​Тарбияи иқтисодии ҷавонон дар шароити дигаргуншавии вазъияти иҷтимоӣ – иқтисодии муосир

(дар доираи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Ба ҳамагон маълум мебошад, ки санаи 30.05.2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир гардид. Дар вохурии мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ва маорифи кишварро дар доираи солҳои 1991-2023 таҳил намуда, пешравиҳо ва мушкилотҳои соҳаи мазкурро ироа намуданд. Мулоқоти мазкур, бешак ба рушди илми минбаъдаи тоҷик дастурамалӣ корӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси он, якчанд барномаҳо ва стратегияҳои дигари рушди илму техника таҳия кардан мумкин мебошад. Дар қисмати аввали мулоқот, сухан дар бораи фаъолияти пурра Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои зер сохтори он доир гардида бошад, дар қиматҳои дигари он самтҳои рушд ва мушкилотҳои илмӣ донишгоҳи мавриди таҳлил қарор дода шуд. Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар такя ба ҷавонон намуда, иброз доштанд, ки бояд ҷавони мо, илмҳои муосирро азхуд намуда, сатҳи дониши сиёсию иқтисодии худро такмил диҳанд.

Махсусан қайд кард шуд, ки “Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест”.

Ҷиҳати рушди илм ва дастгирии ҷавонон дар соҳаи илм, Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ ва саривақтиро андешида истодааст. Дар ин замина аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки “Мо ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 10 000 нафар ҷавононро барои азхудкунии илму донишҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамолики дигар мефиристем ва ҳоло шумораи умумии онҳо беш аз 40 000 нафарро ташкил медиҳад”.

Мо огоҳии пурра дорем, ки бо ибтикори Ҳукумати кишвар ҳамасола ҷавононе, ки дар соҳаи илму маориф фаъолият доранд, ҳавасманд карда мешаванд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, иброз доштанд, ки “Мо ҷиҳати ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро таъсис додем, ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда, ғолиб меоянд”.

Мушкилоте дигари илмие, ки дар мулоқоти мазкур иброз карда шуда, ин омода намудани мутахссисони ҷавон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, хусусан, иқтисоди рақами, энергия сабз ва иқтисоди сабз мебошад.

Вобаста ба ин мушкилоти ва роҳҳои ҳалли он, Пешвои миллат, қайд карданд, ки “Дар баробари ин, зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд”.

Ҷиҳате расидан ба ҳадафҳои мазкур, пеш аз ҳама ҷавонон бояд ба фарзияҳо, назарияҳо ва дар маҷмӯ ба тарбияи иқтисодӣ фаро гирифта шаванд. Тарбияи иқтисодӣ ин тарзи махсуси пойдор намудани тафаккури солими ҷавонон ба ҳисоб меравад. Чунин намуди тарбия барои мавҷудияти шахсият дар соҳаи муайяни фаъолияти ҷамъияти инсонӣ, яъне иқтисодиёт ва иштирокчиёни муносибатҳои бозории муосир новобаста аз синну сол, ҷинс, макони истиқомат ва ғайраҳо вобастагӣ дорад.

Дар шароити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ба таъсири бисёр омилҳо, ба монанди унсурҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва маърифатӣ) фарогир мебошанд, ки таъсири онҳо сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Аз як тараф, ҷавонони давраи муосир бояд ба низоми иқтисодии мавҷудбуда мутобиқ гардида, аз тарафи дигар ба ин низом фаъолона воридшуда, дар ҳаёти хоҷагидорӣ иштирок намоянд.

Мувофиқан, механизмҳои мутобиқсозии ҷавонони муосир бояд дар дараҷаи муайян инкишоф ёфта бошанд. Бо баробари ин норасоии донишҳои иқтисодӣ ба монанди меъёрҳои пойдоргардидаи рафторӣ, мушкилоти тарбияи иқтисодии ҷавононро муҳим арзёбӣ менамояд. Оқибатҳои бартараф накарди чунин мушкилот барои ҷавонон, бевосита ба расидан ба ҳадафҳои гузошташудаи шахсият, дарк карда натавонистани воқеияти аслии иқтисодӣ, мавҷуд набудани манифат ба ҳодисаҳои иқтисодӣ, инъикор намудани қонунҳои иқтисодӣ, номукаммалии манфиатҳои иқтисодӣ, дарк карда натавонистани эҳтиёҷоти зарурии инсон барои зиндагии шоиста, диққат додан ба эҳтиёҷоти дуюминдараҷа, мутобиқи меъёрҳои маънавӣ ва арзишҳои миллӣ ва шаклдигаркунии тафаккури иқтисодӣ ба воситаи сомонаҳои гуногуни интернетӣ, фаъолнокии пасти рафторӣ дар ҳалатҳои вазнини иқтисодӣ, мавҷуд набудани фикрронии мустақил, боварӣ надоштан ба қувваи худ, коста гардидани тафаккури навоварӣ, дарк карда натавонистани мантиқи озодии иқтисодӣ дар фаъолияти касбӣ ва ғайраҳо оварда мерасонад.

Мусаллам аст, ки рафтори нодурусти субъектони иқтисодӣ ба хароҷоти изофагии воситаҳо ва истифодабарии ғайрисамараноки захираҳо оварда мерасонад, ки дар навбати худ ба вайроншавии мутобиқати механизмҳои хоҷагидорӣ, кандашавии алоқаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, номуътадилии макроиқтисодӣ ва дар ниҳоят ба шиддатёбии вазъияти иҷтимоӣ оварда мерасонад.

Тарбияи иқтисодӣ, аз як тараф намуди махсуси тарбияро ифода менамояд, ки барои пешрафти зиндагонӣ дар шароитҳои муайян зарур арзёбӣ карда шуда, аз тарафи дигар, ҳамчун нишондоди тарбияи умумии ҷавонон маҳсуб меёбад.

Ҷавони ботарбия бо рафтор, кирдор ва муносибат бо дигар аъзоёни ҷамъият тавсиф карда мешавад, ки бо сатҳи маданияти ӯ муайян карда мешавад. Дар ҷодаи тарбияи иқтисодӣ бошад, рафтори шахси ботарбия аз қонуниятҳои иқтисодӣ ва риояи онҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ҳамин, азхуд намудани қонунҳои иқтисодӣ ба рафторҳои нодурусти иқтисодӣ сабаб мешавад. Аз рафтори инсоният дар иқтисодиёт натиҷаҳои фаъолияти онҳо ва расидан ба ҳадафҳои муқарраршуда вобастагӣ дорад.

Бинобар ҳамин, фарқияти асосии инсони тарбия иқтисодӣ дошта бо рафтори босаводона ва оқилонаи хоҷагидории он (хариду фурӯш, пардохти андозҳо, пасандозкунӣ ва ғайраҳо) муайян карда мешавад. Чунин хислат ба муносибатҳо бо дигар иштирокчиёни муносибатҳои бозорӣ ва раванди иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад.

Шахсияти аз ҷиҳати иқтисодӣ ботарбия дорои чунин хислатҳо мебошад:

  • асосҳои иқтисодиро дарк мекунад, ки барои азхуд намудани принсипҳои иқтисодӣ ва қабули қарорҳои босаводона мусоидат менамояд;
  • оид ба муҳити атроф ва воқеияти иқтисодӣ тасаввуроти дақиқ дошта, доимо донишҳои худро барои дарки ҳосидаҳои ба миён меомадаи иқтисодӣ такомул медиҳад;
  • стратегияи рафтори иқтисодии худро бо дарназардошти принсипҳои иқтисодӣ модели рафтори иқтисодиро таҳия менамояд;
  • тафаккури муосири иқтисодӣ дорад;
  • қабули қарорҳои мустақилонаро такомул медиҳад;
  • ақидаҳои иқтисодии худро баён карда метавонад;
  • муоширати кориро дар шакли шифоӣ ва хаттӣ доро мебошад;
  • унсурҳои асосии фарҳанги иқтисодиро медонад;
  • моликияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва дигаронро эҳтиром мекунад;
  • барои фаъолияти соҳибкории мустақилона омодагӣ мебинад.

Номгӯи нишонаҳои инсони аз ҷиҳати иқтисодӣ тарбия ёфта асоси табиати тарбияи иқтисодиро ташкил медиҳад. Бо баробари, ин тарбияи иқтисодиро мумкин аст ҳамчун раванд ва ё ҳамчун натиҷа мушоҳида намуд.

Тарбияи иқтисодӣ ҳамчун раванд ин таъсири педагогии дигар шахсиятҳо (волидайн, омӯзгорон, ҷамъият ва дигарон) барои расидан ба ҳадафҳои муқарраршуда мебошад, ки ба ташаккули хислатҳои аҳамияти иқтисодӣ доштаи шахсият мусоидат менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки иқтисодиёт ин илм оид ба чӣ тавр сарватманд шудан набуда, балки илмест, ки истифодабарии оқилонаи захираҳои маҳдудро меомӯзад. Аз ин лиҳоз ба ҷавонони муосир зарур аст, ки кӯшишу ғайрати худро барои донишандӯзӣ, касбомӯзӣ ва инкишофи шахсияти худ равона созанд. Аз паи дарёфти даромади муфт нагардида ва аз хариди смартфонҳои нав ба нав худдорӣ намоянд. Зеро шахсиятро сатҳи даромад ва ё смартфонҳои замонавӣ муқаррар намекунанд. Баръакс шахсияти инсон бо рафтору кирдор, сатҳи дониш, малкаи корӣ, тарзи суханронӣ, эҳтироми дигар аъзоёни ҷамъият, саривақт иҷро намудани вазифаҳои худ, ботамкин ва эҳсонкорӣ муайян карда мешавад. Тарбияи иқтисодӣ ба он равона карда мешавад, ки шахс барои пешбурди тарзи ҳаёти солим бо дарназардошти манфиатҳои на танҳо шахсӣ, инчунин ҷамъиятӣ омода шуда бошад.

Бинобар ҳамин, ҳадафи тарбияи иқтисодӣ ин ташаккул ва мустаҳкамгардонии тарзҳои муайяни рафтори инсон дар низоми иқтисодӣ мебошад, ки дар дониш, меъёрҳои ахлоқӣ ва қонунҳои иқтисодӣ асос ёфтааст. Риоя намудани онҳо ҳаёти инсонро боз ҳам маҳсулноктар гардонида, барои эҷодкорӣ озодиро фароҳам меоварад. Ба равандҳои нави иқтисодиро азхуд намудан, одамон тарзи тафаккури худро дигаргун менамоянд.

Аксар конунҳои иқтисодӣ характери обътекивӣ дошта, хатогиро ба одамон намебахшад. Бинобар ҳамин, аз донишҳои иқтисодии худ ҳатман ақлона истифода бурда, онро ба самти манфиатбахш барои шахс ва ҷамъият равона кардан зарур аст. Дар ин росто азхуд намудани тарбияи интихоби озод, имконияти қабули қарори мустақилона мусоидат менамояд, ки фаъолияти одамонро ташаккул дода, онҳоро мақсаднок мегардонад.

Тарбияи иқтисодӣ ҳамчун натиҷа ин ягонаии тафаккур, принсипҳо, малака, анъанаҳо, урфу одат мебошад, ки дар дониши иқтисодӣ ва маданияти инсон асос ёфтаанд. Тарбияи иқтисодӣ дар рафтори одамон ифода меёбад, ки барои ҳастии самаранок ва мутобиқшавии бе зарар ба шароитҳои зиндагонӣ асос ёфтаанд.

Ҳамин тавр, маълум мегардад, ки натиҷаи тарбияи иқтисодӣ шакли ғайримоддӣ дорад. Бо ҷуҷуди ин, натиҷаи чунин тарбия ба шакли моддӣ мубаддал шуданаш мумкин аст, зеро иқтисодиёт барои ҷамъият неъматҳои моддӣ ва маънавиро меофарад. Бо ибораи дигар, иқтисодиёт ин ҳосилаи ҷаҳони маънавӣ ба ҳисоб меравад, зеро аз эҳтиёҷот ва тафаккури инсон ташаккул ёфтааст.

Инсон бояд ҷаҳони моддиро идора намояд, на баръакс (фетешизми истеъмолӣ, ки нишонаи коҳишёбии фарҳанги иқтисодӣ ва норасогии тарбияи иқтисодӣ бошад).

Ҳиссаи зиёди кӯшишҳои ҷамъият барои таъсиси шароити зарурӣ барои фаъолият, нигоҳдории саломатӣ ва инкишофи мустақилона равона карда шудааст, ки ба инсон барои эҷодкорӣ ва худинкишофдиҳӣ шароит фароҳам меоварад. Бо баробари ин, истеъмоли неъматҳои маънавӣ, ки ба тарбияи иқтсодии ҷавонон таъсир мерасонад, бе инкишофи худи иқтисодиёт ва дастрасии неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, технологияҳои интеллектуалӣ, копютерӣ ва дигарон имконнопазир мебошад.

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки тарбияи иқтисодӣ тарзи махсуси муносибати одамонро на танҳо ба неъматҳои моддӣ, балки ба ҷамъият, ҳодисаҳо, ақидаҳо ва ғайраҳо муайян менамояд. Тарбияи иқтисодӣ дар анъанаҳои нав ва урфу одатҳо асос ёфтааст, ки дар дараҷаи муайян бо гуногуншаклӣ муқаррар карда мешаванд, ки низоми иқтисодии муосир пешкаш менамояд. Натиҷаи иқтисодии тарбияи ҷавонон метавонад ҳамчун рафтори онҳо дар ҷаҳони арзишҳо мушоҳида шавад. Дар натиҷа, тарбияи иқтисодӣ меъёр ва тарзи амалигардонии шахсияти ҷавононро дар соҳаи касбӣ, бизнес ва зиндагонӣ муайян менамояд.

Нишондиҳандаи ниҳоят зарурии ташаккулёбии тарбияи иқтисодӣ ин муносибат ба пул ба ҳисоб меравад, ки дар дарки табиати пул асос ёфтааст. Чунин малака дар истифодабарии пулҳо ба монанди бо меҳнат ба даст овардани онҳо ва харҷи онҳо, бо пул ифода намудани арзиши молҳо ва муайян намудани арзиши худи онҳо, инчунин сарфа намудани онҳо, баргардонидани қарзҳо ва ҳифз намудани даромадҳои пулии худ зарур арзёбӣ карда мешаванд.

Хислати дигари тарбияи иқтисодӣ бевосита аз насл ба насл гузаштани он ба ҳисоб меравад. Зеро хислатҳои чунин тарбия ба хотираҳои наслҳо ва таҷрибаи ҳаётии наздикон такя мекунад, ки ба ҷавонон фаҳмо буда, дар тафаккури онҳо ба воситаи таъсири омӯзгорон мустаҳакам карда мешавад.

Тарбияи иқтисодиро мумкин аст ба воситаи расмӣ ва ғайрирасмӣ такомул дод. Дар ҳама ҳолат ин раванд бевосита ба худтарбиякунии шахсият такя мекунад. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳама шахсиятҳо, аз он ҷумла ҷавонон унсурҳои зарурии таҳсилот ва тарбияро дар шароити тағйирёбии вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба даст меоранд.

Воситаи расмии тарбияи иқтисодӣ ба воситаи низоми таҳсилоти иқтисодӣ амалӣ карда мешавад, ки дар он усули махсус ба дониши сохтори иқтисодӣ, принсипҳои хоҷагидорӣ аз тарафи субъектони хоҷагидории гуногун пойдор мегардад, ки тафаккури хоси иқтисодиро ташаккул дода, модели рафтори иқтисодиро барои муқаррар намудани меъёрҳои рафтор бо дигар аъзоёни ҷамъият таҳия менамояд. Ин самти мақсадноки тарбияи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, зери назорати мутахассисон, олимон ва омӯзгорон татбиқ карда мешавад.

Дар шароити муосир дар ҷодаи тарбияи иқтисодӣ бештар воситаҳои ғайрирасмӣ ба назар мерасанд, ки дар он нақши омӯзгорро васоити ахбори омма, маслиҳатҳои дӯстон, таҷрибаи волидайн иҷро менамоянд.

Тарбияи иқтисодӣ ҳамчун низоми тафаккур ва рағбатҳои рафторӣ бо дарназардошти вазъияти иҷтимоӣ, меъёрҳои муошират, маҷмуи арзишҳо ва ғайраҳо доимо тағйир меёбанд. Айнан ҳамин хислатҳоро ҳангоми таъсиси модели таҳсилоти иқтисодии ҷавонони барои таҳсилот рағбатдошта ба инобат гирифтан зарур аст. Тарбияи иқтисодӣ ҳамчун рағбат барои фаъолият, рафтор мутобиқи принсипҳои азхудшуда баромад мекунад, ки дар низоми таҳсилотӣ ба даст оварда шудааст.

Тарбияи иқтисодӣ ба воситаи маданият қобилияти офаридани барномаҳо ва моделҳои муайяни рафториро, ба монанди муоширати касбӣ, фаъолият дар ҷамъият, фикрронӣ ва принсипҳои ахлоқиро ташаккул дода, самаранокии рӯзгузаронии шахсиятро ифода менамоянд.

Ҷиҳати зарурии тарбияи иқтисодӣ ин тарбияи меҳнатпарастӣ, эҳтироми меҳнати худ ва натиҷаҳои меҳнати аъзоёни ҷамъият ба ҳисоб меравад. Муваффақият дар ин самт дараҷаи дарккунии нақши шахсият, инъикоси сифатҳои кории ӯ, сатҳи ителлект, дониш, асосҳои ахлоқиро фарогир буда, рафтори иқтисодии одамонро арзишманд мегардонад.

Тарбияи иқтисодӣ ин тарз ва воситае мебошад, ки ба воситаи он инсон ҷаҳони иқтисодиро азхуд намуда, онро барои рӯзгузаронии худ мутобиқ месозад. Барои ин амалҳо хароҷоти қувваи интеллектуалӣ зарур мебошад, ки ба ташаккулёбии қобилият ба амалигардонии рафтори самараноки иқтисодӣ мусоидат менамояд, ки ба натиҷа равона карда шудааст. Дар чунин ҳолат тарбияи иқтисодӣ донишҳои назариявиро ба фаъолияти фоидаовар мубаддал месозад.

Тарбияи иқтисодӣ якҷоя бо таҳсилот дар ҳалли мушкилоти афзоишёбии эҳтиёҷоти одамон дар соҳаҳои моддӣ ва маънавӣ ба воситаи азхуд намудани малаки корӣ, қобилияти қабули қарори мустақилона, муносибати одилона ба муҳити атроф ва муқаррар намудани мавқеи худ дар зиндагонӣ иштирок мекунад.

Тарбияи иқтисодии ҷавонон бо худ неъмати арзишмандро ифода мекунад, ки онро доимо бо шакл ва тарзҳои гуногун такрористеҳсол, афзун намудан ва такмил додан лозим мебошад. Мактаби олии муосир бо имкониятҳои педагогӣ ва технологии худ қобилият дорад ин равандро таъмин намояд.

Алиҷонов Ҷ.А. – мудири кафедраи назарияи иқтисодии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, д.и.и., профессор

Бобоев Н.М. – дотсенти кафедраи молия ва андози МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, н.и.и., дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ