​Онлайнконференсия: Муаммоҳои физикаи муосир дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровқисми ифтитоҳии конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии онлайнии “Муаммоҳои физикаи муосир дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ва дар ин замина, дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ,иқтисодӣ ва фарҳангӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин хотирасон карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии солонаи хеш ба соҳаи илму маорифи кишвар бори дигар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияи муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус дода, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақик ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.

Дар бахши маърӯзаҳо доктори илмҳои физика-математика, профессори кафедраи электроникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Абдуаҳат Қодиров ва доктори илмҳои физика-математика, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи таърихи илмҳои табиӣ ва технологияи назди ДДБ ба номиНосири Хусрав, Комилӣ Абдулхай Шарифзода доир ба масъалаҳои мубрами илмии физикаи муосир дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Нимаи дуюми рӯз кор дар ҳафт бахшҳо идома ёфта, дар онмаърӯзаҳои ба барномаи конференсия ворид гардида, ироа шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ба унвони кумитаи тадорукоти конференсия аз тарафи олимон, муҳаққиқон, доктарантон ва магистрони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ беш аз 120 мақолаи илмӣ ворид гардидааст, ки он дар шакли маводи илмӣ ба нашр хоҳад расид.

Маркази иттиллот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ