​Қоғази лакмусӣ?!

Донистани набзи ҷомеа, ҷабҳаҳои мусбию манфии рушди ҷомеа ва равандҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра ба роҳбарияти мамлакатҳо имкон медиҳанд, ки роҳи оптималию мусоиди пешбурди давлатиро дар давраи муосир ва ҳам дурнамо муайяну амалӣ намоянд. Хусусан. муайян намудани вазъ ва зиддиятҳои муқовимат дар ҷомеа барои таъмини субот ва оромӣ фазои солими пешрафт хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Илми табиатшиносӣ, ки дар илми ҷаҳонӣ мавқеи хосаро доросту равандҳои ҳаётии дирӯзу имрӯз ва ояндаро меомӯзаду самти такомули онҳоро таҳқиқ менамояд, аз усулу воситаҳои гуногун истифода мебарад, ки яке аз онҳо “қоғази лакмусӣ” маҳсуб меёбад, ки реаксияи муҳит ё худ нишондоди боқимондани гидрогенӣ дар маҳлулро инъикос менамояд. Дар ин васила бо осонӣ метавон ба муҳит баҳо дод ва турш ё ишқорӣ будани онро муайян намуд. Чунин маълумот барои идора намудани равандҳои дохилии минбаъдаи маҳлул заминаи боэътимод фароҳам меоварад.

Ҳодисаҳои гуногуни сиёсӣ – иҷтимоии рушди ҷомеа низ чун “қоғази лакмусӣ” вазъи воқеиро инъикос менамояду барои идоранамоӣ ва таъмини субот замина шуда метавонанд. Воқеаҳои байнисарҳадии Ворух, дасисабозиҳою низоандозии наҳзатиён бо роҳбарии Муҳиддин Кабирии мунофиқ дар ҳафтаҳои охир чун “қоғази лакмусӣ” мақсаду мароми покдилону сиёҳтинатонро ҳам дар дохилу ва ҳам хориҷи кишвар аниқу дақиқ намуд. Маълум гардид, ки мардуми кишвар якдилу сарҷамъ дар атрофи сиёсати оқилонаю хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар мебошанд ва чун таҳамтан метавонанд бар зидди нохалафон неруи тавоною сирнагунсоз бошанд. Чунин сарҷамъиву ваҳдатро ягон нафару гурӯҳе натавонанд халалдор созанд ва дар диёри биҳиштосоямон Истиқлолияти давлатӣ пояндаву ақлу хиради азалӣ ғалаба хоҳад кард.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ