​Сухани табрикии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба муносибати Рӯзи Модар

Модарони меҳрубон, бонувон ва хоҳарони азиз!

Пеш аз ҳама, Шумо - занону бонувони соҳибхирад ва содиқ ба касби пуршарафи омӯзгориро бо фарорасии Рўзи Модар самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, сарбаландӣ ва тамоми некиҳои ҷаҳонро таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Ин аст, ки сездаҳ сол инҷониб мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рўзи модар ва рамзи арҷгузорӣ ба мақому мартабаи Зан – Модар таҷлил мекунанд, ки ин амри тасодуфӣ набуда, балки иқдоме аст, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.

Дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми онҳо хусусан, дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Дар ин замина, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави дастуру супоришоти Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҳкими мақоми занону бонувон дар ҷомеа пайваста иқдом мекунад.

Феълан аз шумораи умумии кормандони донишгоҳ 783 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба 55,6%-и теъдоди умумии ҳайати кормандон баробар мебошад. Аз ҷумла, 8 нафар занон дар вазифаи профессор, 122 нафар номзади илм, дотсент, 143 нафар сармуаллима, 165 нафар муаллима фаъолият доранд.

Илова бар ин, сол аз сол сафи номзадҳои илм дар донишгоҳ афзуда истодаанд, ки аксарият аз ҳисоби занону бонувон мебошад. Чунончи, соли 2020 дар донишгоҳ аз 33 рисолаи номзадии ҳимояшуда 21 адад ё 63 %-и онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин аз фаъолнокии занону бонувон ва рушди илм дар донишгоҳ дарак медиҳад.

Айни ҳол дар сатҳи роҳбарияти донишгоҳ аз ҳисоби занон 42 нафар, дар вазифаи декани факултет 7 нафар, муовини декан оид ба таълим, тарбия, илм ва инноватсия ва таҳсилоти фосилавӣ 27 нафар ва мудирони кафедра 39 нафар фаъолияти назаррасу густурда доранд.

Гузашта аз ин, роҳбарии як Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадиро дар донишгоҳ як нафар зан – профессор Матлубаи Мирзоюнус ва вазифаи директори институти илмии ҷомеашиносии донишгоҳро профессор Умеда Ғаффорова бар уҳда доранд.

Боиси ифтихор аст, ки беш аз 65 нафар омӯзгори донишгоҳ таҳти роҳбарии маҳз занон-олимони шинохтаи ин боргоҳи илму маърифат рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, дар роҳи илм устуворона қадам мегузоранд.

Тазаккур бояд дод, ки иштироки занону бонувони донишгоҳ дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар аз обрӯ ва мавқеи сазовордошта дар ҷомеа далолат мекунад.

Раёсати донишгоҳ ҳамеша занону бонувони эҷодкор ва соҳибмаърифатро қадршиносӣ менамояд ва баҳри пешбури фаъолият заминаи созгорро фароҳам месозад. Ҷамъбасти дастовардҳои илмии донишгоҳ дар соли 2020 нишон дод, ки ғолибони озмунҳои умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, озмунҳои “Олими сол”, “Олими ҷавони сол”, “Докторанти сол”, “Магистранти сол”, озмуни факултет ва кафедраи беҳтарин, ихтирооту навоварӣ ва таҳияи лоиҳаҳо қадр гаштанд, ки беш аз 67 нафари онҳоро занону бонувон ташкил доданд. Аз ҷумла, 9 нафар бонувон барои фаъолияти назарраси нашрӣ, 4 нафар баҳри касби ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуни “Олими сол–2020” ва озмуни Олими ҷавони сол-2020” аз ҳисоби бонувон тақдиронида шуданд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ бо назардошти нерӯи пешбари занон ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои намояндагони ин қишри ҷомеа тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонад.

Мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем. Зеро Модари тоҷик дар тўли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.

Итминони комил дорем, ки занону модарони арҷманди мо рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сўи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон баранд.

Ҳамеша танатон сиҳат, умратон дароз бод, дар иҷрои рисолати бузурги омӯзгорӣ тавфиқи пайваста таманно менамоям.

Ид муборак, модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ