Натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё

Санаи 30.05.2024 сол дар мулоқот бо аҳли илми мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Дар робита ба ин Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Ҳадафи вохурии Пешвои миллат бо аҳли зиё ин баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли соҳаи маориф ва илм, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа донистанд.

Баҳри таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни гуфташуда вазоратҳои адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки тадбирҳои дахлдор андешанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат баён доштанд, ки дар Тоҷикистон соли 2022 Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» қабул гардид, ки татбиқи ин қонун метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Зимни тамошо таъкид намуданд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми 30 соли Истиқлолият зиёда аз 3900 муассисаи таҳмилоти умумӣ, гимназияю литсей, коллеҷ ва инчунин донишгоҳу донишкада бунёд кардаанд ва бо боварии том гуфтаниям, бо таваҷҷӯҳи роҳбари кишварамон аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи намоён дошта, олимону ихтироккорон, омӯзгорону зиёиён неруи созада ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд.

Пешвои миллат баён доштанд, ки - «Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд».

Изҳори итминон карда шуд, ки донишмандон ва омӯзгорону зиёиён, бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушди пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика н.и.и,Ҳасанова Махфират Иномовна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ