Насли босаводу ҳамқадами замона омили рушдидавлат ва миллат аст

(Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Сокинони кишвар, хосса аҳли маориф зери таассуроти амиқи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар қарор доранд.

Роҳбари хирадманду дурбини мамлакат бо овардани рақамҳои зиёд вазъи мактабу маориф ва илми кишварро дар қиёс ба 33 соли пешин мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар саргаҳи соҳибистиқлолӣвазъи муассисаҳои таълимӣ чандон хуб набуд дар бораи рушди илм ва фановарӣ ҳоҷати гуфтан ҳам надошт. Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар аввалин хизмате, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат барои мардум фароҳам овард, ин беҳбудии рӯзгори сокинон буд. Татбиқи босуботи се ҳадафи стратегӣ имкон фароҳам овард, кисокинон ба ҷузъ аз фикри зиндагӣ намудан, ҳамчунин аз ояндаи фарзандони худ андеша намоянд.

Президент бо овардани мисолҳои зиёд қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Воқеан дар оғози соҳибистиқлолӣ назди Роҳбари давлат вазифа меистод, ки чи тавр сатҳи донишу маърифат, ҳуввияту ҷаҳоншиносии аҳли ҷомеаро баланд бардоранд. Дар ҳақиқат ислоҳоти соҳаи маориф, баровардани мактабхонаҳо аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо, роҳандозии даҳҳо барномаҳо имкон фароҳам овард, ки сатҳи мактабу маориф боло равад. Ҳоло дар дурдасттарингӯшаҳои кишвар насли наврас бо компютер ва интернет сарукор гирифта метавонад. Дар мамлакат ҳамасола садҳо мактабҳо барои фарогирии наврасон бунёд шуда истодаанд. Сатҳи таълиму тарбия низ боло рафта истодааст. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки дар ҳоли ҳозир техникаву технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад.Ҷаҳониён аз коиноту роботу илмҳои фанноварӣ суҳбат мекунанд ва дастовардҳои илму техникаашонро аз натиҷаи ислоҳоти бомароми маориф медонанд, то куҷо мо дар ин ҷода муваафақ ҳастем ва чӣ бояд кард, ки ҷавонони мо низ бо ихтирооти бузург тавонанд миллатро дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ созанд ва муҳимтар аз ҳама барои иқтисодиёти кишвар саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки чунин ғамхориву пуштибоние, ки Президенти маърифатпарвари мо мекунанд, дар ягон гӯшаи дунё нест. Мисли барҷаста касе, ки китоби бештар мехонад, ба ҷузъ аз ғановатмандии маънавиёт соҳиби ҷоизапулиҳо мегардад. Дар кишвар барои такомули истеъдод, ҳунар, афкор, андеша, зеҳн ҳамаи шароитҳо муҳаёст. Роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Тоҷикон оинаи миллат” ва ҷоизаҳои давлатӣ барои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон равона гардидааст. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки ҳам волидон ва ҳам омӯзгорон муҳимияти ин масъалагузориҳои Роҳбари давлатро то ба зеҳни хонанда бурда намерасонанд. Барои кишвари мо пеш аз ҳама муҳандисон, кӯҳкорон, мутахаасисони соҳаи энергетика, роҳу нақлиёт, донандаи технологияи муосир, барномасоз чун обу ҳаво зарур аст. Ба ин рақамҳо диққат андозед: “Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.” Барои ин ҳама коргоҳҳо мутахассисон заруранд.

Мамлакат ҳамон тавре, ки дар суханронӣ ишора шудааст олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорад.

Мо, зиёиён аҳли илму маорифро мебояд, ки дар тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ватанпарастии ҷавонон аз ҳар вақта саъю талош варзем. Зеро обрӯи миллат ва давлат аз кадрҳои омода намудаи мо иртиботи қавӣ дорад. Вақте як ҷавони тоҷик дар бонфузтарин донишгоҳи давлатии канада вазифаи мудири кафедраи ҳаставишиносиро роҳбарӣ мекунад, пас чаро ифтихор накунем.

Аз гуфтаҳои Ҷаноби олӣ ҳамин тавр хулоса бардоштани мумкин,ки мо дар баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, риёзӣ, техникаву технология саъю талош варзем. Зеро ин илмҳои бунёди дар истеҳкоми қавии саноати мамлакат заминаи муносиб мегузоранд.

Имрӯз саодате барои мо даст додааст, ки фурсатро ғанимат шуморем ва дар тарбияи маънавӣ ва илмии наслҳои соҳибиқбол кӯшиш намоем.

Мансурова Азиза Рафиқовна - дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ