумҳуриявии лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқи бунёдӣ, ки аз ҷониби рўзномаи “Ҷумҳурият” барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст, 4 лоиҳаи илмӣ таҳия ва пешниҳод карда шуд ва 2 лоиҳаи он дар озмун ғолиб дониста шуда, барои иҷро дастгирӣ ёфтанд.

Дар донишгоҳ, дар соли 2020 - 33 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд.

Дар соли 2020 се институти илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла Институти илмӣ - тадқиқотии илмҳои педагогӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ фаъолияташонро идома доданд.

Дар донишгоҳраванди навоварӣ ва ихтироъкорӣ бо маром ҷараён дорад. Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ аз рӯйи 2 ихтироот устодон 2 Нахустпатент ва 1 Шаодатномаи Маркази миллии патенту иттилоотро ба даст оварда, 1 ихтирои дигар барои гирифтани патент пешниҳод шудааст.

Дар самти корҳои тарбиявӣ бо мақсади татбиқи муваффақонаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2019 баён гардидаанд, дар маҷмӯъ, 3500 чорабинӣ, аз ҷумла 1500 лексия, 1000 суҳбат, 500 вохӯрӣ, 300 мизи мудаввар, 150 ташкил ва гузаронида шуд.

Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ–самтҳои фаъолият мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, донишгоҳ бо 7 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид ва дар маҷмуъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар раванди фаъолияти иқтисодӣ–молиявии донишгоҳ ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ ва таҳсил ба кормандон, омӯзгорону донишҷӯён, дастгирии моддиву маънавии онҳо ва корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Дар идома намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо ва телевизиону радиои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, аз ҷумлаи “Ҷумҳурият”, “Омӯзгор”, “Азия+”, “Озодӣ”, “Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати”, ШТР “Азия”, “СМ-1”, “Танин” ва дигарон бо беш аз 30 саволҳои худ муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ