Нақши панду ҳикмат дар тарбияи ҷавонон
Боиси хушнудӣ ва мояи ифтихор аст, ки бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо шаш сол инҷониб Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муваффақона идома дорад. Ҷаноби Олӣ бо ин иқдоми маърифатпарваронаи хеш, ки дорои аҳамияти хоса мебошад, диққати аҳли ҷомеаро ба китобу китобхонӣ, таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик, адабиёти ҷаҳон, фолклор ва адабиёти кӯдакону наврасон ҷиддан ҷалб намуда, дар роҳи тарбияи ахлоқию эстетикии ҷавонон, таҳкими эҳсоси худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва нангу номуси миллии онҳо хидмати бузурге ба ҷо оварданд.
Воқеан, яке аз роҳҳои бисёр самарабахш ва муфиду судманди таълиму тарбия рӯй овардан ба адабиёти бадеӣ, ба эҷодиёти рангину мунаққаши суханварони маъруфу маҳбуби кишвар мебошад, ки бо осори бегазанди хеш дар рушду нумӯитамаддуни миллӣ нақши намоён гузоштаанд. Аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои дурахшони адабӣ, ки осори гаронбаҳояш саршор аз панду ҳикмати зиндагист, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки зиёда аз сӣ сол ба Иттиҳодияи адибони мамлакат бо ҳусни кордонӣ ва ҳисси масъулият сарварӣ намуда, дар таҳкиму густариш ёфтани асосҳои ахлоқӣ ва маърифатии адабиёти навини тоҷик саҳми шоён гирифтааст.
Мунодии бузурги ғояҳои сулҳу ваҳдат ва сарояндаи орзуву омоли халқҳои Шарқ устод Мирзо Турсунзода аз зумраи шоирони номии ҷаҳонгард буд ва ин сайру гардиш, ҳаётомӯзӣ ба мазмуну муҳтаво ва дарунмояи ашъори эшон таъсир расонида, ҷанбаи панду ахлоқии эҷодиёти ӯро тақвият бахшидааст.Омӯзиш нишон дод, ки нахустин намунаҳои байту мисраъҳои пандомез ҳанӯз дар давраҳои аввали эҷодиёти шоир пайдо шуда буд, ки хусусияти равшани тарбиявӣ дошт, зеро мардумро ба аҳлию тифоқӣ ва қавииродагӣ ҳидоят мекард:
Ҳама бояд шудан як ҷону як дил,
Ки то мақсуди худ созем ҳосил.
Бибояд кард зидди душманон ҷанг,
Ба шамшеру туфангу калтаку санг.
Ин равия дар эҷодиёти солҳои баъдинаи шоир торафт қувват гирифта, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле такмилу густариш ёфт. Дар асарҳои индавраинаи ӯ, ки вобаста ба талаботи замон ва ниёзҳои ғоявии давр эҷод шудаанд, мазмуни панд низ мушаххастар гардид. Акнун диққати шоирро бештар мавзӯи муқаддасотии Ватан, шуҷоату далерӣ, муборизаи беамон бар зидди душман ба худ мекашид. Ӯ дар ин мавзӯъҳо як силсила шеърҳо ва достони “Писари Ватан”-ро таълиф намуд, ки панду ҳикмати бисёр дорад ва дар ҳар як байту банди пандомези ин таълифот ягон сифати шоистаи инсон ва амалҳои писандидаи вай васфу ситоиш ёфтааст.
Шоир дар достони мазкур далериро яке аз шартҳои бузургии инсон ва мағлубнопазирии ӯ донистааст. Шахси далеру ҷасур ҳамеша осуда нафас мегирад ва ҳаргиз ғулому асири дигарон намегардад. Кас метавонад дар ҳар кор ҷасорату мардонагӣ нишон диҳад, далерӣ кунад, вале дар роҳи ҳифзи Ватан қаҳрамонӣ нишон додан ва агар лозим ояд, дар ин роҳ ҷон супоридан аз зуҳуроти олии далерист. Шоир маҳз ҳамин гуна далериро шарти бузургии инсон ва сарчашмаи шарафмандии ҳар фарди ҷомеа донистааст:
Шарти бузургӣ, ки далерӣ бувад,
Душмани қаттоли асирӣ бувад.
***
Ҳар кӣ далер аст, нагардад ғулом,
Зиндаю озод бимонад мудом.
***
Ҳар кӣ ҷасур аст, Ватан ҷои ӯст,
Шаъну шараф ошиқи шайдои ӯст.
Мусаллам аст, ки дар солҳои ҷанг тарбияи маънавии мардум, қувват додани эҳсоси ватандӯстию ватанхоҳӣ дар сиришту ниҳоди онҳо аҳамияти бештаре пайдо карда буд. Адабиёти бадеӣ, аз ҷумла асарҳои Мирзо Турсунзода дар роҳи иҷрои ин вазифаи басо муҳим хидмат мекард. Шоир ба воситаи пандномаҳои худ, ки ғолибан бо либоси ҳарири бадеӣ ороиш ёфтаанд, дар дили хонандагон ҳисси ифтихору шарафмандӣ ва ору номусро бедор карда, ҳар фарди бонанги ҷомеаро ба муборизаи зидди адӯ ҳидоят сохтааст:
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.
***
Агар душман кунун паймоншикан шуд,
Бибояд зидди ӯ дандоншикан шуд.
Табиист, ки ин қабил байтҳои ҳакимона, ки дорои мазмунҳои муҳими ҳаётист, ба размандагони Ватан қувваю ғайрати тоза бахшида, онҳоро дар мубориза рӯҳбаланд мекард, имонашонро бар ғалаба аз болои фашистон қавитар месохт ва умеду бовариашонро ба тантанаи кори ҳақ ва ҳақиқату адолатфузунтар менамуд. Ҳамин тариқ, шоир тавассути асарҳои ҳикматноку пандомези худ, ки дар айни вақт таълиф шуда буданд, дар тарбияи меҳанпарварии ҷавонон саҳм гирифтааст.
Панду ҳикмат дар таълифоти солҳои баъдиҷангии шоир пайваста ривоҷ ёфта, махсусан дар давраи камолоти эҷодии ӯ, яъне солҳои 50-60 ба як рукни асосии эҷодиёташ мубаддал гашт, ки ин сабабҳои муайян дорад. Дар ин солҳо шоир бо амри Ватан ва супоришҳои халқи хештан дар олам басе сайру сафарҳо карда, бо ҳаёти мардуми гуногунтоифа аз наздик шинос шуд, аз неку бади ҷаҳон огоҳ гардида, аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардошт ва андӯхтаҳояшро ба сифати ҳикмати зиндагӣ ба хидмати мардум ба қалам овард. Шоир баъд аз оламгардиҳои зиёд ба хулосае омадааст, ки:
Рӯи олам дидан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Бояд гуфт, ки сафарҳои паёпайи Мирзо Турсунзода ба кишварҳои хориҷа, сайри қитъаҳои Осиёву Африқову Амрико, шиносоии бевосита бо рӯзгор ва андешаву афкори қавму миллатҳои мухталифи олам, таваҷҷӯҳ ба урфу одат ва анъанаву суннатҳои миллии халқҳои дигар назару ҷаҳонбинии шоирро вусъат бахшида, донишу тафаккур ва диди бадеии ӯро сайқалу густариш дод ва асосҳои фалсафию заминаи дидактикии ашъори эшонро ба маротиб нерӯманду муқтадир сохт. Байтҳои зерини пандомез, ки як олам маъноро ифода кардаанд, ҳосили ҳамин омӯзиш ва натиҷаи мушоҳидаҳои муқоисавии ҳаёти мардуми мазлуми кишварҳои Шарқ мебошад:
То даме, ки золиму мазлум ҳаст,
Кас набояд лаҳзае беғам нишаст.
***
Агар хоҳӣ, ки бахти хеш ёбӣ,
Қадам неҳ бо адолатхоҳ роҳе.
Агар хоҳӣ, ту ҳам ҷовид монӣ,
Ба хоки мулк бояд реша ронӣ.
Дар шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода тасвири муборизаи озодихоҳонаи халқҳо дар алоқамандӣ бо тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳу дӯстӣ сурат гирифтааст ва ба ин муносибат шоир дар бораи сулҳу сафо ва дӯстию ваҳдати халқҳо фикру андешаҳои бикру ҷолиб баён кардааст. Ин андешаҳои пурҳикмат, ки дар аксари мавридҳо рангину образнок ифода ёфтаанд, маҳсули мушоҳидаҳои тӯлонии ҳаётӣ ва андӯхтаҳои бадеии муаллиф буда, аз вусъати доираи назар ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии шоир дарак медиҳанд ва асосҳои тарбиявии назми ӯро таҳким мебахшанд.
Адиб дар хусуси шинохтану қадр кардани дӯст ва умуман арзишу аҳамияти дӯстӣ дар ҳаёти инсон ҳакимона фармудааст:
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
***
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Васфу ситоиши дӯстию якдилӣ, ки яке аз мавзӯъҳои асосии шоир аст, хусусан дар эҷодиёти солҳои охири ӯ хеле такмилу ривоҷ ёфт. Шоир гаштаву баргашта ба ин мавзӯъ рӯй оварда, дар бораи моҳияту хосияти дӯстӣ ҳарчи бештар ва амиқтар андеша рондааст. Агар пештар андешаҳои дидактикии эшон ғолибан дар доираи як байт ё як банди ҷудогона ифода мешуда бошад, пас солҳои охири эҷодиёташ ин равия тамоми руҳи асарҳои ӯро фаро гирифт, ки мисоли равшани ин ғазали “Дӯстонро гум макун” мебошад. Ин шеъри комилан дидактикиест, ки саропо аз панд иборат буда, онро насиҳатномаи як шоири хирадманд ва мутафаккири моҳиятҷӯй метавон донист:
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бедӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкун касонро гум макун.
Дӯстро аз дӯст, ҷонам фарқ кун,
Дӯсти пайванди ҷонро гум макун.
Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас,
Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.
Зиннати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Ҳамин тариқ, панду андарзҳои устод Мирзо Турсунзода ба ҷуз он, ки содаву равон, дилчаспу оҳангнок ва образноканд, ҳамчунин дорои мундариҷаи ғанию ғояи баланд ва мазмунҳои амиқи иҷтимоӣ буда, ба ҷозибаю таъсирбахшоии хоса моликанд ва аз халқияти баланди назми шоир дарак медиҳанд. Ин ҳикматҳо аз мағзи ҳаёти халқ, аз ҷӯши воқеаҳои муҳими иҷтимоии давр гирифта шуда, ба панди рӯзгори даврони мо мубаддал гаштаанд ва ҷавононро дар руҳияи некиву накӯкорӣ, дӯстиву рафоқат, садоқат ба халқу ватан, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва дигар фазилатҳои шоистаи инсонӣ тарбият намуда, ба ҳушёриву зиракӣ ва дурӣ ҷустани онҳо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифродгаро мусоидат мекунад.
Умуман, таваҷҷӯҳи сидқӣ гуморидан ба адабиёти бадеӣ ва пайваста рӯй овардан ба панду ҳикмати бузургони адаб, ки асли мақсад ва моҳияти Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ дар ҳамин мебошад, дар роҳи камолоти зеҳнӣ ва дороии маънавии ҳар фарди ҷомеа нақши мунир бозида, асоси пойдории амният ва сулҳу субот дар кишвар мегардад.
Неъматҷон Файзуллоев-
доктори илмҳои филологӣ, профессор,
Корманди шоистаи Тоҷикистон