Риштаи дӯстии байни халқҳои тоҷику қирғиз канданашаванда

Аз замонҳои қадим гузаштагони мо нисбати ҳаққи ҳамсоягӣ ҳурмату эҳтироми баланд доштанд. Ё дар урфият мегуфтанд, ки “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар” аст. Ин гуфтаҳо на танҳо дар ҳамсоягии атроф балки дар ҳамсоягии байни давлатҳо низ амал мекунад. Мо халқи тоҷик аз азал миллати дурандешу меҳмоннавоз буда, нисбати ҳаққу ҳамсоягӣ эҳтироми хоса дорем.

Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва даврони соҳибистиқлолии хеш дар рушди сиёсати хориҷӣ заминаҳои мусоиде фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамфарҳангро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Қирғистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, вале баъзе ашхосоне пайдо мешаванд, ки ин дӯстии ду кишварро ба иғво андохта,шахсони гумроҳро ба ҷанг меандозанд. Аз ҳамин сабаб дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳуриамон ба монанди ҷамоатҳои Воруху Чоркуҳи шаҳри Исфара, ҷамоати Овчи-Қалачаи ноҳияи Б.Ғафуров, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон қарор доранд, нофаҳмиҳо пайдо шудааст.

Қисми сарҳадии Қирғизистон-Тоҷикистон давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад. Сабаби асосӣ минтақаҳои тақсимнашуда мебошад, ки дар он сарҳади байни давлатҳоро муайян кардан ғайриимкон аст.

Ин ҳамаи моро бетараф намегузорад, аз ин лиҳоз бо чунин иғвогарон гуфтанием, ки шумо ҳеҷ гоҳ дӯстиии халқҳои тоҷику қирғизро нобуд карда наметавонед, чунки мо ҳама ақли солиму қувваи кавӣ дорем.

Мо ҷонибдори сулҳ ҳастем ва мехоҳем, ки ин бесарусомониҳо тезтар бартараф гардад. Зеро халқи тоҷик халқи сулҳпарвар ва ватандӯст аст ва ҳеҷ вақт намехоҳад, ки риштаи дӯстии байни халқҳои бурунмарзӣ канда нашавад.

Аҳли устодон ва кормандони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ