70 соли ибратбахш

Ҳузури бархе аз одамони фозилу фарҳехта дар зиндагӣ на танҳо неъмат, балки ибрат ҳам ҳаст. Абдуҳаким Шарипов аз зумраи чунин ашхос мебошанд. Номи мавсуф барои ҷомеаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров азизу ошност. Аз ӯ ҳамчун як марди хуб, хирадманд, инсони поктинат, устоди асил, шахсияти соҳибнуфузу соҳибэҳтиром тавсиф мекунанд. Саҳми номбурда дар тарбияи кадрҳои лаёқатманду мутахассисони ҳирфавӣ муассир аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиёнро хазинаи тиллоии миллат номидаанд:

  • Зиёиён дар ҳама давру замон ҳомиёни парчами миллат, ворисони таъриху фарҳанги аҷдодӣ, пешбарандагони маърифату худшиносӣ, пуштибонони нангу номус ва ҳуввияти миллӣ, мунодиёни асили эҳсоси муқаддаси Ватану ватандорӣ, эҷодгарони воқеии шеъру каломи зебои тоҷикӣ ва офарандагони волотарин дастовардҳои маънавиии халқи хеш буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд.

Воқеан зиёиёне чун устод Абдуҳаким Шарипов хазинаи тиллоии миллат ҳастанд, кибаҳри саводнокии қишри ояндасози миллат содиқона хидмат мекунанд.

Устод Шарипов пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти хешро сараввал ба сифати ассистенти кафедраи таърихи нав ва навтарини ДДТ ба номи В.И. Ленин оғоз намуда, баъдан ходими илмии Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Ленинобод таъин гардиданд. Тӯли солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла: дотсенти кафедраи педагогикаи ДДОП ба номи С.М. Киров (ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, мудири шӯъба оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кору фаъолият бурда, айни замон дар вазифаи дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров адои вазифа доранд.

Устод Абдуҳаким Шарипов дар кадом муассисаву идораву боргоҳе, ки фаъолият бурданд, ҳамеша дар байни ҷомеа обрӯю эътибор ва эҳтироми хоса пайдо намуданд ва тавонистанд, ки ҷавонони лаёқатманд ва кордонро дар атрофи худ ҷамъ намуда, ба онҳо тамоми сирру асрори касби худро омӯзонанд.

Садоқат ба касби омӯзгорӣ яке аз фазилатҳои арзандатарини Устод Абдуҳаким Шарипов буд, ки дар ин мактаби инсонпарварӣ чандин шогирдони босаодат тарбия ёфта, ба воя расидаанд. Устод пайваста ба тарбия ва маърифатнокии шогирдон машғул шуда, онҳоро барои таҳқиқи ҷанбаҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ ҳидоят кардаанд. Шогирдони эшон дар муассисаву мактабу донишгоҳҳо, идораҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷумҳурӣ бо муваффақият фаъолият бурда, касбу кори устоди худро идома бахшида истодаанд.

Воқеан арзишмандтарин хидмати устод Шарипов ин тарбияи шогирдони шоиставу арзанда аст, ки ҳар яке баҳри рушди Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд. Дар бораи чунин устодон, ки равшании ҷомеа аз онҳост, Абдураҳмон Ҷомӣ бамаврид гуфтааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устод Абдуҳаким Шариповро ба муносибати 70-умин солгарди умр табрик гуфта, устодону шогирдони донишгоҳ барояшон саодату саломатӣ, рӯзгори обод ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно мекунанд.

Зодрӯз муборак, марди хирад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ