​Табиатдӯстӣ аз имон аст!

Манзара ҳам зебою ҳавои тоза, оби зулолу киштзорҳои маданӣ, ҳайвоноти вуҳушу растаниҳои ёбоӣ аз офариниш нотакрору ба инсон ҳаловати маънавиву моддӣ мебахшанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад бо табиати биҳиштосою экосистемаҳои гуногуни табиии бемислаш шӯҳратёри ҷаҳониён шудааст. Кӯҳсори бовиқори сар ба фалак кашидаву хазинаи бойи обҳои равон, замини зархезу иқлими мусоид барои парвариши меваҳои шаҳдбор мардумонро ташаккул додааст, ки заҳматдӯсту бофарҳанг, тамаддунофару қавиирода, хушпайкару накӯкор ва сифатҳои олии дигари инсонӣ доранд. Исботи ин гуфтаҳоро дар кабудизору гулпӯшнамоии шаҳру деҳоти кишвар мебинем, ки торафт вусъат ёфта истодаасту Ватанамон сарсабзу хуррам гашта истодааст.

Вале, нотавонбинони сиёҳдилу кӯрнамак, бадкинаву ландаҳур ҳамаи ин неъматҳои Парвардигорро нодида мегиранду айбе аз ҷаннатулмаъво мекобанд. Наҳзатиёни ифротӣ бо Кабирии манфур аз ин тоифаи беимонанд, ки ниҳоле дар умри худ сабз накардаанду ба дарахти азимҷуссаи сарсабзу хуррами Истиқлолият бо ҳасудию бахилӣ менигаранд. Агар заррае имону инсоф медоштанд, андеша мекарданд, ки себи Файзобод чӣ таъме дораду себи дар Аврупо хӯрдаашон чӣ мазза дорад. Зеро, ҳатто кирми муфтхӯр аз хӯрдани себи Аврупо ҳазар дорад. Лекин, наҳзатиёни ватангадо ба қадри неъмати Ватану ватандорӣ нарасидаву хиёнат кардаанд ва то ҳанӯз аз бӯҳтонбофию дасисабозиҳо даст накашидаанд.

Ношукрию носипосгӯии онҳо нисбати табиати кишварамон шаҳодати он аст, ки ин мурдорони палид имони муҳаммадӣ надоранду рӯзе мерасад, дар коми табиати бегона чун муфтхӯри бахилу разил сарсону саргардон мехоҳанд неъмати Ватани чвшвнду лек, иншоолоҳ гавҳари моён онҳоро заҳролуд месозаду нобуд! Фанои бебақоии наҳзатиёнро насиб бошад мӯҳлате ночиз боқӣ мондааст!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ