ФАРҲАНГУ МАЪНАВИЯТ – РАҲНАМОИ ҶОМЕА

Паёми раҳнамову саодатбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як нафар фарди тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистонро водор мекунад, ки дар рушди кишвари худ бетараф набуда, баҳри равнақу ваҳдату пешрафти диёри худ беш аз пеш ҳисссагузор бошад.

Чунончи, масоили самтҳои оилавӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ аз масоили умдаву ҳаррӯзаи ҷомеаи шаҳравндӣ ба ҳисоб меравад. Тадаббур дар ин масоил ва хоса, тарғиби он байни ҷавонон, албатта дар пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа аҳамияти хоса дорад. Аз ин хотир, чанд мулоҳизот перомуни он дар ин мақола мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҷиҳати татбиқи ин масоил баррасии усули соддатар пеш гирифта шуд, то ба ҳадаф овардани раванди фикрии ҷавонону донишҷӯён ба каф ояд.

Инак, чор мазуъ аз тарафи мо тақдим мегардад: “Салом”, “Дӯстӣ ва интихоби дӯст”, “Дил ба даст овардан” ва “Пандҳои Анӯшервони Одил”.

Медонем, ки салом додан калиди адаб аст. Агар ҳадафи мо тарбияти солими фарзандон бошад, оғози он бояд аз оғози маданият бошад, ки он чун ҳамеша саломи инсон қарор гирифта, дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тарзи салому истиқбол шахсро мешиноснаду муаррифӣ мекунанд. Агар инсон мафҳуми дӯстиро надонад ва дӯсту рафиқ надошта бошад, пас маълум мешавад, ки худ ҳанӯз шахсияти расидаву комил нест. Аз ин ҷост, ки ҳар як инсон тариқи дӯстонаш дар ҷомеа мақом ва шиносоӣ пайдо мекунад. Агар, фаразан, нафаре ҳунари дил ба даст овардан надошта бошаду ҳунари меҳрубониро надонад, чӣ гуна метавон чунин шахсро нафари меҳрубону ғамхори ҷамъият донист? Ҳаргиз не! Ва, дар ниҳоят, пандҳои бузургони мо ҳамеша созандаву раҳнамо ба эътибор мерафтанд. Аз ин хотир, баҳри тадрису ибрат аз замони аҷдои ориёии мо – Анӯшервони Одил мисолҳои шоиста оварда шуданд.

САЛОМ

Дар боби хоксорию тавозӯъ Носири Хусрав гуфтааст:

Гузар аз тундию аз тундхӯӣ,

Тавозӯъ пеша гиру тозарӯӣ.

Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Аз тавозӯъ бузургвор шавӣ

В-аз такаббур залилу хор шавӣ.

Мирзо Абдулқодири Бедил:

Файзу ҳаловат аз дили бекибру кин талаб,

Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб!

Таскини Хуҷандӣ:

Салом дон, ки бошад калиди адаб,

Такаббуру тундӣ ба монанди шаб.

Мавзӯи «салом» дар зиндагии мо яке аз асосҳои ҳастӣ, одамигарӣ, яъне аз вазоифи бузургтарини сифати инсонист.

Пеш аз ҳама, мардум ба кас аз рӯи салому алайкаш – хуштавозӯъ буданаш баҳо медиҳанд. Зеро, ин як калимаи аз дурдонаҳо қиматтарин мунодӣ – ҷорчии дунёи ботинии ҳар шахс буда, он фақат аз забони шахси хоксору маданиятноки поктинату инсондӯст ҳувайдо мегардад. Дар асл, ҷумлаи «Ассалому алайкум» аз забони арабӣ гирифта шуда, мазмунаш: «Ба Шумо сулҳу саломатӣ мехоҳам», - гуфтан аст. Ва ҷавоби он: «Ва алайкум ассалом» - «Ба Шумо ҳам сулҳу саломатӣ», - гуфтан мебошад. Агар касе бе ягон сабаб ҷавоб надиҳад, бояд худи кас алайк гирифта, ҷои онро пурра намояд. Агар дар вақти салом додан даст ба бар кашида таъзим кунад, боз ҳам хубтар аст. Зеро шахсони гӯшашон вазнин аз ин ишорат фаҳмида, алайк мегиранд.

Аз рӯи панди ниёгонамон салом калиди адаб буда, тарзи ба ҷо овардани он аз калон ба хурд, аз боло ба поён аст. Салом дар навбати худ як намуди дуои хайр буда, бояд калон хурдро дуо кунад ва ба ин васила ба хурдон адаб омӯзонад.

Тарзи салом асосан бо ду роҳ ба ҷо оварда мешавад:

1.Ба воситаи зикри забонӣ, ки ин дар ҳама вақт ҷоизу дилкашу аз лиҳози тиббӣ мақбул аст;

2.Ба воситаи даст додан, фишурдан, ки ин на дар ҳама вақт мувофиқ аст.

Дар муҳити зиндагонии рӯзмарраи мо ҳолатҳои гуногуни вохӯрӣ ба вуқӯъ меоянд. Масалан, дар танҳо ба танҳо ва ё якчанд нафар вохӯрдан дар ҷои кор, кӯча, истгоҳ ва uайра дастакӣ салом кардан ҳеҷ гап не, балки лозим. Зеро ба хона оед ва ё пеш аз ба сари дастурхон омада нишастан, дастони худро шуста тамиз мекунед. Аммо дар ҷамъомадҳо, меҳмониҳо бисёр вақт ба бефарқӣ роҳ дода мешавад. Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки шахсони деромада аз як сар даст дароз карданӣ мешаванд. На эҳтироми нозу неъмати ба дастурхонгузошташударо мекунанд ва на онро, ки меҳмонон бо дасти пок нишастаанд. Fайр аз он, дар байни нишастагон шахсони маъюб, пирон бошанд, ташвиш мекашанд. Охир дар чунин маврид як худи «Ассалому алайкум» барои ҳама, ҳатто сад кас бошад ҳам, кифоя аст-ку?!

Онро ҳам бояд гуфт, ки дар расмияти мо – тоҷикон хурдон ба калонҳо пештар салом медиҳанд. Салом неъмати бузурги инсонист, ки хуштавозӯъ, хоксорӣ, инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва боадаб будани касро мефаҳмонад.

Дар ҳикмат омадааст: «Ҳар кӣ оuоз кунад сухан пеш аз салом, пас ӯро ҷавоб нагӯед». Ё: «Бахилтарини мардумон касест, ки бахилӣ кунад дар салом».

Хулоса: Салом ин олитарин аломат ва нишони тавозӯъ - хоксории инсон аст.

ДӮСТӢ ВА ИНТИХОБИ ДӮСТ

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар дил, ки асири меҳнати ӯст, хуш аст,

Ҳар сар, ки фидои сари он кӯст, хуш аст.

Аз дӯст ба новаки uам озурда машав,

Хуш бош, ки ҳар чӣ ояд аз дӯст, хуш аст!

Умари Хайём

Тоза созад гулбуни уммедро, пайuоми дӯст,

Бишкуфонад uунчаи дилро насими номи дӯст.

Гар uубори хотире аз дӯстон бинӣ маранҷ,

К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.

Зебуннисо

Ҳикоят. Дӯсти ҳақиқӣ

Рӯзе уқоби хурдакак аз лона менигарист, ки дар поён чӣ гуна дигар паррандаҳо парвоз доранд ва аз модараш пурсид:

- Модарҷон, онҳо чӣ гуна паррандаҳоянд?

- Он паррандаҳое, ки дар поён мебинӣ, дӯстони моанд, - ҷавоб дод модар.

Уқоби хурд ба он паррандаҳо аз боло менигарист ва онҳоро дӯстони худ шуморида парвозашонро мушоҳида мекард. Ногаҳон дод зад:

- Модарҷон, онҳо хӯроки моро дуздиданд!

- Ором шав, писарам! Онҳо ҳеч чизро аз мо надуздиданд. Ман худам онҳоро меҳмондорӣ кардам.

Ба хотират гир, ки уқоб гурусна бошад ҳам, бояд хӯрокашро бо он паррандаҳое, ки дар ҳамсоягиаш зиндагӣ мекунанд, тақсим кунад. Дар чунин баландӣ онҳо қудрати хӯрокёбиро надоранд ва ба онҳо кӯмак кардан лозим аст.

Ба хотират гир, ки ҳар касе орзуи доштани дӯстро дорад, ӯ бояд некӯкору босабр бошад ва ҳама вақт ба дӯсташ кӯмак расонад. Иззату эҳтиром на бо зӯру қувва, балки бо меҳрубонию дилкушодӣ аст.

Леонардо да Винчи

Ҳикоят. Сезар ва духтур

Сезар як дӯст дошт, ки ба ӯ комилан бовар мекард ва он духтури ӯ буд. Агар бемор шавад, доруро танҳо аз дасти духтури худ мехӯрд.

Боре, ҳангоми нотобии Сезар ба ӯ мактубе аз шахси номаълум расид. Дар он омадааст: «Аз дӯсти наздиктаринат – духтур, битарс! Ӯ туро заҳр доданист!». Баъди чанд лаҳзае духтур омад ва доруро дод. Сезар он мактубро ба дӯсташ – духтур дод ва то ӯ хонданаш доруро нӯшид.

Дӯсташ дар ҳайрат буд:

-Шоҳам, Шумо чӣ тавр ин доруро баъди хондани ин мактуб нӯшидед!?

Сезар табассум карду гуфт:

- Марг беҳтар аз шубҳаи ман нисбати дӯстам аст!

Дар “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус омадааст:

“Пас, андеша кунӣ аз кори дӯстон: нисор доштан, ҳадя фиристодан ва мардумӣ кардан аст”.

“Ҳар ки аз дӯстон наяндешад, дӯстон низ аз вай наяндешанд”.

“Одат кун, Ҳар вақте дӯсти нав гирифтан”.

“Зеро ки бо дӯстони бисёр айбҳои мардум пӯшида шавад ва ҳунарҳо зиёда гардад”.

Хулоса: Дӯстӣ ин сабаби аодати худи шахс ва сабаби саодати нафари дигар аст.

ДИЛ БА ДАСТ ОВАРДАН

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор.

Саъдии Шерозӣ

Тавофи Каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст, Каъбаи маънӣ ту гил чӣ пиндорӣ.

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули ҳақ нашавад, гар диле биозорӣ.

Ҳикоят. Чӣ коре, ки мекунӣ, бар худат бармегардат

Дар аввали асри ХХ як фермери шотландӣ ба хона баргашта истода буд ва аз пеши ботлоқзоре мегузашт. Якбора садои касеро шунид, ки кӯмак мехост. Фермер зуд ба ёрӣ давид ва дид, ки писаракеро ботлоқзор ба худ кашида истодааст.

Писарак кӯшиш ва ҳаракат мекард то аз он берун шавад, аммо ҳар як ҳаракати ӯ сабаб мешуд, то ботлоқзор зудтар ӯро фурӯ барад. Писарак аз тарс дод мезад. Фермер шохи дарозу uафсеро аз дарахт шикаст ва онро зуд ба писарак барои ёрӣ дароз кард. Писарак аз ботлоқ ба ҷои бехавф баромад. Ӯ меларзид ва гиря мекард, аммо муҳим он ки ӯ аз ботлоқ раҳоӣ ёфт.

- Рафтем ба хонаи ман, - фермер ба ӯ пешниҳод кард. – Ту бояд дар ҷои гарм нишинӣ, камтар ором ва хушк шавӣ.

- Не – не, - писарак сарашро ҷунбонд, - маро падарам интизор аст. Ӯ аллакай хавотир шудагист.

Бо нигоҳи сипосмандӣ ба чашми ёридиҳандааш нигаристу писарак давида рафт...

Пагоҳӣ, фермер дид, ки ба назди хонаи ӯ аробаи сарватманде бо аспҳои зотии тездав омада истод. Аз ароба як марди либосҳои зебои қиматбаҳо пӯшида фаромад ва пурсид:

- Шумо рӯзи гузашта ба фарзанди ман ёрӣ додед?

- Бале, ман, - ҷавоб дод фермер.

- Чӣ қадар ман аз Шумо қарздор?

- Хафа накунед маро, ҷаноб. Шумо аз ман қарздор нестед, барои он ки ин амали маро ҳар як каси оддӣ иҷро мекард.

- Не, ман инро ҳамин тавр гузошта наметавонам, писарам барои ман бисёр азиз аст. Чанд пул, ки хоҳед гӯед,- зӯрӣ мекард, мард.

- Ман дар бораи ин мавзуъ дигар сӯҳбат кардан намехоҳам. Хайр! – фермер гашта ба хона даромаданӣ буд, ки якбора писари хурдиаш ба наздаш давида баромад.

- Ин писари Шумо? – пурсид меҳмони сарватманд.

- Бале, - бо фахр ҷавоб дод фермер.

- Биёед ин тавр мекунем. Ман фарзанди Шуморо ҳамроҳам ба Лондон мебарам ва таълими ӯро пурра пардохт мекунам. Агар ӯ низ чун падараш ҷавонмарду ориф бошад, аз ин хулосаи ман на Шумо ва на ман пушаймон нахоҳем шуд.

Солҳо гузаштанд. Писари фермер мактабро хатм кард, баъд донишгоҳи тиббиро ва зуд номи ӯ дар ҷаҳон маъруф шуд. Ӯ Александр Флемминг буд. Инсоне, ки пенитсиллинро кашф кард.

Пеш аз ҷанг ба яке аз беморхонаҳои қимматтарини Лондон писари ҳамон ҷаноби сарватманд бо шакли вазнини шамолхӯрии шуш фаромад. Чӣ хел фикр мекунед, ҳаёти ӯро чӣ ва кӣ халос дод? – Бале, ин пенитсиллин буд, ки аз тарафи Александр Флемминг бароварда шуда буд.

Номи он ҷаноби сарватманд, ки ба Флемминг имконияти дар Лондон хонданро дод Рандолф Черчилл буд ва писари ӯро Уинстон Черчилл гӯянд, ки дар охир сарвазири Англия гардид.

Уинстон Черчилл боре гуфта буд: “Чӣ коре, ки мекунӣ, бар худат бармегардат”.

Хулоса: Беҳтарин сухан ва беҳтарин амал дар ҷаҳон ин дил ба даст овардан аст.

ПАНДҲОИ АНӮШЕРВОНИ ОДИЛ

Асри IV милодӣ, давраи ҳукмронии Сосониён. Замоне ки бо адолату фазилату сиёсати худ маъруфи ҷаҳон гардид. Анӯшервони Одил яке аз подшоҳони бузургу хирадманди ҳамин қавми ориёӣ дар оuози асри VII мебошад. Ӯ 48 сол ҳукмронӣ кард.

Рӯзе шоҳ хоб мебинад. Ҳакимонро ҷамъ меоварад, ҳеҷ кас таъбири хобашро аён намегӯяд. Мардум мефаҳманд, ки дар шаҳри Марв ҷавони донишманду ҳакиме зиндагӣ мекунад бо номи Бузургмеҳр. Чун ба наздаш ба хотири шунавидани таъбири хоби подшоҳ мераванд, ин ҷавони хирадманд мегӯяд, ки беҳтар он аст, ки ман таъбири ин хобро бевосита дар назди подшоҳ бигӯям. Чун ба қасри Анӯшервони Одил меоваранд, ӯ як ба як хоби подшоҳро таъбир мекунад, Анӯшервон хеле хушҳол мешавад. Дар ин ҷавон ӯ нишонаҳои хирадмандиро меёбад ва ҳамин ҳодиса сабаб мешавад, ки Бузургмеҳр дар қасри подшоҳӣ боқӣ мемонад.

Анӯшервони Одил подшоҳе буд хирадманд ва ҳикматдӯст. Рӯзе ба аҳли дарбор мегӯяд, ки ангуштаринашро чунон сикка зананд, то ҳар рӯз подшоҳро ҳушдор ва ҳушёр нигаҳ дорад. Ҳакимон дар ангуштарӣ менависанд: «Ин ҳам мегузарад».

Замоне ки подшоҳ шод мешуд, бар ангуштарӣ менигаристу аз худ намерафт ва тасодуфан, лаҳзаи маҳзунӣ низ бар он навишта менигаристу хотираш ҷамъ мешуд.

Анӯшервони Одил чун ҳар субҳ ба тахти подшоҳии худ менишаст, пеш аз нишастан тоҷи подшоҳии худро бар сар мегирифт, ки дар тоҷи шоҳии ӯ 23 ҳикмат сикказанӣ шуда буд. Аввал онҳоро мехонд ва баъдан тоҷро бар сари худ мегирифт. Намунае аз онҳо:

1. Агар хоҳӣ, ки беандоза андӯҳгин набошӣ, ҳасуд мабош.

2. Мардумон чаро аз коре пушаймонӣ хӯранд, ки аз он кор дигарон пушаймонӣ хӯрда бошанд?

3. Агар хоҳӣ, ки қадри ту бар ҷой бошад, қадри мардумон бишинос.

4. Агар хоҳӣ, ки ба қавли ту кор кунанд, ба қавли худ кор кун.

5. Агар хоҳӣ, ки бартар аз мардумон бошӣ, фарохнону намак бош.

6. Бо мардуми беҳунар дӯстӣ макун, ки мардуми беҳунар на дӯстиро шояд ва на душманиро.

7. Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шумурад.

8. Агар хоҳӣ, ки накӯтарину писандидатарини мардумон бошӣ, он чӣ ба худ написандӣ, ба кас маписанд.

9. Агар хоҳӣ, ки бар дилат ҷароҳат нарасад, ки марҳам напазирад, бо ҳеҷ нодон мунозара макун.

10. Агар хоҳӣ, ки мардумон туро накӯгӯй бошанд, накӯгӯи мардумон бош.

Хулоса: Танҳо панди бузургон аст, ки инсонро аз ҳалокати моддиву маънавӣ нигаҳ медорад.

Навиштаи мазкур маҳз бо усули методологии тренинг навишта шуда, баҳри раҳнамоии ҷавонон бо усули содда тақдим гардид.



Низомиддин Муродӣ,

устоди кафедраи забонҳои форсӣ-хитоии факултаи

забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ