​Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...

Дӯст доштани Ватан, арҷ гузорӣ ба арзишҳои милливу ҳимояи марзу бум қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Шахси бонангу номус наметавонад ин сифатҳоро сарфи назар созаду нисбат ба меҳани худ бетараф гардад. Ҳар нафар муҳаббати худро нисбат ба Ватани хеш бо ҳар гуна ҳарбу зарб рӯи забон меорад. Яке мегуяд, ки посбони сарзамини достон моем!, дигаре бо ғурур – аз макони хонадони ростон моем!, саввумин ифшои рози дилашро бо тамошои ҳар гӯшаи биҳиштосо шикаст медиҳад! Дар ҳақ, тоҷик дар ҳама давру замон миллати ватандорони асил, ҳимоятгарони бофарҳангу аз аҳли қалам буду бар ҳама гуна набард чун сипар бар ҳифзи ин хоки аҷдодӣ девора мегашт.

Мусаллам аст, ки нафареро, ки дар вуҷудаш хуни ватандорӣ ҷӯш мезанад ҳар куҷое қадам мезанад аз меҳану диёри номбардори хеш сухан меронад ва ҳар тоҷик ҳуқуқ дорад, ки аз Ватанаш ифтихор намояд. Аммо наҳзатиён чун қувваи вопасгаро ва хилофи рушду инкишофи ин давлату миллат бар ҳар нафаре, ки аз ватандориву меҳанпарастӣ сухан мекунаду дар васфи Ватан месарояд, чун душман ва рақиби худ қабул менамоянду мекӯшанд то ба ҳар гуна васила сӯяш борони маломату дашном ва тӯҳмату буҳтонро равона созад. Мирраҳмон Асрорӣ аз шаҳри Бухоро хеле хуб вокуниш намудаанд: “касоне ки сипари ҳифзи Ватан мебошанд, душмандоранд, тоифаи ифротӣ тавони дидани шахсони меҳандӯстро надорад, зеро оромӣ ва субот рақиби ашаддии ин тоифа мардумаст. Тоҷик миллатпараст аст бинобар истодагарӣ,душмани оштинопазири ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мебошад ва наҳзатгароӣ”.

Он Музаффаре, ки аз Ватан суруду ободии Ватан, зебогии диёр, макони биҳиштосои Тоҷикистонро ба самъи бинандагони шабакаи иҷтимоӣ гузоштааст, хашми наҳзатиёнро (алалхусус Сулаймон Орзу, ки блогери наҳзатӣ шинохта шудааст) оварда бошад, пас бо ин кирдори худ наҳзатиён собит намудаанд, ки ҳаргиз ба ободии Ватан намекӯшанд, ҳаргиз пешрафту тараққиёти давлату миллатро диданӣ нестанд, балки ҳадафу маромашон як аст!, вайронсозии сохти давлатдории мо!, нооромсозии кишвар, гумроҳ намудани ҷавонони мо ва ба арсаи ҷаҳон носозгор вонамуд намудани ин миллат аст!

Ҳайфи номи одамиву ҳайфи оне, ки аз номи дини мубин сухан мекунед. Ҳайфо......

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ