​Дастури саодатбори илму техника

Ҳоло, ки мо аҳли илму маориф зери таъсири суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф қарор дорем, бояд ҳаминро қайд кард, ки мулоқоти навбатии Сарвари давлат як саҳифаи тозаеро барои рушди илми тоҷик, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ ва самаранокии тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ боз намуд.

Самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар замони начандон тӯлонӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо аҳли илму маориф мулоқотҳои сатҳи баланд доир карда мешаванд ва тамоюлҳои бемайлони илму маориф бештар таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Хусусан таваҷҷӯҳ ба рушди илму техника яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти ҷидди сохторҳои ташаккулёфтаи илмӣ ва ҳамчун омили таҳаввулоти зеҳниву технологӣ дар шароити навини ҷаҳонӣ падидаи бисёр муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ меёбад. Аҳамияти суханронии Пешвои муаззами миллатро метавон дар шароити кунунӣ аз лиҳози таҳлили масоили мубрами илм ҳамчун як дурнамои рушди илм ва фароҳам овардани шароити мусоид дар қаламрави ҷумҳурӣ аз чанд ҷиҳат арзёбӣ намуд:

1.Таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илми ватанӣ, 2.Ҳамчун маҳаки таҳрикдиҳандаи иқтисодиёт ва пешрафти кишварҳои ҷаҳон эътироф шудани илм аз ҷониби Сарвари давлат, 3. Арзёбии вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ҳамчун захираи бузурги зеҳнии ҷомеа, 4.Баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва маърифативу фарҳангии шаҳрвандон.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани заминаҳоирушди илми ватанӣ ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта ҳассосияти бештар зоҳир мекард.

Чун дар оғози истиқлоли кишвар илм ба як самти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлаттабдил гардид, Пешвои муаззами миллат бо мақсади муайян кардани нақши илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ин масъаларо дар меҳвари баррасиҳои хеш қарор доданд.

Мувофиқи омори бадастомада дар суханронии Сарвари давлат шаш маротиба истилоҳи илми ватанӣистифода шудааст, ки онро метавон аз рӯи мавзӯъ ва самтҳо чунин дастабандӣ кард:

1.Бо мақсади тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ зиёд намудани маблағгузориҳо, 2. Баррасии саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар,3.Бе таъсир мондани илми ватани барои тағир додани ҳаҷми воридони мамлакат, 4.Суръат надоштани дастовардҳои илми ватанӣ дар қиёс бо дастовардҳои илмӣ ҷаҳонӣ, 5.Мусодат накардани таҳқиқотҳои анҷомдодашуда ба пешрафти илми ватанӣ

Тавре мушоҳида гардид, санадҳои пешниҳоднамудаи Сарвари давлат дар самти рушди илми ватанӣ чӣ гуна масъулиятҳои минбаъдаеро бар дӯши аҳли илму маориф во мегузорад. Мувофиқи маълумоти Сарвари давлат “Таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд”. Сарвари давлат зимни ибрози чунин мулоҳизаҳои таҳлилӣ илми ватаниро як ҷузви муҳимтарини илми ҷаҳонӣ ба ҳисоб оварда, аҳли илму маорифро вазифагузор намуданд, ки: “мо тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.”

Ҳамчунин Сарвари давлат нигарониҳои хешро доир ба сатҳу сифати тадқиқоти илмӣ чунин баён намуданд: “Сифат ва ҳадафҳои асосии таҳқиқот аз назари иҷрокунандагон дур монда, онҳо то имрӯз натавонистанд, ки бо кашфиёту навовариҳо ба пешрафти илми ватанӣ мусоидат намоянд ва ба рушди самтҳои дигари илм роҳ кушоянд.”

Аз санадҳои овардашуда бар меояд, ки Пешвои муаззами миллат ҳарчанд ба пешрафти илми ватанӣ нигарониҳои зиёд доранд вале ба ояндаи ин соҳаи бисёр калиди аҳамияти хоса медиҳанд ва ба он бовар доранд. Ба қувваи зеҳнии олимони кишвар ва истеъдоди баланди навиовариву ихтироъкорӣ эҳтимом меварзанд ва дар ҳамин суханронӣ ҳам ҳамон андешаи таърихиашонро нисбати олимони мамлакат иброз дошта, чунин ёдовар шуданд: “олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.”

Дигар масъалае, ки дар меҳвари суханронии Пешвои миллат ҳамчун хати сурх ба назарҳо рӯшану порҷило ҷилва менамуд, эътироф илм ҳамчун маҳаки таҳрикдиҳандаи иқтисодиёт ва пешрафти кишварҳои ҷаҳонба шумор меравад. Сарвари давлат дар ин раванд ду омили муҳимро бисёр зарурӣ эътироф кардаанд. Якум, натиҷаҳои таҳқиқоти олимони мамлакат, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд. Масъалаи татбиқи корҳои илмии анҷомёфта, истифодаи онҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷалби соҳибкорон ба истифодаи натиҷаи корҳои илмӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат буда, дар ин замина заҳматҳои дастаҷамъӣ ва таваҷҷуҳу диққати ҳамагонӣ метавонад ин нигарониҳоро бартараф намояд. Бояд қайд кард, ки навсозиву ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат яке аз соҳаҳои муҳимтарини пешрафту тараққиёти давлат буда, мувофиқи пешниҳоди Пешвои миллат минбаъд бояд ба рушду инкишофи ин соҳаҳо аҳамияти хоса зоҳир шавад ва тамоми нерӯи зеҳниву маънавии аҳли илму маориф ба он ҷалб гардад. Хусусан, натиҷаҳои самарабахши илмӣ дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ дар солҳои минбаъда назаррасу калидӣ бошад. Чун таҳқиқотҳои илмӣ аз рӯи афзалиятҳои илм бо истеҳсолот дар асоси лоиҳаҳои илмӣ дар суханронии Пешвои миллат баррасӣ гардиданд, ба мазмуну моҳияти лоиҳаҳои дар панҷ соли охир татбиқгардида Сарвари давлат чунин баҳо доданд: “Камбудии ҷиддӣ, пеш аз ҳама, ба самтҳои авлавиятдоштаи фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ мувофиқ набудани мавзӯи лоиҳаҳо дахл дорад, ки дар аксари онҳо зарурат, яъне муҳимму мубрам будани онҳо, навгонии илмӣ, фарогирии масъалаҳои илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар истеҳсолот дида намешавад.”

Ба ифодаи дигар тавре оморҳои овардашуда нишон доданд вазъи илму маориф ва ин раванди муҳими илму маориф сахт бастагӣ дошта, вазъи он ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад ва вазифаҳои хидматӣ ва илмиву таълимии аҳли илму маорифро боз ҳам дар солҳои минбаъда мушаххас мегардонад. Хусусан, масъулони соҳаҳои илмҳои табииву риёзӣ, аз ҷумла аҳли илму маориф суханронии Пешвои муаззами миллатро дар солҳои минбаъда ба сифати барномаи корӣ ва раҳнамои фаъолияти илмиву таълимӣ татбиқ намуда, дар ин замина барои сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат нақши боризу судманд гузоранд. Зеро Сарвари давлат ба дурустӣ таъкид кард, ки вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд.

Абдуллоев Ромиз Холмуминович – сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ