Фарҳангшинос, сиёсатмадор, қонунгузор
Ин унвони китоби тоза мебошад, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нашр гардид.
Китоби мазкур ба зиндагинома ва фаъолияти меҳнатии собиқадори хизмати давлатӣ, дотсенти донишгоҳ Нодирҷон Солиҷонов бахшида шудааст.
Дар китоб андешаву мақолаҳои ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ нисбати саҳми арзандаи Нодирҷон Солиҷонов дар инкишофи муассисаҳои фарҳангӣ, иштироки мавсуф дар равандҳои сиёсии мамлакат ва такмилёбии қонунгузории миллӣ зикр гардидааст.
Ҳамчунин, дар асар китобнома – китобшиносии осори илмӣ, публитсистӣ ва оммавии Нодирҷон Солиҷонов гирд оварда шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил