​Нигоҳе ба саҳми Ҷўрабек Набиев дар рушди фарҳанги миллӣ

Дар факултети санъат маҳфили илмӣ-адабӣ ба ифтихори 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷўрабек Набиев таҳти унвони «Саҳми Ҷўрабек Набиев дар рушди фарҳанги миллӣ» бо иштироки устодони кафедраи мусиқии суннатии тоҷик, донишҷўёни ихтисоси сурудхонӣ (халқӣ), эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ) баргузор гардид.

Дар рафти маҳфил масъалаҳои умдаи мусиқии суннатии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин аз эҷодиёти устод Ҷўрабек Набиев дар иҷрои шогирдон чанд суруд пешкаши аҳли маҳфил гардид.

Дар Википедиа — донишномаи озод нигошта шудааст, ки Ҷўрабек Набиев ҳамчун мутриби хушсалиқа услуби хоси сарояндагии худро дорад ва овозаш хеле ширадор буда, сурудҳои одӣ ва мураккабро бо маҳорати баланд месарояд. Ӯ бештар ба сароидани сурудҳо бар матнҳои классикӣ мароқ дорад. Дар иҷрои ӯ мақомҳои «Сарахбори Оромиҷон» (Ҳофиз), «Ушшоқи Самарқанд» (Зебуннисо), «Соқиномаи Ироқ» (Амирӣ), «Ироқи Тошканд» (Мискин), «Ушшоқи Содирхон» (Ҷомӣ), «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон» (Ҳилолӣ) ва ғайра хеле боназокату дилрабо садо додаанд ва онҳо то кунун ба дилҳо фараҳ мебахшанд.

Дар репертуари ин мутриби хушсалиқа беш аз 200 сурудҳо ворид шудаанд ва бештари онҳо мавзӯъҳои Ватан, Модар, диёри маҳбубро тараннум менамоянд.

Ҷӯрабек Набиев ба бисёр мамолики хориҷ, ба монанди Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Яман ва ғайра, сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, ҳунари мардуми тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Муаллифи зиёда аз 200 суруди тоҷикӣ ва узбекӣ аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ