Дар Қирғизистон доираи мафиатхоҳ вуҷуд доранд!

Моҷароҳои охир, ки қирғизҳо аксаран барои замин бо тоҷикон барпо мекунанд, аз гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз рӯи кор меояд. Зеро талошҳо дар бораи он қитъаҳои баҳсие меравад, ки қадим ба тоҷикон тааллуқ дорад. Солиёни зиёд тоҷикону қирғизҳо дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, дар беҳбудии зиндагии ҳамдигарӣ нақши назаррас доштанд ва бояд минбаъд низ дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ дар деҳоти назди сархадӣ кору зиндагӣ намоянд. Ҷойи таассуф аст, иғвои навбатии мардуми қирғиз дар сарҳад бо ноҳияи Исфара, ки боиси ноором гардидани вазъи минтақа ва ташвишу изтироби мардуми мо гардид.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ санаи 8 майи соли 2020 ворид гардида кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз карданд. Бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғиистон огоҳ карда шуданд, ки минтақаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва бояд онҳо ин минтақаро тарк кунанд. Аммо ҷониби қирғиз беш аз 80 нафар сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати Оксойи ноҳияи Бодкандро ба ин муноқиша ҷалб ва таҳрик намуд. Онҳо ба тарафи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ санг партофта, аз силоҳи оташфишон истифода карданд, ки ин аз кори гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз гувоҳӣ медиҳад. Мардуми тоҷик талошҳои худро баҳри роҳ надодан ба низоъ ва таъмини амнияти сокинони назди марзӣ равона сохтааст. Мутаассифона, мардуми қирғиз новобаста аз тафоҳуми байниҳамдигари ва қарордодҳо бори дигар ба оини ҳамсоядорӣ нигоҳ накарда, ба ҷониби мардуми бесилоҳи тоҷик тир холӣ намуда, боиси захми гардидани шаҳрвандони тоҷик гардиданд

Дар ҳоле, ки имрӯз авзои ҷомеа бо сабаби пайдоиши бемории сироятии коронавирус дар ташвиш аст ва ҳамзамон дар моҳи мубораки Рамазон ба чунин амалҳои нобахшиданӣ даст задан магар аз оини мусулмонист? Мо боварии дорем, ки ин ҳама нофаҳмиву низоъҳои байнисарҳадӣ барҳам дода шуда, байни давлатҳои дӯсту бародар-Тоҷикистону Қирғизистон сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром ҳукмфармо хоҳад шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ