​Изҳорот: Муҳиддин Кабирии хиёнаткор ба мо кумак карда наметавонӣ, халал нарасон!

Расонаӣ шудани ҳодисаҳои охире, ки аз ҷониби пайравони Кабирӣ рух дод бори дигар собит сохт, ки агар инсон ба хотири ғаразҳои шахсӣ ба хизмати хоҷагони бегона қарор гирифта, ба мазҳабу ватанфурӯшӣ ва хиёнат ба миллати хеш одат карда бошад, барои вай на танҳо Ватану Миллат, ҳатто падару модар ва аҳли байти худ дигар ягон арзише надорад.Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравону баъзе аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба ҷои он ки аз кардаашон пушаймон шуда, чун дигарон дар ватан дар паҳлӯи падару модар ва аҳли байти худ осудаҳолона зиндагӣ карда, ба меҳнати ҳалолу созандагӣ машғул шаванд, вале ба хотири пули ночиз бо усулҳои гуногун хиёнатро дар ҳаққи Ватану Миллат вамардуми тоҷик бераҳмона идома дода истодаанд.

Мо ҷавонон аз таърихи навини тоҷик огоҳ ҳастем, ки саркардагони ТЭТ ҲНИ барои мардуми тоҷик чӣ бадбахтиҳоеро рӯи кор овард. Акнун ҷавонони ҳозира ҷавонони солҳои 90-ум нестанд, ки Шумо мафкураи онҳоро барои вайрон кардани давлати навбунёди Тоҷикистон равона созед. Мо ҳоло ҷавонони созанда зери сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содиқона хизмат кардан тамоми нерӯи худро сафарбар менамоем.

Мо менипдорем, ки роҳи ягонаи наҷоти Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба кардаҳо пушаймоншудаи худ иқрор шуда, аз мардуми Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварда ба Ватан баргашта, ба меҳнати ҳалол шуғл варзад. Ё кумак карда наметавонад ба мо халал нарасонад.

ШАҲРЗОД БАҲОРӢ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ