Изҳорот: Нест бод коронавирус «Covid-19»!

Имруз барои аз байн бурдани бемории нави каронавирус ковид 19 сахми тахмоми ахолии курраи замин зарур аст. Зеро сирояти бемории мазкур ба зуком монанд буда, масъулияти бурдани тарзи хаёти солимро аз хар як нафар талаб мекунад. Бо назардошти ин хукуматдорон ва масъулин аз тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ, ки аз ҷониби Давлату Ҳукумат муҳайё шудааст, истифода менамоянд.

Дар сурати зарурат кӯмакҳои иловагӣ ба беморхонаҳо сафарбар карда мешаванд, ки боиси хотирчамъии ахоли аст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти иқтидорҳои раванди табобат равона карда шудааст. Аз руи маълумотхо дар сурати норасоии духтурон, метавон аз захираҳои ҷойдоштаи дохилӣ самаранок истифода бурд. Ҳамзамон истифодаи таҷрибаи табобат дар хонаро низ роҳандозӣ кард, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе натиҷаи хуб ба бор оварда истодааст.

Айни хол роҳбарияти вилоят шабонарӯз дар заҳмат буда, кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ҷабҳаи муборизаи табибон ягон камбудӣ ба чашм нарасад. Идомаи корҳои тамизкунӣ бахусус дар ҷойҳои осебпазир муҳим мебошад.

Мо кулли устодони ДДХ ба номи академик Б.Гафуров боварии комил дорем, ки бо сахм гузоштани хар як нафар дар мубориза ва пешгирии бемории каронавирус ковид 19 дар мархилаи наздиктарин чумхурии махбубамон аз ин вазъи рахо ёфта, мардум ба речаи пешина бармегарданд.

Вокуниши кафедраи умумидонишгохии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ