​Ҷамшед Ҷӯразода: 55,6%-и теъдоди умумии ҳайати кормандони донишгоҳро бонувон ташкил медиҳанд

- ин нукта зимни баргузории чорабинии тантанавии идона бахшида ба Рӯзи Модар, ки дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷараён гирифт, баён гардид.

Дар ибтидои чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид. Дар нома омадааст: “Ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеа мебошад, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург буда, нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рўзгор мебошад. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем”.

Сипас ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, бонвон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, сарбаландӣ ва некиҳои ҷаҳонро орзу дошт.

Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам, Рӯзи Модар, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос пазироӣ мешавад. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори мост. Саҳми онҳо хусусан, дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон фаъолият доранд.

Ҷамшед Ҷӯразода зикр намуд, ки феълан аз шумораи умумии кормандони донишгоҳ 783 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба 55,6%-и теъдоди умумии ҳайати кормандон баробар мебошад. Аз ҷумла, 8 нафар занон дар вазифаи профессор, 122 нафар номзади илм, дотсент, 143 нафар сармуаллима, 165 нафар муаллима фаъолият доранд.

Илова бар ин, сол аз сол сафи номзадҳои илм дар донишгоҳ афзуда истодаанд, ки аксарият аз ҳисоби занону бонувон мебошад. Чунончи, соли 2020 дар донишгоҳ аз 33 рисолаи номзадии ҳимояшуда 21 адад ё 63 %-и онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин аз фаъолнокии занону бонувон ва рушди илм дар донишгоҳ дарак медиҳад.

Айни ҳол дар сатҳи роҳбарияти донишгоҳ аз ҳисоби занон 42 нафар, дар вазифаи декани факултет 7 нафар, муовини декан оид ба таълим, тарбия, илм ва инноватсия ва таҳсилоти фосилавӣ 27 нафар ва мудирони кафедра 39 нафар фаъолияти назаррасу густурда доранд.

Гузашта аз ин, роҳбарии як Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадиро дар донишгоҳ як нафар зан – профессор Матлубаи Мирзоюнус ва вазифаи директори институти илмии ҷомеашиносии донишгоҳро профессор Умеда Ғаффорова бар уҳда доранд.

Боиси ифтихор аст, ки беш аз 65 нафар омӯзгори донишгоҳ таҳти роҳбарии маҳз занон-олимони шинохтаи ин боргоҳи илму маърифат рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, дар роҳи илм устуворона қадам мегузоранд.

Ҷамъбасти дастовардҳои илмии донишгоҳ дар соли 2020 нишон дод, ки ғолибони озмунҳои умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, озмунҳои “Олими сол”, “Олими ҷавони сол”, “Докторанти сол”, “Магистранти сол”, озмуни факултет ва кафедраи беҳтарин, ихтирооту навоварӣ ва таҳияи лоиҳаҳо қадр гаштанд, ки беш аз 67 нафари онҳоро занону бонувон ташкил доданд. Аз ҷумла, 9 нафар бонувон барои фаъолияти назарраси нашрӣ, 4 нафар баҳри касби ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуни “Олими сол–2020” ва озмуни “Олими ҷавони сол-2020” аз ҳисоби бонувон тақдиронида шуданд.Ҷамшед Ҷӯразода дар фароварди сухан бо итминони комил баён дошт, ки занону модарон рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сўи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон баранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин рӯз як қатор бонувон ва кормандони донишгоҳ баҳри фаъолияти назарраси меҳнатӣ, хизматҳои арзанда дар рушди таълиму тарбия, корҳои босамари илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамзамон ба муносибати Рӯзи Модар бо мукофоти хотиравӣ ва раҳматнома қард гаштанд.

Дар идома, аз тарафи аҳли санъати вилоят, донишҷӯёни факултети санъат ва дастаи созию овозии “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ барномаи фарҳангиву фароғатӣ манзур гардид

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ