​То ба кай андешаи дӯстона кунем?

Муноқишаҳои мутаасил дар сарҳади байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон таърихи тӯлониро дар бар гирифтаасту ҳаллу фасли воқеъиро тақозо менамояд. Зеро, аз солҳои 1988-1989-ум инҷониб дар ин мавзеъ низоъҳо оғоз ёфтаву то ба ҳол идома дорад.Хусусан, тезутундшавии вазъият солҳои охир боиси кушта гардидани чандин шаҳрвандони бегуноҳи Тоҷикистон шудааст, ки сабаби ғазаби объективонаи шаҳрвандони бо орияту бо номуси Ватани соҳибистиқлоламон мебошад. Аён гардидааст, ки аксаран заминаи муноқишаҳо аз иғвогариҳои як-ду нафар ашхоси муғризи ҷониби Қирғизистон оғоз ёфта ба зиддияти халқи оддӣ мубаддал мегардад. Ҳукуматдорони қирғиз бошад, нисбати чунин ашхос муҷозотҳои гуногунро раво намедоранд, ки баъдан боиси давом ёфтани муноқишаҳо шуда истодааст.

Мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофариТоҷикистон тӯли солҳои зиёд баҳри ҳалли мусолиҳаомези низоъи мавҷуда кӯшиш намуда таҳаммулро пеша кардаанд, аммо имрӯзҳо “корд аз устухон гузаштааст”-у месазад, ки андешаи фарҳангиамонро як сӯ гузорему нишон диҳем, ки миллати тоҷик баҳри ҳифзи марзи хеш омода аст, ки тани худро сипар кунад. Аз ин рӯ, ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат намуда илтиҷо дорам, ки дар пеши ҷониби муқобил шарти қатъӣ гузоранд,ки нисбати иғвогарони ошӯбангез чораҳои зарурӣ андешад. Дар акси ҳол, мардум маҷбур мешавад, ки бар ивази ҷониби Қирғизистон ба чораҷӯӣ оғоз намояд!!!!.

Лаънат ба иғвогарони балвогар ва чоплусони онҳо !!!!!!!

Собиров Мурод Собитович – устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ