​Душмани бо Офтоб аҳмақист!

Кабирӣ худро дар олами Ғарб худро ҳамчун “зиёӣ” муаррифӣ карда бошанд ҳам, лек дар ҷомеаи мо ҳамчун “хоини миллат“ ва “агенти хориҷиён” ном баровардааст. Кабирӣ худ раиси ТЭТ ҲНИ соли 2015 сарпарасти табаддулоти давлатӣ буд, ки асоси онро размандагону аъзоёни ҲНИ ташкил медод. Вақте нақшаи онҳо шикаст хӯрд, акнун сухан аз қонун ва озодӣ баланд карданд. Худ шахсоне хастанд, ки қонунро бо “кайфият” вайрон мекунанд. Лек вақте давлат аз рӯи Конститутсия ва қонунҳо шахси ҷинояткорро ҷазо диҳад, аз рӯи фикри онҳо ин нақзи қонун ва озодии шаҳрванд будаст. Кабирӣ боре ҳам бошад, фикр намояд, ки мардуми мо дар Ватани ҳуқуқбунёду демократӣ умр ба сар мебаранд. Касе наметавонад ба ҳаёти шахсии дигар нафар дахолат намояд.

Ин зархарид азнабудани озодӣ дар Тоҷикистон сухан карда, миллату давлати худро назди созмонҳои ҷаҳонӣ паст менамояд. Ин амали ӯ хиёнат ба давлат ва миллат аст. Бо ин амалаш гӯё барои худ “очко” мегиранд... Аммо амалҳои авомфиребонаи кабирии бадбахт имрӯз барои мардуми тоҷик маълум аст. Ӯро дар дохили мамлакат ҳеҷ кас тарафдорӣ намекунад, зеро хиёнаткор ҳама вақт хиёнаткор аст.

Суханҳои пуч ва бе асоси Кабирӣ иснод ба худи ӯст. Зеро ӯ ва ӯ баринҳоро модари тоҷик ба дунё овард, давлати тоҷик ба воя расонд. Акнун ақлашон даромадаасту теша ба решаи худ ва давлат мезананд. Ин амали хиёнаткорон барзарари худи онҳост. Онҳо як бори дигар нишон доданд, ки ватанфуруши асиланд. Кадом созмоне ё давлате, ки ба онҳо пулу моли зиёд диҳад ва ягон микрафону минбар муҳайё кунад, бар муқобили Ватани худ Тоҷикистон соатҳо гап мезананд. Мисоли равшани онро мо дар гуфтутуги мустакими интернетӣ дидем, ки худ ва пайравони худро мисли мусичаи “бегуноҳ” вонамуд мекунад. Дар ҳар ҷомеа нафари ҷинояткор бояд ҷазо бинад.

Ҳазратқулов Раҳмоналӣ - устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ