​Хато бувад зи хатозода, гар хато накунад!

Дар таърихи тамаддуни башарӣ бисёр гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои хиёнатпеша мавҷуд буданд, ки аз ягонтои онҳо номи нек ва хотираи хуш боқӣ намондааст. Дар ҳамаи давру замон хоинон маҳкум мешуданд ва ба нафрати халқу миллат гирифтор мегаштанд. Хоинони ватанфурўш бошанд, ҳаргиз ба афви халқ сазовор намегарданд. Хоинӣ ва ватанфурўшии сарварон ва баъзе аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломиро филми мустанади “Хиёнат”, ки дар телевизионҳои маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудаанд, фош кард. Ин филми мустанад пардаҳои бисёреро аз кирдорҳои разилонаи хоинони миллат кушод.

Дар солҳои 90-ум намояндагони ҳизби наҳзат мардумро ба қиём даъват карданд. Мардум, ки дар замони шўравӣ ва сиёсати якҳизбӣ нишаста буд, воқеан ташнаи таълимоти ислом буд ва даъвати наҳзатиёнро ҷонибдорӣ карда,ба майдон баромад. Ба домани онҳо чормағзи пуч ҷой карда, аз анбори холӣ сад ман шолӣ ваъда карданд. Мардум ки он замон ваҳшониятҳои босмачиёнро фаромўш карда буданд, хиёнати муллоҳоро аз ёд бароварда буданд, дар симои муллоҳо ва руҳниён шахсиятҳои начотдиҳандаро дида буданд. Ин аз он сабаб буд, ки дар давраи шўравӣ муллоҳо ва руҳониёни таълими мадрасаи “Мири Араб”-и Бухороро гирифта дар сарикор буданд, аз онҳо ягон кирдори ношоистаро мардум надида буд. Доир ба умури динӣ ва масъалаҳои марбут ба дин гап гапи муллои Бухороро хонда буд.

Мутаассифона, бисёр муллоҳо ва руҳониёни шинохта бо нияти хидмат ба ислом гирифтори гумроҳӣшуда,аъзои ҳизби наҳзат гашта буданд. Аз нуфузи руҳониён истифода карда, наҳзатиёти мансабхоҳу ҳавопараст, мардумро ба майдон кашониданд.

Як қисми зираки руҳониёни дин чун воқеиятро фаҳмиданд, аз аъзогии ин ҳизб даст кашиданд. Ҳизби наҳзат он замон мехост, ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намояд. Ҳатто ноҳияи Ғармро давлати исломӣ эълон карда, байрақи сабзро дар он боло бардошта буданд.

Тоҷикон аз азал мардуми сулҳдўст, меҳрубон, ғамхор ва ободкор аст, ки доимо даст ба ободии диёр равона аст. Аммо чӣ шуд, ки дар муддати кўтоҳ, дар як они муайян мубаллиғони хориҷӣ ба ин миллат даст ба куштани бародар бурданро омўзониданд.

Сафкашиҳо дар майдони Шаҳидон, қадамзаниҳои ҳарбӣ дар он ҷо, шиорпартоиҳои дар як кишвари исломӣ истифодабаранда, ҳар рўз аз субҳ то шом кофир эълон кардани коммунистҳо ва монанди инҳо воқеан мафкураи аҳли майдонро вайрон кард. Дар хаймаҳо бошад, инструкторҳои ҳарбию сиёсӣ ва агентону ҷосусони хориҷӣ ба гўши саркардагони наҳзатӣ “азон” хонда меистоданд, ки ба амалиёти мусаллаҳона гузаранд...

Натиҷа маълум, ки ҳоҷат ба баён надорад.

Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон амалиёти муғризонаашро баъди ба даст омадани сулҳу оштӣ ҳам идома дод. Муҳиддин Кабирӣ ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллар, бо дасти Абдуҳалим Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим мехост, ки табаддулоти давлатӣ кунад ва ба сари ҳокимият ояд. Ин ҳодиса моҳи сентябри соли 2015 рух дода буд, ки инро ҳамагон медонанд.

Имрўз бошад, дар хориҷи кишвар, дар Аврупо истода Муҳиддин Кабирӣ ва дигар думравонаш мехоҳанд, ки вазъи ороми ҷумҳуриро халалдор кунанд. Хоинон имрўзҳо боз ба Ватан хиёнат мекунанд.

Дурўғ гуфтан нистбати Тоҷикистон ба хотири паст задани эътибори Сарвари давлат магар кори дуруст аст? Сомонаҳои Ислоҳ нет, Ахборком, гурўҳҳои дар Фейсбукбудаи ПМТ ва ғайраҳо парокандакунандаи дурўғ ва барангезандагони фитнаву адоватанд. Онҳо доми тазвиранд, ки бо дурўғу фиребу буҳтон ҷавонон – муҳоҷирони гумроҳро ба худ ҷалб мекунанд.

Боз ҳамон корихатоеро мекунанд, ки зараровар аст, аммо ин хатозодагонро боке нест, зеро - хато бувад зи хатозода, гар хато накунад, - гуфтаанд.

Пайрав Сулаймонзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ