Хоинони қашшангу мардумфиреб

Фаъолияти ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда бошад, ҳам роҳбарон ва иддае аз “ҷонибдорон”-и ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, ҷор мезананд, ки гўё қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ кардани фаъолияти ин ҳизб қонунӣ нест. Бояд гуфт, ки роҳбариҳизби экстремистӣ-террористии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар чунин туҳмату иғвоҳо таҷрибаи бузург дорад ва ҳар лаҳза аз фурсати қулай истифода бурда неши заҳролуди худро бар миллати мо мезанад. Агар дар асл гирем ин ҳизби хонасӯзи бадкирдорон мавқеи худро кайҳост, ки аз даст додаву аз боварии мардум баромадааст. Онҳо дини поки исломро олудаи ифроту иғво ва бо фиребу найранг ба нафъи худ вонамуд карданд, ки дар интиҳо ҳамаи он фошу маҳкум шуд. Зеро чуноне, ки мегӯянд: “Офтобро бо доман пӯшида намешавад”.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Аслан гирем ин ҳизб нуфузҳам надошт, бар замми инмардум худашон аз урфу одатҳи ихтирокоронаи онҳо хаста шуданд, ки оқибати он ба ҳамагон аён аст.

Мо худ мусулмонем ва ба роҳи рост равонему шукронаи ин сарзамини ободу осоиштаи диёрамонро мекунем. Чуноне, ки тариқи расонаҳои хабарӣ пай мебарем дар бисёр кишварҳои дунё вазъият ноором аст. Мардум бо ҳамдигар дар талош ҳастанду ҷанг мекунанд. Дар шаҳрашон бесарусомониҳо бо полис ҷанг мекунанд, бо ҳамдигар ҷанг мекунанд, ҳама захмдор кӯдакон гуруснаву ташна ҳама дар азоб ҳастанд. Мақсади ин хоинони нопок Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин низ ҳамин аст. Дар балову бад гирифтор кардани миллати тоҷик аст. Аммо мо инро намегузорем ва ба фиребу найранги ин бадхоҳону хоинони миллат дода намешавем. Онҳо худашон сарсону саргардонанд ва дигаронро низ аз паси худ бурданианд.

Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин хоинони рақами №1 мебошанд ва ҳамагон онҳоро бад мебинанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ