Пояи давлат набошад бе маориф устувор

Ҳукумати кишвари соҳибистиқлоламон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Масъалаи маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди назари нек қарор гирифтааст. Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ дар сиёсати Сарвари давлат пазируфта шудааст.

Аз ин рӯ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои ислоҳоту рушди он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хоса зоҳир гардида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон ҳануз аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро чун яке аз соҳаҳои аввалиндараҷаи пешрафти ҷомеа мешуморад. Маҳз бо ташаббуси бевосита ва пайгирони худ соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун аввалин санади меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа қабул гардид. Ин ҳуҷҷат принсипҳои асосии сиёсати давлатро дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас муайян намуд ва барои рушди ояндаи соҳаи маориф заминаи хубу мусоид фароҳам овард.

Мусаллам аст, ки тараққиёти минбаъдаи бонизоми ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар аз сатҳи пешрафти маориф ҳамчун соҳаи калидии мамлакат ва таъминот бо тарбияи кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Дар раванди таълиму тарбияи насли наврас бояд ба самтҳои асосии мактабу маорифи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷуҳи падару модар ба донишандӯзии фарзандон ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати махсус дода шавад.

Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳи онанад, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.

Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд.

Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро таъсис дода шуд.

Ба замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд.

Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд.

Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодааст.

Аз ин рӯ, моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш бошем ва дар рушду пешрафти соҳаи калидии кишвар, соҳаи маориф ва Ватани азизамон саҳмгузор бошем.Чунки бузургон мефармоянд:

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати пойдор хоҳӣ руй бар мактаб биёр.

Қурбонова Шоҳиста Хайруллоевна - номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети иқтисодӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ