​Консепсияи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ нашр шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Консепсияи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ” нашр шуд. Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ шуд.

Консепсия зери назари ректори донишгоњ профессор Усмонзода Аюб Ислом таҳия шуда, муҳаррири масъули он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдуллоева Меҳриниссо мебошанд.
Мураттибон ҳайати кормандони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти раёсати донишгоҳ - Дадобоева Нодира, Ёқубов Саидқаҳҳор, Ҳусейнова М.В. буда, ҳайати таҳририяро як қатор устодони донишгоҳ - Шаропова Раъно, Камолова М.Ф., Азимова С.Р., ва Юсупова М.И. ташкил медиҳанд.
Мақсади таҳияи Консепсия коркарди системаи ягонаи назорати раванди таҳсилот ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи академӣ, ҷавобгӯ намудани заминаи моддӣ - техникӣ, омодасозии мутахассисони ҷавон, таъсиси ихтисосҳои нав аз рӯи самти забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ ба шумор рафта, баҳодиҳӣ ба ҳолати самаранокии фаъолияти донишгоҳ дар самти иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ доир ба таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили заминаи мавҷудаи таълимию методӣ оид ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин таҳияи маводи нави таълимӣ-дидактикӣ аз рўи сатҳи забондонӣ ва тибқи самти фаъолияти касбии донишҷӯён аз ҳадафҳои меҳварии он дониста мешавад.
Фароҳам овардани шароит барои ташаккули зинаҳои таҳсилоти муттасили бисёрзабонӣ, омода кардани омўзгорони баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади ворид шудан ба фазои байналмилалии коммуникативӣ, таҳия ва тасдиқи барномаҳои таҳсилоти зинадори забономўзӣ дар асоси стандарти байналмилалии омўзиши забонҳо, таълим ва низоми баҳогузории онҳо аз вазифаҳои асосии нашри Консепсияи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ