Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияти кишвар

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки ҷомеаи имрўза дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, амният, адолату якдигарфаҳмӣ зиндагии шоистаеро паси сар карда омада истодааст. Бесабаб нест, ки аксари бузургони адабпажўҳиш зиндагии шоистаро дар амният, оромии мамлакат васулҳу субот ихтисос кардаанд. Маҳз, сулҳу субот, амният, якдигарфаҳмиву ягонагӣ буд, ки имрўз кишвари азизи мо бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф ёфта истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки оила ва ҷомеа аз давраҳои қадим ба машварату маслиҳат ва панду насиҳати бузургсолону пешвоён ниёз доштанд. Гузаштагони мо кўшиш менамуданд, ки ҳар як кори ба нақша гирифтаи худро тавассути маслиҳат ва машварати волидайн ё одамони бузургсол ба сомон расонанд, то ки дар амали онҳо нуқсе вуҷуд надошта бошад. Ин амали неки онҳо буд, ки мо меросбарону ворисон анъанаи неки онҳоро то ба имрўз дар зиндагӣ ва рўзгори хеш мавриди истифода қарор дода истодаем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешво дар ҳар як гузоришу паёмҳо, на танҳо доир ба сиёсати кишвар сухан мекунанд, балки насли наврас ва ҷавонони мамлакатро бо панду насиҳати падарона барои ободии кишвар, амният, сулҳу субот ва гулгулшукуфии он саҳмгузор буданро хотиррасон менамоянд. Мақсади панду насиҳати Сарвари мамлакат ба насли ҷавон аз он иборат аст, ки онҳо истиқлолияти кишвар, ободии ватан, сарсабзии шаҳру деҳот, хуррамии мардуми диёрро дарк карда тавонанд. Ҳамешагӣ онҳо рушди мамлакати имрўзаро бо дигар мамлакатҳо қиёс намоянд ва то нерў дар бадан доранд ба Ватани хеш саҳмгузор бошанд. Албатта саҳмгузории онҳо ин хониши баланд, фарҳанги шоиста, хулқу атвори писандида ва арҷгузорӣ ба обу хоки диёр маҳсуб меёбад.

Дар китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» омадааст: «Сарвари давлат шаҳри Душанберо симои давлату давлатдорӣ ва тимсоли фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозии миллат номида, аҳли пойтахтро ба тозаву озода нигоҳ доштани он ва истифодаи дилсўзона аз чунин мактабҳои замонавӣ ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки аҳли пойтахт дар таҳсили илм, бо одобу ахлоқ, либоспўшии зебои миллӣ ва ҳисси ифтихор аз давлату давлатдории худ бояд барои дигарон аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат бошад»

Дар ҳақиқат, таъкидҳои болоии Пешвои миллат оид ба давлату давлатдорӣ, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, ба макотиб муносибати нек намудан, ахлоқи неку одоби шоиста доштан, аҳамияти махсус додан ба либоспўшӣ, ифтихор кардан аз миллату давлати хеш ва намунаи ибрати дигарон будан амри зарурӣ буда, бояд мо ба пиёда сохтан ва амалӣ гаштани афкори болоӣ камари ҳиммат бандем. Бояд қайд кард, ки имрўз ҷаҳон кишвари азизи моро натанҳо бо зебогиҳои табиати фараҳафзои кишвар, балки бо фарҳангу маданият ва одобу ахлоқи шоистаи таҳсин мешиносад ва эҳтиром менамояд. Панду андарз ва насиҳатҳои Пешвои миллат буд, ки ҷомеаи кишвар рў ба рушду инкишоф ниҳода истодааст ва ин болоравиҳо маҳз бо эҳтимом ва талошҳои Сарвари мамлакат амалӣ гардида истодааст.

Яке аз омилҳои асосии тамаддунофаронаи Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ў такя ба таърихи ниёгон ва фарҳанги бойи халқи тоҷик тавонист ҳамватанонро дар ягонагиву ваҳдат муттаҳид намояд ва ин якдилӣ аз панду насиҳати ҳамарўзаи Пешвои миллат ба вуҷуд омадааст.

Дар китоби «Президент» (3) натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлўи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёдкориву созандагӣ, амнияти кишвар ва сулҳу субот, тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рўҳияи худшиносию миллӣ ва омўзиши амиқи илму техникаи муосир ва ҳамчунин дар самти ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлати Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон инъикос ёфтаанд мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла, дар китоби мавриди назар омадааст: «Сарвари давлат ба тамоми ҳамватанони азизамон, ба ҳар як шахси бонангу номус, некиродаву хайрхоҳ ва ба ҳамаи онҳое, ки нияти дастгирии ин иқдоми хайрро доранд, муроҷиат намуда, бо итминони комил изҳор дошт, ки бо бунёди Роғун мо имрўзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем! Зеро Роғун манбаи ҳамешагии нур буда ва он Тоҷикистонро дар оғўши Шарқӣ куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод. Роғун ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Роғун воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагиии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад».

Муроҷиати Сарвари мамлакат ба ҳамватанон аз он шаҳодат медиҳад, ки на танҳо инсон бидуни рўшноӣ умр ба сар бурда наметавонад, балки дар ин замони рушду тараққиёт аз ҷиҳати иқтисодиву молиявӣ ва фарҳангӣ дар зинаи поёнӣ қарор хоҳад гирифт. Ба шаҳрвандон фаҳмонидани ин иншооти ҳаётан муҳим ҳамчун манбаи ҳамешагӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари мамлакат мехоҳанд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати нерўи барқ ҳамеша таъмин бошад ва мардум зимистонро дар хонаҳои гарму равшан сипарӣ намоянд. Суханҳои мавриди назар муроҷиати самимона аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳисоб рафта, мардуми сарбаланд бо як эҳсосоти ватандўстӣ қабул карданд ва имрўз аз самараи он истифода карда истодаанд.

Яке аз масъалаҳое, ки доғи рўз дар Тоҷикистон аст ин ришавхурӣ, яъне коррупсия маҳсуб меёбад. Аз рўзи аввалини ташкилёбии Истиқлолияти Ҷумҳурӣ дар кишвар масъалаи коррупсия мавриди баррасии Пешвои миллат қарор дошт. Дар яке аз китобҳое, ки «Оғози марҳилави нав» унвон дорад зикр гардидааст: «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коррупсия ва дигар зуҳуроти нангини ҷомеаро аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддии мақомоти судӣ ва дигар сохторҳо маънидод карда, бо онҳо муборизаи беамон бурданро вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як шаҳрванди кишвар номид ва ҳозиринро ба кору фаъолияти софдилона ва хидмати содиқона ба давлату миллати худ ҳидоят намуд» (1, 73)

Чуноне ки дар боло қайд гардид, дар ҳақиқат коррупсия ин як зуҳуроте мебошад, ки аз ҷониби шахс ғайриқонунӣ сурат мегирад. Доир ба роҳ надодан ба ин амали номатлуб Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд ва шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки ба ин кори паст даст назананд ва худ ва пайвандонро ба ҳолати ногувор нагузоранд. Ин суханҳо ҳамчун панду насиҳат ба шаҳрвандон аст вамахсусан ба ҷавонон ҳам рўй оварда ба ин кори носавоб даст назаданро борҳо таъкид кардаанд. Дар ҳақиқат, муроҷиати Сарвари мамлакат оид ба даст назадан ба ин кори нангин дилсўзона мебошад. Барои он ки дар сурати ба коррупсия даст задан ҷавобгарии он гарону вазнин буда, ҳатто инсон аз озодӣ маҳрум мегардад.Аз ин рў, бо муроҷиату гузоришҳо Сарвари мамлакат ҷомеаро аз кори ғайрисавобу нангин огоҳ месозанд ва онҳоро ба кори хайру савоб тарғибу ташвиқ менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сўҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти пешниҳодшуда, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд бо як боварӣ ва эътимод барои бенуқсон адо намудани вазифаи пурмасъулият маслиҳатҳои судманд медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки ояндаи кишвар дар дасти шумо аст ва онро бо як эҳсоси ватандўстиву ватанпарастӣ ҳимоя ва ҳифз намоед.

Соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот бо фаъолони пойтахт ҷаласае доир гардид, ки зимни суханронӣ дар мулоқот Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба писари хеш оид ба бо мардуми одӣ аз наздик сўҳбат кардан, аз зиндагии онҳо бохабар шудан маслиҳат дода аз ҷумла қайд намуданд: «Мардуми мо хеле хайроҳу меҳрубон аст ва барои онҳо на он қадр чизи зиёд - барқи доимӣ, нархҳои начандон баланд ва кори шоиста лозим буда, онҳоро бо ин чизҳо таъмин кун ва мардум туро дастгирӣ хоҳад кард. Ба мардум наздиктар бошу бо онҳо тез-тез вохӯриҳо барпо кун ва на дар чорабиниҳои пуршукӯҳу қасрҳо, балки ба хонаҳои онҳо раву бо коргару хизматчии одӣ сари як дастархон бинишин ва бо ин амалат натанҳо меҳру самимияти онҳоро ба даст меорӣ, балки дарк хоҳӣ кард, ки мардуми одӣ чӣ тавр зиндагонӣ мекунад».

Панду насиҳати падаронаи Пешвои миллат на танҳо ба фарзанди худ Рустами Эмомалӣ тааллуқ дорад, балки муроҷиати Сарвари мамлакат ба дигар мансабдорону амалдорон дарси ибрат бошад, то ки онҳо бо кори нек ва амали шоистаи худ дар мамлакат адолати иҷтимоиро хуб ба роҳ монанд ва барои амният, субот ва таҳкими давлатдорӣ заминаи мусоиде фароҳамоваранд.

Ҳамин тавр, мо бояд шаҳрвандон ва ҷавонони Тоҷикистон ҳамаи нутқу гузоришҳои оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҳамчун панду насиҳат қабул намоем ва барои ягонагӣ, сулҳу субот, амният ва таҳкими давлатдорӣ камари ҳиммат бандем. Тоҷикистон ҳамеша ватани ормонии ҳамаи тоҷикистониён боқӣ хоҳад монд. Мо, шаҳрвандон бояд аз ин миллату кишвари биҳиштосою меҳмоннавоз ва ватандўсту ватанпарвар ифтихор намоем.

Ўзбеков С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ