​ДДХ: “Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим ҳамчун асоси методологияи таҳсилоти муосир” – таҳти ин унвон машварат баргузор гашт

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинар-машварат оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таҳти унвони “Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим ҳамчун асоси методологияи таҳсилоти муосир” доир гардид.

Машваратро сардори раёсати таълим, номзади илмҳои химия, дотсент Муҳиддин Сабуров ифтитоҳ бахшида, арз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонсанаи 26–уми декабри соли 2018 қайд намуданд, ки “Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем”.

Имрӯз вобаста ба баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон, ҳамзамон мутобиқати мазмуни таҳсилот ба шароити муосир дар назди маориф масъалаҳои муҳим гузошта мешаванд.

Илова гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто ва Вазорати маориф ва илми кишвар пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020»-ро ба тасвиб расонд. Таълими ба ташаккули салоҳиятнокӣ равонагардида, ки ҳар ду вазифаҳои таҳсилотро вобаста ба натиҷаи он муайян менамояд ва салоҳиятҳои асосии таълими шогирдонро дар баробари дониш, маҳорат ва малака ба сифати яке аз натиҷаҳои таҳсилот баррасӣ менамояд. Барои иҷрои вазифаи мазкурва зина ба зина рӯй овардан ба муносибати нави таълим, яъне муносибати босалоҳият дар синфҳои ибтидоӣ озмоиш ба амал оварда, аз сентябри соли 2016 синфҳои ибтидоӣ пурра ба муносибати нави таълим гузаронида шуданд. Озмоиш аз фанҳои математика ва забони модарӣдар 24 муассисаи таҳсилотӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли таҳсили 2018 бошад таълими як қатор фанҳо дар доираи талаботи салоҳиятҳои асосии таълимӣ ҷорӣ карда шуда, аз ҷумла тамоми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ муносибатро ба таълим дигиргун намуда, ба муносибати босалоҳият рӯй оварданд.

Баъдан, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ, дастент Сарвиноз Ҷӯраева доир ба масоили “Муносибати босалоҳиятӣ ба таълим ва ҳадафҳои он”, муовини декан оид ба таълими факултети санъат ва технология, номзади илм Шерзод Азизов дар мавзӯи“Муносибати босалоҳият ба таҳияи раванди педагогӣ” ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раъно Шаропова оид ба “Муносибат ва асосҳои салоҳиятнокӣ дар таълим” баромад доштанд.

Зимни табодули андеша аз ҷониби иштирокдорон баён гашт, ки муносибати босалоҳият ба таълим тамоюли муҳим дар фазои ягонаи таҳсилот ба шумор рафта, барои аз байн бурдани мухолифати байни талаботи барнома бо эҳтиёҷоти ҷомеаталаботи шахсро дар натиҷаи омӯзиш қонеъ мегардонад.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим рӯз аз рӯз муммои умумиҷаҳонӣ шуда истодааст. Барои ин моро зарур аст, ки усулҳои нави донишомӯзиро қабул кунем, раванди таълимро ташаккул диҳем, ки барои баланд бардоштани сифати таълим мусоидат намояд. Сифати таҳсилот бояд ба талаботи тамоми субъектҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ бошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар семинар – машварат мазкур роҳ ва усулҳои гузаронидани машғулиятҳо дар замони муосиро мавриди баррасии амиқ қарор дода шуда, ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот маънидод карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ